Намояндаи Тоҷикистон дар Форуми панҷуми марказҳои таҳлилӣ иштирок намуд

Июнь 3, 2025 16:00

ДУШАНБЕ, 03.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Имрӯз дар шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон Форуми панҷуми марказҳои таҳлилӣ таҳти унвони «Осиёи Марказӣ — Чин: уфуқҳои нави шарикии минтақавӣ» баргузор гардид, ки дар кори он директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайридин Усмонзода иштирок намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз хадамоти матбуоти Маркази тадқиқоти стратегӣ хабар доданд.

Ҳамоиш бо ташаббуси Институти тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон дар якҷоягӣ бо Институти Русия, Аврупои шарқӣ ва Осиёи Марказии Академияи илмҳои ҷамъиятии Чин доир карда шуд.

Дар рӯзномаи чорабинӣ масъалаҳои тақвияти муколамаи сиёсӣ, рушди ҳамкории судманди иқтисодӣ, тамоюли навтарин дар соҳаи технология, аз ҷумла қарорҳои рақамӣ ва «сабз» ва дигар масъалаҳои ҳамкории Осиёи Марказӣ ва Чин мавриди баррасӣ қарор гирифта, дар он роҳбарону коршиносони марказҳои илмӣ-таҳлилии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Чин, инчунин намояндагони доираҳои сиёсӣ ва дипломатии Қазоқистон иштирок намуданд.

Директори Маркази тадқиқоти стратегӣ Хайридин Усмонзода дар мавзуи «Муносибатҳои Осиёи Марказӣ — Чин дар шароити номуайянии стратегии ҷаҳон» маъруза намуда, изҳор дошт, ки Осиёи Марказӣ дар солҳои охир ба туфайли талошҳо баҳри таҳкими сулҳу субот ва рушди иқтисодиёт дар байни кишварҳои қитъаи Осиё симои мусбатро ба даст овардааст.

Ба гуфтаи Хайриддин Усмонзода «роҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ барои дарёфти роҳу механизмҳои ҳифзи сулҳу субот дар минтақа ва рушди он пайваста талош меварзанд. Ҳамин тариқ, ҳар як кишвар тавассути таъмини рушди худ ва бо дарки комили афзалияти фарогирӣ дар муваффақияти якдигар саҳми назаррас мегузорад».

Мавсуф дар маърӯза бо таъкид ба аҳаммияти ташаббусҳои ҷаҳонии Тоҷикистон, иброз дошт, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон пайваста ташаббусҳои ҷаҳонии худро оид ба идораи оқибатҳои тағйирёбии иқлим дастгирӣ намуда, таҳким мебахшад.

«Дар муқоиса бо дигар кишварҳо, Тоҷикистон ҳиссаи камтарини партовҳои газҳои гулхонаиро ба атмосфера доро мебошад. Барои рушди энергияи сабз дар доираи ҳадафи табдил додани Тоҷикистон ба «кишвари сабз» то соли 2037 инфрасохтори нав сохта мешавад ва дар ин самт Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ширкатҳои чинӣ фаъолона ҳамкорӣ менамояд»,-афзуд Директори марказ.

Хайриддин Усмонзода ҳамчунин дар бораи аҳаммияти ташаббусҳои Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини амнияти минтақавӣ ва ҷаҳонӣ бо ВАО-и Қазоқистон мусоҳиба намуд.

АКС: Хадамоти матбуотии Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 3, 2025 16:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Сеул Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тамошо намуданд
Дар Москва Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олиро тамошо намуданд
Кормандони Сафорати Тоҷикистон дар Австрия Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро тамошо намуданд
Ҳамватанони бурунмарзӣ дар Туркманистон Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро тамошо намуданд
Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олиро дастҷамъона тамошо намуданд
Сафири Тоҷикистон ба сардори ташрифоти Вазорати федералии корҳои аврупоии Австрия нусхаҳои эътимодномаҳояшро супорид
Сафири Тоҷикистон дар Амрико нусхаҳои эътимодномаҳои худро ба Котиботи давлатии ИМА супорид
Сафири Тоҷикистон ба Президенти Непал эътимоднома супорид
Сафири Тоҷикистон дар Форум оид ба иқтидори ашёи хоми минералӣ дар Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Дар Ню-Йорк вохӯрии Гурӯҳи дӯстони об баргузор гардид
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии канорӣ оид ба натиҷаҳои Вохӯрии 7-уми машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ иштирок намуд
Маҷмаи Умумии СММ қатъномаи Тоҷикистонро дар бораи «Соли байналмилалии маърифати ҳуқуқӣ, 2027» қабул намуд