Мегафон Тоҷикистон: «Вақте роҳати хона бештар аст»

ДУШАНБЕ, 30.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Чӣ тавр ҳамватанони мо, ки замоне берун аз ҷумҳурӣ кор мекарданд, фаъолияти худро дар Тоҷикистон ба роҳ мемонанд?
Баъзе аз сокинони мамлакати мо ба хориҷа ба хотири таҳсил, кор кардан ва гирифтани таҷрибаи нав раҳсипор мешаванд. Лекин баъзан ҳамаи инро аз хона набаромада низ, пайдо кардан мумкин аст. Далел – саргузашти он кормандони ширкати «МегаФон Тоҷикистон», ки муддате дар хориҷа зиндагонӣ мекарданд, лекин мавқеи худро дар Ватан пайдо намуданд.
Бунафша Хоҷаева: бозгашт баҳри пешравӣ
Бунафша ҳамеша ба технологияҳо шавқу мароқи зиёд дошт, бинобар ин барои таҳсил ба Донишгоҳи алоқа ва информатикаи шаҳри Москва дохил шуд. Баъди гирифтани диплом чанде дар Русия кор карда буд. Ин муддати ҳам ҷолиб ва ҳам каме мушкил буд: стандартҳои нави касбӣ, тафаккури дигар. Дар натиҷа номбурда қарор кард, ки ба хона баргашта, дар рушди соҳаи телеком аллакай дар Тоҷикистон саҳмгузор бошад.
Таҷрибаи ӯ дар ширкати “МегаФон Тоҷикистон” лозим омад. Бунафша аз вазифаи муҳандис дар шуъбаи NSS корро оғоз намуда, вазифаҳои навро ба зудӣ аз худ намуд ва сипас ба шуъбаи дастгирии инфрасохтор гузашт. Имрӯз ӯ – узви командаи муҳосибот буда, соҳаи навро меомӯзад ва дар оянда низ рушд карданист.
“Барои ман ҳамеша ҷолиб буд, ки қобилияти худро дар самтҳои гуногун бисанҷам. Ман дар як ҷой истоданро намеписандам, барои ман муҳим аст, ки доимо дар роҳи рушд бошам, — мегӯяд номбурда. – МегаФон Тоҷикистон барои ман на танҳо ҷойи кор, балки муҳите мебошад, ки дар он ташаббусҳоро дастгирӣ менамоянд, шахсиятро қадр мекунанд ва имкониятҳоро барои рушд фароҳам меоранд. Дар ин ҷой метавон чуноне, ки ҳастӣ, худро муаррифӣ кунӣ ва дар баробари ин олами атрофро – қадам ба қадам тағйир диҳӣ”.
Лобархон Сидиқова: бозгашт баҳри рисолат
Дар соли 2015 Лобар ҳамроҳи оилаи худ аз рӯи барномаи муҳоҷирати ҳамватанон ба Русия рафта буд. Ӯ дар шаҳри Берёзовский маскан шуда, дар хазинаи фурӯши чиптаҳои ҳавопаймоии “Вип-сервис Екатеринбург” кор мекард. Каме пас Лобарро ба идораи марказӣ дар шаҳри Екатеринбург ба ҳайси менеҷер оид ба кор бо мизоҷон даъват намуданд. Муҳит тамоман нав ва ба таври хосае ҷолиб буд, лекин бо мурури вақт Лобар барои худ дарк кард: кори якранги идоравӣ барои ӯ нест. Норасоии ҷиҳатҳои эҷодӣ, ҳаракат, идеяҳое, ки амалӣ бояд кард, дар фаъолияташ баръало эҳсос мешуд. Ва ӯ медонист, ки ҳамаи инро аз куҷо пайдо метавон кард.
Бо ширкати “МегаФон Тоҷикистон” мавсуф дар соли 2014 бо ирсоли тарҷумаи ҳол барои соҳибшавӣ ба вазифаи менеҷер оид ба робита бо ҷомеа дар вилояти Хатлон шинос шуда буд. Лобар ҳатто тасаввур карда наметавонист, ки дар озмун ғолиб меояд, лекин ширкат ба ӯ эътимод кард. Ва вақте ки бо вазъиятҳои оилавӣ Лобар ба Тоҷикистон баргашт, ӯро бори дигар ба команда қабул карданд, лекин ин бор дар шаҳри Душанбе. Дар давоми якчанд сол номбуда роҳро аз вазифаи менеҷер то роҳбари хадамот оид ба робита бо ҷомеа тай намуд.
