Лукас Эринсон аз Канада: «Дар Тоҷикистон дар як рӯз чор фасли солро мушоҳида намудам»
ДУШАНБЕ, 01.06.2025. /АМИТ «Ховар»/ – Яке аз меҳмонони Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, шаҳрванди Канада ва иштирокдори «Эко-пойга барои пиряхҳо» («Eco-Run For Glacier») Лукас Эринсон пас аз боздид аз Маҷмааи лижаронии «Сафеддара» дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» Зарангези Латиф иброз дошт, ки дар Тоҷикистон дар як рӯз чор фасли солро мушоҳида намуд.
«Дар ин сарзамин тавонистем, дар як рӯз чор фасли сол – баҳор, тобистон, тирамоҳ ва зимистонро мушоҳида намоем. Ин як таҷрибаи беназир буд. Бовар дорам, ки Тоҷикистонро боз хоҳам дид ва ҳатман дӯстонамро барои боздид аз ин кишвари афсонавӣ ташвиқ мекунам», – изҳори таассурот намуд ӯ.
Меҳмонони дигар бо роҳи танобӣ ба баландии 3020 метр аз сатҳи баҳр баромада, дар муҳити табиии барфпӯшу офтобӣ аксҳои хотиравӣ гирифта, аз манзараҳои зебои кӯҳистон баҳра бурданд.
Онҳо таъкид карданд, ки нияти бозгашт ба ин макони дилфиребро дар фасли зимистон низ доранд.
Ёдовар мешавем, ки Маҷмааи лижаронии «Сафеддара», воқеъ дар 50-километрии пойтахт, яке аз марказҳои муҳими варзишию сайёҳии Тоҷикистон ба шумор рафта, бо инфрасохтори замонавӣ ва табиати нотакрор сайёҳони дохиливу хориҷиро ба худ ҷалб менамояд.
АКС: АМИТ «Ховар»








Рустами Эмомалӣ бо Ненад Лалович мулоқот намуданд
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад






