Дастаи мунтахаби Тоҷикистон аз Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо-2025 бо се медали таърихӣ баргашт
ДУШАНБЕ, 21.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. 21 июн дастаи мунтахаби Тоҷикистон, ки дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо — 2025 таърихсозӣ намуданд, бо 3 медал ба Ватан баргашт. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Варзишгарон ва мураббиёни онҳоро дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе роҳбарияти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе, ҳайати масъулини мактабҳои варзишии ҷумҳуриявӣ ва федератсияҳои варзишӣ, донишҷӯён ва дӯстдорону мухлисони варзиш гарму самимӣ ва бо суруру шодмонӣ истиқбол гирифтанд.
Тоҷикистон дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо — 2025 бо 3 медали таърихӣ байни 93 давлати иштирокчӣ мақоми ҳафтумро ишғол намуд, ки ин маротибаи аввал дар таърихи ҷудои мамлакат мебошад.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқаи ҷаҳонӣ 9 варзишгар — Меҳрзод Суфиев (60 кг) Эмомалӣ Нуралӣ ва Обид Ҷебов (-66 кг), Абубакр Шеров ва Беҳрӯз Хоҷазода (-73 кг), Сомон Маҳмадбеков (-81 кг), Ҷаҳонгир Маҷидов ва Кароматулло Ҳакимов (-100 кг) ва Темур Раҳимов (+100 кг) намояндагӣ карданд.
Аз байни онҳо Эмомалӣ Нуралӣ (дар вазни -66 кг) медали нуқра, Обид Ҷебов (дар вазни -66 кг) медали биринҷӣ ва Темур Раҳимов (дар вазни +100 кг) медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо-2025-ро ба даст оварданд.
Бояд гуфт, ки то ин мусобиқа ҷудокорони Тоҷикистон тайи солҳои соҳибистиқлолӣ аз Чемпионати ҷаҳон ҳамагӣ ду медали биринҷӣ доштанд, ки онҳоро Расул Боқиев (2007) ва Сомон Маҳмадбеков (2024) ба даст оварда буданд.
Дар Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо – 2025 ҷудокорони тоҷик аз худ маҳорати баланди варзишӣ нишон дода, бо ба даст овардани 3 медали қаҳрамонии ҷудо ин шумораро ба 5 адад расониданд, ки беназир аст.
Ёдовар мешавем, ки Чемпионати ҷаҳон оид ба ҷудо -2025 аз 13 то 20 июн дар шаҳри Будапешти давлати Маҷористон баргузор шуд. Дар он 556 варзишгар (294 мард ва 262 зан) аз 93 кишвари 6 қораи олам иштирок намуданд.
АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши нахди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








ЧЕМПИОНАТИ ОСИЁ ОИД БА ГӮШТИНИ ҶУДО. Дар он 13 варзишгари Тоҷикистон иштирок менамоянд
ҶОМИ ОСИЁ-2027. Дастаи мунтахаби Тоҷикистон омодагиро ба бозӣ ба муқобили дастаи яккачини Филиппин оғоз мекунад
Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Хоруғ мусобиқаи гӯштини миллӣ доир мегардад
Дар «Tbilisi Grand Slam- 2026» оид ба гӯштини ҷудо аз Тоҷикистон ҳафт варзишгар иштирок менамояд
Дар Данғара бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Дастаи мунтахаби то 16-солаи Тоҷикистон оид ба футбол дар чемпионати CAFA-2026 иштирок мекунад
Дар Душанбе қуръакашии тақвими Лигаи якуми Тоҷикистон-2026 оид ба футбол баргузор шуд
Варзишгари тоҷик дар Мусобиқаи байналмилалии «Ҷоми қавитанҳо» соҳиби медали тилло гардид
ФУТБОЛ. Наврӯз Воҳидов ва Фаридун Маҳмадиев аз ҳаққи доварӣ маҳрум карда шуданд
Варзишгари тоҷик Махсатулло Муъминов дар мусобиқаи байналмилалии каратэ-до дар Русия соҳиби медали тилло гардид
Дар Душанбе бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз Мусобиқаи гӯштини миллӣ (гӯштингирӣ) доир мешавад
Parimatch Tajikistan ва дастаи футболи «Истаравшан» ҳамкории муштаракро оғоз карданд






