МЕГАФОН ТОҶИКИСТОН: Кӯдаконро дар тобистон бо чӣ метавон банд кард?

Июнь 17, 2025 09:30

ДУШАНБЕ, 17.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Таътили тӯлонии тобистона муддати истироҳату вохӯриҳо бо дӯстон, хурсандӣ ва шӯхию бозиҳост. Лекин ин моҳҳоро метавон боз ҳам ҷолибтар ва аз ҳама муҳим, бо фоида барои инкишофи зеҳн гузаронид. Дар ин ҷода портали content.megafon.tj воситаи беҳтарини ёрирасон аст, ки дар он манбаъҳо барои тамоми синну сол ҷамъ оварда шудаанд. Пешниҳодҳои «МегаФон Тоҷикистон»-ро барои хонандагон дар ин мавод дида мебароем.

 «Mega Kids»: барои аз ҳама хурдсолон

Ин чист? Ин платформаи махсуси кӯдаконаест, ки дар он филмҳои тасвирӣ, афсонаҳои овозӣ, бозиҳои инкишофдиҳанда ва китобҳо ҷамъ оварда шудаанд. Дар он кӯдак на фақат вақти худро хуш мегузаронад, балки инчунин дониши наве мегирад. Контент бо назардошти синну сол ва шавқу завқи кӯдакон интихоб карда мешавад, идоракунии хизматрасонӣ осон ва аз ҷиҳати зеҳнӣ фаҳмост. Волидайн низ ором буда метавонанд: тамоми контент аз модератсия гузаштааст, кӯдакон ягон чизеро, ки ба синну солашон мувофиқ нест, дида наметавонанд. Ҳангоми машғулшавӣ ба бозиҳою тамошои филмҳои тасвирӣ трафики интернет сарф намегардад – чунин имконият ҳангоми сафарҳо ё қарор доштан дар дачаи истироҳатӣ хеле қулай аст.

Арзиш: 0,99 сомонӣ дар як шабонарӯз. 

Тарзи пайвасткунӣ: дилхоҳ хизматрасониро метавон дар сомонаи content.megafon.tj ё замимаи мобилии ”МегаФон Life” пайваст намуд.

Дар сомона қисми “Порталҳо”-ро интихоб карда, вориди “Mega Kids” шавед ва тугмаи “Обуна шудан”-ро пахш кунед. Сипас рақами телефони худро ворид карда, бо воридкунии рамз аз SMS-паёмаке, ки ба телефони Шумо ворид мешавад, обунаро тасдиқ намоед.

Дар замимаи “МегаФон Life” ба “Хизматрасониҳои ман” – “Дастрас” – “Порталҳо” – “Портали кӯдакона” гузаред ва “Пайвасткунӣ”-ро пахш кунед. Инчунин метавонед сатри ҷустуҷӯро дар қисми болои экран (аломат дар шакли пурбин) бо воридкунии номи хизматрасонӣ ба кор баред.

“Apps Club”: бозиҳое, ки инкишоф медиҳанд

Ин чист? Хизматрасонӣ барои бозингарони наврас бо замимаҳои бехатари мобилӣ бе реклама ва харидҳои васлшуда мебошад. Ин маънои онро дорад, ки кӯдак имкон дорад, ки бе равонакунии диққати худ ба пешниҳодҳои бегона машғули бозӣ шуда, инкишоф ёбад. Ба феҳрист бозиҳои мантиқӣ, омӯзишӣ ва ҷолибе дохил карда шудаанд, ки диққат, хотира ва мутобиқати ҳаракатро инкишоф медиҳанд.

Арзиш: 1 сомонӣ дар як рӯз.

Тарзи пайвасткунӣ: хизматрасониро дар сомона ва замимаи “МегаФон Life” метавон ба мисли пайвасткунии портали кӯдакона пайваст намуд.

Полиглот: роҳи осон сӯи донишҳо

Ин чист? Хизматрасонӣ барои хонандагонест, ки хоҳиши омӯзиши забони англисиро доранд.

Арзиш: аз 0,74 сомонӣ дар як шабонарӯз.

Тарзи пайвасткунӣ: “Полиглот” дар қисми “Омӯзиш” ҷойгир аст. Дар он замимаҳо барои онҳое ҷамъ оварда шудаанд, ки хоҳиши гирифтани донишҳо, мутолиаи китобҳои электронӣ ё такмилёбӣ дар шакли бозиҳоро доранд.

Дар саҳифаи асосии сомонаи content.megafon.tj ”Омӯзиш”-ро пайдо карда, “Обуна шудан”-ро пахш кунед. Механикаи минбаъдаи пайвасткунӣ – чун барои «Mega Kids” ва “Apps Club”.

Дар “МегаФон Life” аз сатри ҷустуҷӯ дар қисми болои экран истифода баред ё ба “Хизматрасониҳои ман” – “Дастрас” – “Омӯзиш” – “Полиглот” гузашта, “Пайвасткунӣ”-ро пахш кунед.

МегаФон Тоҷикистон ҳамеша саъю кӯшиши сокинонро ҷиҳати рушд дастгирӣ менамояд. Таътилро барои омӯзиш, эҷодкорӣ ва гирифтани донишҳои нав истифода баред!

 

Июнь 17, 2025 09:30

Хабарҳои дигари ин бахш

«ПАРЧАМБАРДОРОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ». Дар Донишгоҳи технологии Тоҷикистон таҳти чунин унвон ҳамоиш доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Оид ба рақамикунонӣ ва зеҳни сунъӣ дар хизмати идоракунии давлатӣ конфронси ҷумҳуриявӣ доир шуд
Дар ноҳияи Ёвон сохтмони бинои иловагии муассисаи таълимӣ оғоз гардид
Ҷавонони сарбаланди шаҳри Панҷакент ба хизмати ҳарбӣ рафтанд
Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Дар Ашқобод дурнамои рушди муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон дар соҳаи фарҳанг баррасӣ гардид
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
VoLTE: ба суҳбатҳои телефонӣ садои комилан тоза зам намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 30 дараҷа гарм мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 1 октябр, чоршанбе, 274-умин рӯзи соли 2025 аст
Озмуни ҷумҳуриявии «Ихтироъкорон ва навоварони Тоҷикистон» эълон гардид