Дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-18) барандаи медалҳои биринҷии Чемпионати CAFA-2025 шуд

Июнь 17, 2025 09:16

ДУШАНБЕ, 17.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дастаи мунтахаби ҷавонони то 18-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар бозӣ барои ҷойи сеюм бар тими ҷавонони Узбекистон пирӯз шуда, барандаи медалҳои биринҷии Чемпионати Ассотсиатсияи футболи Осиёи Марказӣ (CAFA U-20) гардид.

Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар медиҳад, ин бозӣ  16 июн дар варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-и шаҳри Турсунзода баргузор шуда, 3500 тамошобинро ҷамъ овард. Вақти асосии  рақобат мусовӣ — 1:1 анҷом ёфта, дар силсилаи пеналти бозингарони мо муваффақ гардиданд — 4:2.

Бозии ниҳоии мусобиқаи CAFA-2025 байни  тимҳои миллии Қирғизистону Эрон 17 июн дар Варзишгоҳи марказии Ҳисор баргузор шуда,  соати 19:00 оғоз мешавад.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

Июнь 17, 2025 09:16

Хабарҳои дигари ин бахш

БОЗИҲОИ СОҲИЛИИ ОСИЁ-2026. Шаҳри Саняи Чин мизбони бозиҳо мегардад
Дастаи олимпии то 23-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар мусобиқаи байналмилалӣ дар Ҳиндустон иштирок менамояд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Ҳайати дастаи мунтахаби Тоҷикистон барои бозии ниҳоӣ бо дастаи яккачини Филиппин муайян шуд
ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд