Муовини Раиси ноҳияи Данғара Зуҳро Ҳакимзода: «Мардум ба Пешвои миллат боварӣ ва эътимод дорад»

Июнь 27, 2025 13:30

ДУШАНБЕ, 27.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Ҳамасола 27 июн дар Тоҷикистон рӯзи Ваҳдати миллӣ бо шаҳомати хос таҷлил карда мешавад. Бахшида ба ин ҷашн дар саросари ҷумҳурӣ ҷамъомаду ҳамоишҳои илмӣ-адабӣ, барномаҳои консертӣ, мусобиқаҳои варзишӣ ва намоишгоҳҳои гуногун доир мегарданд. Ҷашни Ваҳдати миллӣ на танҳо дар қаламрави Тоҷикистон, балки дар тамоми давлатҳое, ки дар он ҷо тоҷикон ба сар мебаранд, таҷлил карда мешавад.Ин гувоҳи он аст, ки сулҳу оромӣ ва ваҳдати миллӣ арзишмандтарин неъмати ҳаёти мардуми тоҷӣк маҳсуб мешавад. Бо чунин матлаб оғоз гардидааст мақолаи муовини Раиси ноҳияи Данғара Зуҳро Ҳакимзода, ки бахшида ба 28-солагии Ваҳдати миллӣ ба унвони АМИТ «Ховар» ворид гардидааст. Матни пурраи мақоларо пешниҳоди хонандагон мегардонем.

— Тоҷикистониён имрӯз дар фазои сулҳу субот зиндагӣ доранду нафаси озод мекашанд. Барои ба даст овардани неъмати арзишманд – ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хизматҳои бесобиқа намудаанд, ки дар таърихи Ватан бо ҳафрҳои заррин сабт гаштаанд.

Тавре Сарвари давлат дар паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ 26 июни соли 2024 иброз доштанд, «зиндагии осудаву ороми ҳар як оила, амалӣ гардидани нияту орзуи ҳар як шаҳрванд, ободии Ватан ва пешрафти давлат танҳо дар сурати пойдор будани сулҳу суботи комил имкон дорад».

Чуноне Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста таъкид менамоянд, дар вазъи ниҳоят мураккаб ва пешгӯинашавандаи ҷаҳон ҳар яки мо бояд ба хотири сулҳу субот, оромию осудагӣ, пояндагиву бақои миллат, устувории давлати соҳибистиқлоламон боз ҳам бештар сарҷамъу муттаҳид бошем. Зираку ҳушёр бошему баҳри ба роҳи рост ҳидоят намудани насли наврас ва ҷавонон, ки насли ояндасоз ҳастанд, тадбирҳои муҳим андешем.

Тавре ҳамагон мушоҳида намудаанд, дар тамоми чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ насли калонсоли мамлакат, аҳли зиё, донишмандон, сиёсатмадорон зимни суҳбат ба сокинон, ба хусус ба насли ҷавон бо чӣ гуна машаққат ба даст омадани сулҳу субот ва ваҳдати миллиро дар он солҳои душвори аввали соҳибистиқлолӣ нақл карда, ҳифзи ин арзишҳои муқаддасро таъкид менамоянд.

Қаҳрамони миллии Афғонистон мархум Аҳмадшоҳи Масъуд дар бораи ҷасорату қаҳрамонии Пешвои мо чунин гуфтааст: «Эмомалӣ Раҳмон ғурури тоҷикӣ дорад ва бономустарин тоҷик аст, чунки барои миллату давлаташ ҷони худро дареғ намедорад. Ҷонфидоиҳои ин ҷавонмарди асил буд, ки дар як муддати кутоҳ сулҳ ва ваҳдати миллӣ дар сарзамини тоҷикон пойдор гардид».

«Эмомалӣ Раҳмонро на танҳо Шумо, балки тамоми тоҷикони дунё дўст медоранд. Худо шоҳид аст, ки ин мард бо ин ақлу заковате, ки дорад, дунёро тасхир мегардонад!», -гуфтааст Аҳмадшоҳи Масъуд.

Имрӯз мардуми Тоҷикистон Пешвои миллатро ҳамчун Сарвари давлат, наҷотбахши давлат, сарҷамъкунандаи миллат, кафили сулҳу ваҳдат, эҳёгари фарҳанги миллӣ, бунёдгузори мактаби давлатдории муосири миллӣ ва дар маҷмӯъ, ҳамчун меъмори давлатдории навини тоҷикон ва пешвои эътирофшудаи умумимиллӣ дӯст медоранду эътимоди бузург доранд.

Сиришти мардумӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ, иродаи қавӣ ва таҷрибаи бузурги Пешвои миллат қалби ҳар шаҳрвандро саршор аз ҳисси боварию эътимод ба фардо, ба ояндаи фарзандони худ ва ба дурнамои давлату миллат менамояд. Ин ҳолати нодирест, ки мардум ба роҳбари худ ҳамчун ба худ ва бештар аз худ, боварию эътимод дорад.

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 27, 2025 13:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Беш аз 50 хонаводаи маҳаллаи Деҳқонободи ноҳияи Мастчоҳ бо оби нӯшокӣ таъмин мегарданд
Лоиҳаи Харитаи роҳ доир ба татбиқи ташаббусҳо дар самти «Ояндабинии Осиёи Марказӣ– 2050» муаррифӣ шуд
Дар ноҳияи Ашт соҳилҳои рӯди маҳаллӣ мустаҳкам карда мешаванд
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Дар Суғд ҷаласаи сайёри Кумитаи иҷроияи марказии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон доир гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон сар задани селҳои пиряхӣ дар назар аст
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 12 август, сешанбе, 224-умин рӯзи соли 2025 аст
Барои хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ омӯзиши забони олмонӣ оғоз меёбад
Дурнамо ва густариши ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Покистон баррасӣ гардид
Далер Наимов: «Дастаи мо аз шахсони зираку кордон иборат аст»
Имрӯз дар Душанбе ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар шаҳри Истаравшан ҳунари шонасозӣ ривоҷи тоза меёбад