“Дар ширкат ман бо амалисозии лоиҳаҳои воқеан ҷолиб машғул ҳастам, — мегӯяд Лобар. – Ин ҷой одамонро қадр мекунанд, ба онҳо илҳом мебахшанд, дар муҳити кор метавон тарзе, ки ҳастӣ, рафтор кунӣ ва рушд намоӣ. Барои ман хеле муҳим он аст, ки ширкати мо одамонро мепайвандад. Акнун ман рисолати худро маҳз дар ҳамин мебинам”.
Обидҷон Хамидов: бозгашт баҳри гирифтани донишҳо
Обидҷон барои гирифтани маълумоти олӣ, яъне дастрас кардани дараҷаи магистрӣ ба Пекин рафта буд. Он чизе, ки мавсуф бо чашмонаш дар Хитой дид, аз ҳамаи тахминҳо зиёд баромаданд: низоми маориф, маводҳои таълимӣ – ҳамааш дар сатҳи олӣ буд. Забони хитоиро намедонист, лекин шаҳр барои хориҷиён қулай баромад – донистани забони англисӣ дар сатҳи ибтидоӣ кифоя буд. Обидҷон мақсад дошт, ки ду сол дар Хитой бимонад, лекин бо оғоз шудани пандемия номбурда маҷбур шуд, ки таҳсили худро қатъ кунад. Ин қарор маҷбурӣ буд, лекин маҳз он роҳи маро сӯи ширкати “МегаФон Тоҷикистон” боз намуд.
Дар ҳоли ҳозир Обидҷон ба ҳайси муҳандис оид ба ҷорикунии хизматрасониҳою шарикиҳои нав фаъолият дорад. Ҳамаи донишҳоеро, ки аз худ кардааст, дар амал татбиқ менамояд: хизматрасониҳои рақамиро такмил медиҳад, дар ҷорикунии инноватсияҳо кӯмак намуда, ба пешравии соҳа мусоидат мекунад.
“МегаФон Тоҷикистон” – ширкати мутобиқ ба стандартҳои байналмилалист. Дар ин ҷой ман эҳсос мекунам, ки донишҳои ман ҳамеша лозиманд ва идеяҳоям доимо амалӣ мешаванд, — қайд мекунад номбурда. – Бароям писанд аст, ки ман на танҳо вазифаҳоро иҷро мекунам, балки имкониятҳоеро ташкил мекунам, ки ҳаёти одамонро боз ҳам қулайтару беҳтар месозанд”.
Умед Ғуломов: бозгашт сӯи наздикон
Умед доим дар орзуи дидани олам буд ва ба Русия барои санҷидани донишу қобилиятҳои худ рафт. Як солу ду моҳ номбурда ба ҳайси ронандаи таксӣ кор карда, ба чунин хулоса омад, ки ба хона чизе баробар шуда наметавонад. “Хешовандону дӯстонамро сахт пазмон шудам. Ин эҳсос маро ором намегузошт – ва ман дарк кардам, ки баргаштан мехоҳам”, — гуфт Умед.
Умед ба МегаФон Тоҷикистон омад – ширкате, ки дар он на танҳо кор, балки команда, дастгирӣ ва муҳити муносибро барои рушд пайдо кард. Айни ҳол ӯ супервайзери гурӯҳи хадамоти мизоҷон мебошад.
“Ин ҷо ман худро дар ҷойи худ эҳсос мекунам. Мо на танҳо вазифаҳоро ба иҷро мерасонем – мо якҷоя ба пеш ҳаракат карда, қаноатмандии мизоҷонро ба даст меорем”, — мегӯяд Умед.
Муҳаммадҷон Хуҷаматов: бозгашт баҳри пайдо кардани командаи худ
Муҳаммадҷон ба Русия баҳри санҷидани нерӯву қобилияти худ дар соҳаи нав ва гирифтани таҷрибаи наве, ки дар Ватан дастнорас аст, рафта буд. Ба сифати мутахассис оид ба васли қубурҳои пластикӣ кору фаъолият мекард. Кор осон набуд, лекин ҷиҳатҳои хубаш низ кам набуданд: боварӣ ба худ, даромади хуб, дӯстони нав. Лекин ҳамзамон баъзе мушкилиҳо низ ҷой доштанд: барасмиятдарории ҳуҷҷатҳо, мутобиқшавӣ, воридшавӣ ба муҳити нави фарҳангӣ вақту қувваи зиёдро тақозо мекарданд. Баъди истиқомати дуюнимсола дар хориҷа билохира Умед мустақилона қарор кард, ки ба Ватан баргардад.
