Дар шаҳри Истанбули Туркия гӯшаи миллии Тоҷикистон ташкил карда шуд
ДУШАНБЕ, 04.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар доираи таҷлили идҳои миллӣ дар Донишгоҳи Гелишими шаҳри Истанбули Ҷумҳурии Туркия бо ташаббуси Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Туркия ва аъзои маҳфили «Ҷавонони дар хориҷа таҳсилдошта»-и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, гӯшаи миллии Тоҷикистон бо шукуҳи хосса ташкил гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар доданд.
Намоишгоҳ бо мақсади муаррифии гуногунрангии фарҳангҳо ва таҳкими дӯстиву ҳамдигарфаҳмии байни миллатҳо баргузор гардид. Дар он донишҷӯёни тоҷикистонии донишгоҳҳои гуногуни Истанбул, устодон, намояндагони Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин дӯстдорони фарҳангу санъати халқҳои гуногун иштирок намуданд.
Гӯшаи миллии Тоҷикистон бо либосҳои миллию анъанавӣ, таомҳои хоси миллӣ, ашёҳои ҳунарҳои дастӣ ва асбобҳои мусиқии суннатии тоҷикӣ оро дода шуда, таваҷҷуҳи зиёди иштирокчиён ва меҳмононро ба худ ҷалб намуд. Ин намоишгоҳ барои шиносоии наздик бо фарҳанг, санъат ва расму ойинҳои миллии тоҷикон заминаи мусоид фароҳам овард.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






