Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ҳаёти 16 нафарро ҳангоми ғарқшавӣ аз марг наҷот доданд

Июнь 24, 2025 13:50

ДУШАНБЕ, 24.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар панҷ моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ 57 ҳолати ғарқшавӣ ба қайд гирифта шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 7 ҳолат зиёд мебошад. Дар мавсими имсолаи оббозӣ, кормандони кумита ҳаёти 16 нафарро ҳангоми ғарқшавӣ аз марг наҷот доданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Тавре сардори шуъбаи кор бо ҷомеаи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ Ориф Нозимиён ба АМИТ «Ховар» изҳор дошт, сарфи назар аз санҷишҳои мунтазам, тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ ва суҳбату вохӯриҳо бо аҳолӣ аз ҷониби кормандони Кумита ва тарғибу ташвиқот тавассути воситаҳои ахбори омма ҳанӯз ҳам ҳолатҳоти ғарқшавӣ дар обҳои мамлакат ба мушоҳида мерасад».

Аз ин рӯ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сокинону меҳмонони ҷумҳурӣ хоҳиш менамояд, ки ҳангоми оббозӣ қоидаҳои бехатариро риоя намуда, танҳо дар ҷойҳои муайяншуда ба шиноварӣ машғул шаванд.

Ҳамчунин Кумита волидонро огоҳ менамояд, ки фарзандони худро ҳангоми ҳузур доштан дар лаби дарёву кӯлҳо беназорат нагузоранд. Хусусан, имрӯзҳо, ки наврасон дар таътили тобистона қарор доранду бо гарм шудани ҳаво майли зиёд ба оббозӣ доранд, волидон ва масъулин уҳдадоранд, ки баҳри пешгирии чунин ҳолатҳои нохуш тадбирҳои судманд андешанд.

Ба гуфтаи Ориф Нозимиён, аз ҷониби Кумита дар дарёҳои пуртуғён, ки оббозӣ дар онҳо иҷозат дода намешавад, бо истифода аз ғаввосон ва наҷотбахшони касбӣ навбатдории шабонарӯзӣ ба роҳ монда шудааст.

Ҳамчунин масъулин пайваста таъкид менамоянд, ки шаҳрвандон ҳангоми оббозӣ дар обанборҳо, кӯлҳо ва каналу дарёҳо талаботи бехатариро пурра риоя кунанд.

«Дар ҷойҳои манъшуда ба дохили об даромадан мумкин нест. Агар оббозӣ карда натавонед, беҳтараш кӯшиши ба об даромадан накунед. Зеро муддати ғарқшавӣ ниҳоят кӯтоҳ буда, то расидани наҷотдиҳандагон эҳтмоли ҳалок шудан имконпазир аст. Агар бо аҳли оила ба соҳил рафтед, ҳатман ба кӯдакон тартиби рафторро омӯзонед ва онҳоро лаҳзае беназорат нагузоред»,-таъкид намуд ҳамсуҳбати мо.

Мусаллам аст, ки бо фаро расидани таътили тобистона кӯдакону наврасон бештари вақти худро дар лаби рӯдхонаҳо, ҳавзҳои табию сунъӣ мегузаронанд. Аксари онҳо қоидаҳои дурусти оббозӣ карданро намедонанд, аз ин рӯ ҳодисаҳои нохуш зиёд ба амал меоянд.

Мутахассисони соҳа тавсия медиҳанд, ки бояд дар мавзеъҳои махсуси шиноварӣ оббозӣ намуд. Дар ҳолати сархушӣ, шабона, дар мавзеъҳои ношинос, ҳавзҳое, ки обҳои зеризаминӣ доранд, оббозӣ кардан мумкин нест. Кӯдаконро дар мавзеъҳои оббозӣ беназорат гузоштан ва дар матрасҳои резинӣ, камераҳои автомобилӣ ва зарфҳои пластикӣ оббозӣ кардан манъ аст.

Инчунин оббозӣ дар ҳолати мастӣ ва нӯшидани машруботи спиртӣ иҷозат дода намешавад, зеро метавонад боиси ҳалокати одамон гардад. Пеш аз оббозӣ ҳатман бояд истироҳат кард. Оббози хасташуда бояд дар хотир дошта бошад, ки ҳолати мувофиқ барои истироҳат дар дохили об ҳолати «хобидан ба пушт» мебошад.

Ҳамзамон аз ҷойҳои нишонгузоришуда дур рафтан тавсия дода намешавад.

Дар дарёчаҳо, кӯлҳо ва маконҳои ношинос ба об паридан ниҳоят хатарнок аст, зеро хавфи бархӯрди сар ба сангҳо ва дигар ашёи қаъри об вуҷуд дорад, ки боиси шикастани гардан, аз ҳушравӣ ё фавт шуда метавонад. Ҳангоми бозӣ дар дохили об аз даст ва ё пои ҳамдигар доштан тавсия дода намешавад. Ба шахсони малакаи шиноварӣ надошта танҳо дар ҷойҳои махсуси муқарраршуда ва ҷиҳозонида оббозӣ кардан иҷозат дода мешавад.

Донистани қоидаҳои оббозӣ ва дуруст риоя намудани онҳо метавонад пеши роҳи ғарқшавӣ ва оқибатҳои ногуворро гирад.

Ёдовар мешавем, ки ҳар сол бо оғози мавсими оббозӣ Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ сокинону меҳмононро ба эҳтиёткорӣ даъват мекунад ва қоидаҳою пайомадҳои шиновариро ёдрас менамояд. Кумита ҳамчунин мавзеъҳои махсуси шиновариро пешниҳод менамояд, ки оббозӣ дар он маконҳо бехатар ва таҳти назорат аст.

Моҳинави Наврӯз,
АМИТ «Ховар»

АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 24, 2025 13:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Ҳисор дар мавзуи муқовимат ба коррупсия конфронси илмӣ доир гардид
Ҷалби ташкилоти хориҷӣ ба Форуми байналмилалии «Dushanbe Invest 2025» баррасӣ гардид
«МегаФон Life»: осонтар, зудтар ва муносибтар аст
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда шуда, сар задани селҳои пиряхӣ аз эҳтимол дур нест
Беш аз 50 хонаводаи маҳаллаи Деҳқонободи ноҳияи Мастчоҳ бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд
Лоиҳаи Харитаи роҳ доир ба татбиқи ташаббусҳо дар самти «Ояндабинии Осиёи Марказӣ– 2050» муаррифӣ шуд
Дар ноҳияи Ашт соҳилҳои рӯди маҳаллӣ мустаҳкам карда мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 август, сешанбе, 224-умин рӯзи соли 2025 аст
Барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ омӯзиши забони олмонӣ оғоз меёбад