Дар вилояти Хатлон тақрибан 179 кг маводи нашъаовар мусодира ва гурӯҳи муташаккили фаромиллии қочоқбарон боздошт гардид
ДУШАНБЕ, 16.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи чорабиниҳои муштараки фаврӣ-ҷустуҷӯии кормандони Гурӯҳи фаврии Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ дар минтақаи Дидбонгоҳи сарҳадии «Панҷоб»-и ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ як ҳолати қочоқи маводи мухаддир дар ҳаҷми махсусан калон пешгирӣ гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Маркази робитаҳои ҷамъиятии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Тавре иттилоъ дода мешавад, дар натиҷаи гузаронидани чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯии кормандони Гурӯҳи фаврии Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ва хизматчиёни ҳарбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, дар минтақаи хизматрасонии Дидбонгоҳи сарҳадии «Панҷоб»-и қисми низомии 0307-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, воқеъ дар ҳудуди Ҷамоати деҳоти Панҷоби ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонии вилояти Хатлон як ҳолати қочоқи маводи мухаддир дар ҳаҷми махсусан калон аз Афғонистон ба Тоҷикистон, аз ҷониби гурӯҳи муташаккили фаромиллии нашъаҷалоб аз ҳисоби шаҳрвандони Тоҷикистон ва Афғонистон ошкор ва пешгирӣ гардид.
Зимни чорабинӣ аъзои гурӯҳи нашъаҷалоб шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Бобоҷони Абдулҳақ, соли таваллудаш 1991, зодаи деҳаи Обшорони Ҷамоати деҳоти Саидқул Турдиеви ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе, дар минтақаи болозикр боздошт гардид.
Ҳангоми азназаргузаронии автомашинаи номбурда тамғаи «BYD»-и ширкати мусофиркашонии «3333», рақами қайди давлатиаш 4831ТТ09, рангаш сабз, аз дохили он 139 адад бастаи маводи нашъовар дарёфт ва мусодира карда шуд. Ҳамзамон, дар идомаи чорабиниҳои фаврӣ-ҷустуҷӯӣ дар минтақаи мазкур 41 адад бастаи дигари маводи мухаддир дарёфт ва мусодира гардид.
Дар рафти бозпурсии Бобоҷони Абдулҳақ муайян карда шуд, ки номбурда ин миқдор маводи мухаддирро аз қочоқбарои афғон ба маблағи 20 000 доллари амрикоӣ дастрас намуда, мақсад доштааст тавассути ҳаммаслакони ҷиноятии худ онро ба шаҳри Душанбе, вилояти Суғд ва баъдан ба хориҷи кишвар интиқол диҳад.
Дар доираи идомаи чорабиниҳои фаврӣ-тафтишотӣ, ҳаммаслакони ҷиноятии Бобоҷони Абдулҳақ — шаҳрванди Афғонистон Акбари Ҳиҷрат Акбар, соли таваллудаш 1994, зодаи шаҳри Кобули ҶИА, истиқоматкунандаи шаҳри Ваҳдат, кӯчаи “20-солагии Истиқлолият”, бинои 42А, хонаи 7, ва шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон Қосимзода Сафаралӣ Раҳмоналӣ, соли таваллудаш 1989, зодаи деҳаи Ёли Ҷамоати деҳоти Нуриддин Маҳмудови ноҳияи Шамсиддин Шоҳин, истиқоматкунандаи маҳаллаи Гулбуттаи ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, Иброҳимов Раҳмоналӣ Сайдалиевич, соли таваллудаш 1974, зода ва истиқоматкунандаи ноҳияи М.С.А.Ҳамадонӣ, Ҷамоати шаҳраки Москва, кӯчаи С.Шерозӣ ва Назиров Диловар Сулаймонович, соли таваллудаш 1989, зодаи деҳаи Ёли Ҷамоати деҳоти Нуриддин Маҳмудови ноҳияи Шамсиддини Шоҳин, истиқоматкунандаи шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд муайян гардида, дар ҳудуди шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанди вилояти Суғд боздошт шуданд.
