Дар «Шарора» басти якуми истироҳат барои хонандагони ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт оғоз гардид
ДУШАНБЕ, 13.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. 12 июн басти якуми истироҳати хонандагон дар истироҳатгоҳи беруназшаҳрии «Шарора»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ бо фарогирии 180 нафар кӯдакон оғоз гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи маорифи ноҳияи Исмоили Сомонӣ хабар доданд.
Илова ба хонандагони ноҳия, ҳамзамон дар ҳар як баст ба 20 нафар аз тарбиятгирандагони Мактаб-интернати №1-и шаҳри Душанбе барои истироҳату солимгардонӣ роҳхат дода мешавад.
Дар ин истироҳатгоҳ кадрҳои омӯзгорӣ таъмин гардида, чорабиниҳои таълимию тарбиявӣ ва варзишҳои пагоҳирӯзӣ тибқи нақша, дар сатҳи баланд ташкил ва иҷро карда мешаванд.
Ҳолати санитарию эпидемологӣ, сифати мавдои хӯроворӣ ва дигар талаботи мавҷуда пайваста аз ҷониби сохторҳои назоратӣ санҷида мешаванд, то ин ки дар беҳтарин шароит наврасон давраи фароғати худро сипарӣ намоянд.
АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Исмоили Сомонӣ








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






