Дар Турсунзода беш аз 6 ҳазор ҳолати вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ошкор гардид
ДУШАНБЕ, 16.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар панҷ моҳи соли равон дар шаҳри Турсунзода 6 ҳазору 341 ҳолати вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамаи ронандагони қойдавайронкун протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, маблағҳои ҷарима ба буҷети давлат ворид гардиданд.
Тавре нозири калони хадамоти роҳбонии шуъбаи Бозрасии давлатии автомабтилӣ дар шаҳри Турсунзода Шуҳрат Ҳомидзода ба АМИТ «Ховар» иттилоъ дод, аз 6 ҳазору 341 ҳолати вайронкунии қоидаҳои ҳаракат дар роҳ 19 нафар дар ҳолати мастӣ, 1604 нафар барои бо суръати баланд идора намудани воситаҳои нақлиёт, 362 нафар барои риоя накардани аломатҳои роҳ, 45 нафар барои итоат накардан ба талаботи кормандони Бозрасии давлатии автомобилӣ, 235 нафар барои нагузаштан аз муоинаи техникӣ ва 2415 нафар барои надоштани тасмаи бехатарӣ боздошт шуда, мувофиқи талаботи Кодекси ҳуқуқвайронкунии Ҷумҳурии Тоҷикистонанд ҷарима гардиданд.
Дар панҷ моҳи имсол дар натиҷаи беаҳамиятии ронандагон ва бо суръати баланд идора намудани воситаҳои нақлиёт дар ҳудуди шаҳр 4 садамаи нақлиётӣ ба қайд гирифта шудааст, ки дар натиҷаи он 2 нафар ба ҳалокат расида, 12 нафари дигар бо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ дар беморхонаҳо бистарӣ гаштанд.
Ёдовар мешавем, ки бо назардошти афзудани чунин ҳолатҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид карда шуданд, ки онҳо барои пурзӯр намудани ҷавобгарӣ дар ин самт равона гардидаанд. Аз ҷумла, дар Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба моддаҳои ҷудогона, аз ҷумла, моддаҳои 37, 42, 332, 336, 337 ва 342 тағйирот ворид карда шуда, дар онҳо муҳлати аз ҳуқуқи махсус- ҳуқуқи ронандагӣ маҳрум намудан аз ду то даҳ сол зиёд карда шуда, ҷазоҳои пешбинигардида вазнин карда шуданд. Масалан, агар моддаи 332 барои идора намудани воситаҳои нақлиёт дар ҳолати мастӣ танҳо ҷазои маҳрум кардан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиётро ба муҳлати ду сол пешбинӣ намояд, мувофиқи тағйироти нав ҷазо вазнин карда шуда, барои ин кирдор ҷарима ба андозаи зиёда аз сесад нишондиҳанда барои ҳисобҳо ё ҳабси маъмурӣ ба муҳлати понздаҳ шабонарӯз бо маҳрум намудан аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт ба муҳлати панҷ сол таъйин карда шуд.
Дар панҷ моҳи соли равон, кормандони шуъбаи Бозрасии давлатии автомобилии шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Турсунзода 19 нафар ронандагонро дар ҳолати мастӣ боздошт намуданд ва онҳоро бо моддаи 332 барои идора намудани воситаҳои нақлиёт дар ҳолати мастӣ ба муҳлати понздаҳ шабонарӯз боздошт карда, ҳамаи онҳоро ба муҳлати панҷ сол аз ҳуқуқи идораи воситаҳои нақлиёт маҳрум намуданд.
Субҳониддини МАҲМУД,
АМИТ «Ховар»
АКС: АМИТ «Ховар»








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