“Дар хориҷа одатан барои рушди касбу кор ва ба даст овардани даромад имкониятҳо зиёдтаранд. Вале ҳамаи инро ман дар ширкати “МегаФон Тоҷикистон”, ки дар он ба ҳайси менеҷер оид ба идоракунии садоқати мизоҷон кор мекунам, пайдо намудам. Дар баробари ин, ман он чизеро пайдо кардам, ки дар кишвари дигар пайдо наметавон кард: ман худро на як банди оддии системаи умумӣ, балки як қисми команда эҳсос мекунам. Ин на фақат кор – ин иштирок дар рушди кишвари ман аст”, — қайд намуд Муҳаммадҷон.
Усмон Ҳиматов: бозгашт баҳри рушд
Тобистони соли 2019 Усмон барои гирифтани дараҷаи магистрӣ дар яке аз донишгоҳҳои маъруфтарини Capital University of Economics and Business (CUEB) – самти “Идоракунии бизнес” ба Пекин рафта буд. Баъди хатми таҳсил ӯ ба хона бо дарки дақиқи он, ки барояш кори доимӣ дар ширкати нерӯманди бонуфуз лозим аст, баргашт. Ҳамин тавр, ӯ ба як ҷузъи ширкати “МегаФон Тоҷикистон”, ки дар борааш аз дӯстону шиносон бисёр суханҳои хуб шунида буд, табдил ёфт.
Роҳи касбии Усмон дар ширкат аз вазифаи муҳандиси шуъбаи воридкунии тағйирот ба бизнес-системаҳо ва дастрасии собити баландсуръат оғоз ёфта буд. Чанде пас мавсуф муҳандиси калон шуда, алҳол дар вазифаи муҳандиси пешбар фаъолият дорад.
“Агар масъулиятро ба зимма гирифта тавонӣ, бешубҳа, рушд менамоӣ. Тӯли чор соли нопурра ман аз сатҳи корманди нав то мутахассиси пешбар инкишоф ёфтам. Ин дар ҳоле имконпазир аст, вақте ба касбу кори худ шавқу рағбати беандоза дорӣ, — изҳор дошт Усмон. – МегаФон Тоҷикистон на танҳо бо кор таъмин мекунад. Дар ин ширкат ҳар рӯз дониши нав мегирӣ ва натиҷаҳои кори худро мебинӣ. Барои ман ин муҳим аст”.
Муҳаммад Иброҳимов: бозгашт баҳри таҷриба ва дастгирӣ
Муҳаммад қарор карда буд, ки барои гирифтани донишҳою таҷрибаи нав ба Русия биравад. Дар соҳаи биотехнология маълумоти олӣ гирифта, ба ҳайси муҳандис-технолог дар Комбинати шири Қазон ва сипас ба сифати веб-таҳиягар дар ширкати ICL фаъолият карда буд. Мушкилиҳо танҳо моҳҳои аввали дохилшавӣ ба мактаби олӣ дар марҳилаи одаткунӣ ба кишвари нав пеш меомаданд. Ҳамагӣ Муҳаммад дар Русия шаш соли ҳаёти худро гузаронид. Бинобар вазъиятҳои оилавӣ ба Ватан баргашт. Лекин, маҳз, дар Ватан ӯ барои дар амал татбиқ намудани қобилиятҳои худ имкон пайдо намуд. Алҳол Муҳаммад дар ширкати “МегаФон Тоҷикистон” ба ҳайси мутахассис оид ба корбурди системаҳои идоравӣ фаъолият дорад.
“Кор дар хориҷа барои гирифтани таҷрибаву донишҳои нав имкониятҳои зиёд фароҳам меорад, лекин ман дар ширкат барои худ як чизи махсусро дарёфт кардам – дастгирии коллектив, таваҷҷуҳи роҳбарият, — мегӯяд Муҳаммад. – Ин ҷой ман на танҳо донишҳоямро ба кор мебарам, балки аз ҷиҳати касбу кор низ инкишоф ёфта, ҳамзамон аз паҳлӯи оилаву хешовандони худ дур намешавам”.