Қоҳир Расулзода бо Раиси Девони вазирон — Роҳбари Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Адилбек Касималиев мулоқот анҷом дод

Июнь 4, 2025 18:30

ДУШАНБЕ, 04.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Раиси Девони вазирон — Роҳбари Дастгоҳи Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон Адилбек Касималиев, ки барои иштирок дар ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ба Тоҷикистон ташриф овардааст,  мулоқот намуд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла рушди робитаҳои тиҷоратию иқтисодӣ,  нақлиётию логистикӣ, шарикӣ дар бахши обу энергетика ва ҳифзи муҳити зистро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ба таҳкими муносибатҳои неки ҳамсоягӣ, татбиқи  лоиҳаҳои мутақобилан судманд ва мусоидат ба муколама дар ҳама сатҳҳо таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд.

Муҳимияти ҳамоҳангсозии талошҳо барои таъмини рушди устувор ва субот дар минтақа таъкид гардид.


Дар анҷоми мулоқот ҷонибҳо омодагии худро барои тавсеаи минбаъдаи ҳамкории созанда бар пояи эҳтироми мутақобила ва шарикии стратегӣ изҳор доштанд.

Ёдовар мешавем, ки ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои кишварҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил 5 июн дар шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Июнь 4, 2025 18:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндаи Тоҷикистон бо мудирони ҳамиҷроияи Комиссияи байналмилалии зидди ҳукми қатл мулоқот намуд
Тоҷикистон аъзои Комиссияи СММ оид ба вазъи занон барои солҳои 2027–2031 интихоб шуд
Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид