Фаъолияти иҷтимоӣ ва фарҳангӣ яке аз воситаҳои муассири таҳкими ваҳдати миллӣ мебошад

Июнь 27, 2025 14:30

ДУШАНБЕ, 27.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазифаҳои муҳими олимони ҷомеашиносу гуманитариро чунин муайян намудаанд: «Вобаста ба вазъи имрӯзаи ҷаҳон, ки ба он буҳронҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангиву ахлоқӣ таъсир мерасонанд, олимони ҷомеашиноси мо бояд дастовардҳои таърихии халқамонро бештар тарғиб намоянд ва таҳқиқоташонро ба тақвияти пояҳои давлату давлатдории миллиамон ҳамчун омили муҳимтарини ҳифз ва таҳкими истиқлолияти давлатӣ равона созанд».

Дар ин замина, нақши фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангӣ дар таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ бузург арзёбӣ мегардад. Аз ибтидои рушди худ, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои рушди фарҳанги миллӣ ва истифодаи арзишҳои он дар таҳкими ваҳдати миллӣ ва иқтидори иҷтимоию иқтисодии давлатдории миллӣ таваҷҷуҳи хосса зоҳир менамояд.

Таърих гувоҳ аст, ки ҷанги таҳмилии шаҳрвандии солҳои 90-уми асри гузашта ба фарҳанг ва сохтори ҷомеа зарбаи ҷиддӣ расонд. Таҷрибаи талхи он солҳо, ки боиси коста гардидани робитаҳои фарҳангӣ ва зоҳир шудани зуҳуроти миллатгароиву маҳалгароӣ гардид, зарурати таҳкими муносибатҳои фарҳангӣ ва таҳаммулгароиро дар дохили кишвар ба миён овард. Фарҳанги миллӣ чун омили муттаҳидсозанда ба мустаҳкамсозии дӯстӣ ва ҳамбастагии халқу миллатҳои сокини ҷумҳурӣ мусоидат кард.

Дар яке аз Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин таъкид гардида буд: «Фарҳанг ҷавҳари ҳастии миллат буда, дар ташаккулу такомули маънавии ҷомеа ва таҳкими андешаи миллӣ нақши ҳалкунанда дорад».

Таҳкими ваҳдати миллӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз ба шарофати фарҳанги ғании миллӣ, анъанаҳои деринаи инсонпарварӣ ва сиёсати хирадмандонаи роҳбарияти давлат таъмин гардидааст. Кормандони соҳаи фарҳанг ва санъат дар ин раванд саҳми назаррас гузошта, бо барномаҳои пурмуҳтаво, консертҳо, чорабиниҳои таълимиву фарҳангӣ ва филмҳои мустанад дар ташаккули ҷаҳонбинии ваҳдатофаронаи мардум нақши муассир бозиданд.

Дар шароити ҷаҳонишавӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва муқовимат бо фарҳангҳои бегона аҳамияти афзун мегирад. Пешвои миллат пайваста ба масъалаҳои ҳифзи забон, анъана ва ҳувияти миллӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дуршавӣ аз фарҳанги аслӣ ва гароиш ба суннатҳои бегона, аз ҷумла дар либоспӯшӣ ва тафаккурро хатар ба асолати миллӣ мешуморанд. Роҳҳои пешгирии ин равандҳо аз боло бурдани сатҳи маърифати фарҳангӣ, тарбияи зеҳнии ҷомеа ва баланд бардоштани масъулияти волидайн дар назди насли наврас вобаста аст.

Марказҳои фарҳангӣ дар таҳкими ваҳдати миллӣ, дӯстии байни наврасон ва ҷавонон, рушди худшиносиву худогоҳӣ ва ҷалби насли нав ба омӯзиши арзишҳои миллӣ нақши калидӣ мебозанд. Фарҳанги миллӣ дар ҳар сатҳе, ки рушд кунад, намунаи фарҳанги умумибашарӣ буда, метавонад ба шаклгирии шуури умумии инсоният ва ваҳдати миллӣ мусоидат намояд.

