Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тараннуми Ватан» баргузор мегардад

Июнь 11, 2025 11:19

ДУШАНБЕ, 11.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бахшида ба 34-солагии Истиқлоли давлатӣ бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тараннуми Ватан» баргузор мегардад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш хабар доданд.

Даври сеюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тараннуми Ватан» аз рӯи ду синну сол — қироати шеър байни наврасони то 14-сола ва аз 14-сола боло баргузор мегардад.

Мақсад аз баргузории озмун боло бурдани ҳисси худшиносии сокинон, тарғиб ва тарбияи эҳсоси ватандӯстӣ дар замири ҳар як фарди мамлакат, ҳифзи якпорчагии марзу бум, ваҳдати сартосарӣ, ифтихор аз Истиқлоли давлатӣ ва дарёфту ҳавасманд намудани истеъдодҳои наврасу ҷавон мебошад.

Иштирокчиёни озмун метавонанд бо истифода аз дастгоҳҳои муосири наворбардорӣ шеър ё таронаеро дар васфи Ватан замзама намуда, онро ирсол намоянд. Маводҳои ирсолнамудаи иштирокчиён дар гурӯҳи фейсбукӣ ва ютубии рӯзномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» – и Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш ҷой дода мешавад.

Озмун аз 10 июн то 1 сентябр доир гардида, дар арафаи ҷашни Истиқлоли давлатӣ  ҷамъбаст мегардад.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 11, 2025 11:19

Хабарҳои дигари ин бахш

200 зани ҳунарманд ва соҳибкори Тоҷикистон соҳиби гранти президентӣ мегардад
Таъсиси Шурои роҳбарони мақомоти иҷрои маҷбурии кишварҳои аъзои ИДМ баррасӣ шуд
Ҷашни Наврӯз дар Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа таҷлил карда шуд
ГИЁҲҲОИ БАҲОРӢ. Истеъмоли ин растаниҳо дар бадани инсон ба сифати маводи зиддисироятӣ хизмат менамояд
Дар доираи дуюмин Фестивали ҷаҳонии ҷавонон барномаи фарҳангии «Шоми дӯстӣ» баргузор гардид
Дар Тоҷикистон Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ идома дорад
Сокинони ноҳияи Мастчоҳ ҷашни Наврӯзро бо тантана истиқбол гирифтанд
23 МАРТ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ОБУҲАВОШИНОСӢ. Ҳавошиносони Тоҷикистон барои пешгӯии боду ҳаво аз моделҳои пешрафта истифода мебаранд
Эмомалӣ Раҳмон: «Сиву панҷ сол барои таърих лаҳзаест, вале барои миллати тоҷик давраи сарнавиштсоз ба ҳисоб меравад»
Дар роҳи Душанбе – Чаноқ бинобар корҳои профилактикӣ пардохти ғайринақдӣ муваққатан қатъ мешавад
Фестивали дуюми ҷаҳонии «Наврӯзи ҷавонон» ва Форуми ҷавонони давлатҳои аъзои СҲШ оғоз мегардад
ИМРӮЗ ДАР ТОҶИКИСТОН НАВРӮЗ ФАРО МЕРАСАД! Он оғози баҳор, рамзи тавозун ва низоми дақиқи коинот ба шумор меравад