Доир ба мавзуи навсозии сиёсати иҷтимоӣ дар Тоҷикистон конференсияи байналмилалӣ баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 01.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мавзуи «Навсозии сиёсати иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон: таҷрибаи байналмилалӣ ва хусусияти миллӣ» конференсияи байналмилалии илмӣ-амалӣ баргузор шуд, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба академия.
Дар конференсия намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои байналмилалӣ, пажуҳишгоҳҳои илмӣ ва муассисаҳои таҳсилоти олӣ аз Тоҷикистон, Федератсияи Русия, Беларус, Озарбойҷон, Амрико, Қирғизистон ва дигар давлатҳо иштирок намуданд.
Иштирокдорон дар бораи равандҳои сиёсати иҷтимоӣ, нақши таҳсили калонсолон, ҳифзи иҷтимоии кӯдакон, рушди иқтисоди рақамӣ ва дигар паҳлуҳои муҳим сухан намуданд.
Дар бахшҳои дигари конференсия масъалаҳои мубрами рушди устувори иҷтимоӣ, ҳамкории минтақавӣ, нақши занон, ҷавонон ва маориф дар раванди сиёсати иҷтимоӣ мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.
Конференсия ҳамчун заминаи муҳими табодули дониш ва таҷриба ба баҳсҳои созанда ва ташаккули пешниҳодҳои амалӣ барои такмили сиёсати иҷтимоии ҷумҳурӣ мусоидат намуд.
АКС: Академияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