Ҳамзамон, баргузории чорабиниҳои муштараки фарҳангии минтақаҳо, рӯзҳои фарҳанги вилоятҳо дар дигар гӯшаву канори кишвар, фестивалу озмунҳои ҷумҳуриявӣ ва маҳфилҳои ҳунарии байниноҳиявӣ ба ташаккули фарҳанги ягонаи миллӣ мусоидат менамоянд. Чунин тадбирҳо имконият медиҳанд, ки сокинони минтақаҳои гуногун аз арзишҳои фарҳангии якдигар бархӯрдор шуда, ҳисси мансубият ба як давлату як миллатро бештар дарк намоянд.

Пас аз ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олӣ тавассути фанҳои гуманитарӣ ва чорабиниҳои тарбиявию фарҳангӣ идеяҳои сулҳу ваҳдатро ба донишҷӯён омӯзонида, онҳоро ба тарғибгарони ваҳдати миллӣ табдил доданд. Ин раванд тавассути маҳфилҳо, барномаҳои эҷодӣ, конфронсу симпозиумҳо ва дигар чорабиниҳо тақвият ёфт.

Таҷрибаи 35-солаи даврони истиқлолият собит сохт, ки фаъолияти иҷтимоӣ-фарҳангӣ метавонад пояҳои ваҳдати миллӣ ва давлатдории миллиро таҳким бахшад. Маҳз дар асоси фарҳанги асили миллӣ ва робитаҳои устувори иҷтимоӣ аст, ки ваҳдати миллӣ дар кишвар пойдору устувор боқӣ мемонад. Чунонки Пешвои миллат таъкид медоранд: «Ҳифзи истиқлолу озодии Ватан, густариши худогоҳиву худшиносии миллӣ, ватанпарастиву эҳтиром ба муқаддасоти миллӣ бояд вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди бонангу номус бошад».

Таҳкими ваҳдати миллӣ вазифаи умумидавлатӣ ва иҷтимоӣ аст, ки бояд дар тамоми самтҳои ҳаёти сиёсиву фарҳангӣ, тарбиявию маърифатӣ амалӣ гардад. Ин вазифаи муҳимро на танҳо мақомоти давлатӣ, балки ҷомеаи шаҳрвандӣ, васоити ахбори умум, муассисаҳои таълимӣ ва ҳар як шахси бедордилу ватандӯст бояд пайгирона иҷро намояд.

Абдусаттор РАҲМОНЗОДА,
Мудири кафедраи технологияҳои иҷтимоӣ-фарҳангӣ ва сайёҳии
Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон ба номи Мирзо Турсунзода,
номзади илмҳои педагогӣ, дотсент

Июнь 27, 2025 14:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Истиқлоли Тоҷикистон ҳамоиши кормандони соҳаи таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ доир шуд
ТАНТАНАҲОИ ҶАШНИ ИСТИҚЛОЛИЯТ. Дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат барномаҳои фарҳангӣ доир мегарданд
«МегаФон Life» – доимо дар алоқа, ҳатто вақте ки паёмрасонҳои муқаррарӣ дастнорасанд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 36 дараҷа гарм мешавад
Дар хоҷагиҳои кишоварзии Ҳисор маъракаи пахтачинӣ оғоз гардид
Дар Иссиқкӯл Бозиҳои XXIV байналмилалии варзишии кишварҳои ИДМ ва СҲШ баргузор мешаванд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 38 дараҷа гарм мешавад
Дар Мастчоҳ вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагон бо интихобкунандагон доир шуд
Мутахассисони алоқа «таҳаввулоти рақамӣ» пешбинӣ менамоянд
Олимони тоҷик аз қитъаҳои заминҳои таҷрибавӣ дар Яғноб ҳосили хуб гирифтанд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Бӯстон бахшида ба соли нави таҳсил ҳамоиш доир шуд