Пас аз дастрас намудани маблағи 20 ҳазор доллари амрикоӣ Қосимзода Сафаралӣ тибқи маслиҳати пешакӣ бо Бобоҷони Абдулҳақ, ин маблағро бо мақсади интиқол додан ба қочоқчиёни Афғонистон, дар шаҳри Душанбе ба шаҳрванди Афғонистон Акбари Ҳиҷрат Акбар додааст.
Тибқи хулосаи шуъбаи экспертизаи судии Раёсати Агентии назорати маводи нашъадори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазни умумии маводи мухаддири дарёфтшуда 178 килограмму 845 граммро ташкил дода, аз он 148 килограмму 129 грамм воситаи нашъадори навъи “ҳашиш” ва 30 килограмму 333 грамм воситаи нашъаовари “афюн” мебошад.
Бояд гуфт, ки ҷиноятҳои алоқаманд ба қочоқи маводи мухаддир ба амният ва суботи комил, оромиву осудагии ҷомеа ва саломатии ҳар як фарди ҷомеа хатари рӯирост доранд.
Ҳамасола дар натиҷаи роҳандозии фаъолияти густурдаи кормандони сохторҳои ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ, аз ҷумла Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, аз муомилоти ғайриқонунӣ миқдори зиёди маводи нашъаовар мусодира гардида, интиқолу паҳншавии минбаъдаи он дар қаламрави дигар кишварҳои минтақа ва ҷаҳон пешгирӣ карда мешавад.
Ҳамин аст, ки имрӯз масъалаи мубориза бо маводи мухаддир бояд ҳамчун мубориза барои наҷоти фарҳангу ҳувият, асолати миллӣ ва ояндаи ҳар миллат дониста шуда, ҳеҷ фарди солимақлу бофарҳанг аз иштироку саҳмгузарӣ дар пешгирии қочоқ, муомилот ва паҳнсозӣ маводи нашъадор худро дар канор нагирад. Кумаки беғаразонаи хешро ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати аз байн бурдани омилони ҷинояткор ва дар маҷмӯъ решакан сохтани ҳамагуна намудҳои ҷинояткорӣ дареғ надорад.








ҚОИДАҲОИ БЕХАТАРӢ АЗ СӮХТОРРО РИОЯ НАМОЕД! Дар Тоҷикистон беш аз 900 ҳодисаи сӯхтор ба қайд гирифта шудааст
Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар Тоҷикистон 98 фоиз иҷро гардид
Милитсияи пойтахт дар муассисаҳои таълимӣ 115 ҳолати истеъмоли чилим ва сигорҳои электрониро ошкор намуд
Нисбат ба беш аз 1300 волидайн барои бемасъулиятӣ дар тарбияи фарзанд санади маъмурӣ тартиб дода шуд
Ба ноҳияи Лахш як экскаватор ва як мошини пуриқтидори сӯхторхомӯшкунӣ ворид карда шуд
Мулоқоти Президенти Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ бо Вазири мудофиаи Тоҷикистон Эмомалӣ Собирзода дар Исломобод
Дар Остона Ҷаласаи XXIII Комиссияи байнидавлатии ҳамкории ҳарбӣ-иқтисодии СААД баргузор гардид
Дар Исломобод мулоқоти Вазири мудофиаи Тоҷикистон бо раиси Кумитаи муштараки сардорони ситодҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Покистон баргузор гардид
Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар Тоҷикистон қариб 96 фоиз иҷро гардид
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Фархор ва Кӯшониён бинои шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ ба истифода дода шуд
Дар ноҳияи Рӯдакӣ бинои нави милитсияи деҳоти Зайнабобод ба истифода дода шуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Самаранокии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ аз сатҳи дониш, касбият ва забондонии кормандон вобаста аст»






