Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба шаҳри Хоруғ ташриф оварданд

Июнь 26, 2025 15:30

ДУШАНБЕ, 26.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. 26 июн дар доираи сафари корӣ ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди мавриди баҳрабардордорӣ қарор додани як зумра иншооти таъиноти гуногун дар ноҳияҳои Ванҷу Даврвоз ва Рӯшону Роштқалъа ба маркази вилоят — шаҳри Хоруғ ташриф оварданд.

Дар фурудгоҳи шаҳри Хоруғ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро роҳбарияти вилоят, фаъолони ҷомеа, намояндагони касбу кори гуногун ва ҳазорон сокини ватанпарвар бо рӯҳу илҳоми баланди сиёсиву ватандорӣ ва муҳаббати беандоза нисбат ба Роҳбари давлат истиқбол гирифтанд.

Ин дидор ба сокинони шаҳри Хоруғ, рӯҳу илҳоми тоза бахшида, нишонаи равшани пайванди устувори мардум бо Пешвои миллат гардид.

Аҳли санъату ҳунари вилоят бо пешниҳоди барномаи рангини фарҳангӣ, ки тараннумгари сулҳу ваҳдат, соҳибистиқлолию озодӣ ва саҳми таърихии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар рушди ҳаёти сиёсию иҷтимоии кишвар мебошад, ҳунарнамоӣ намуданд.

Ҳар як сафари Пешвои миллат ба Бадахшон муҳтавои амиқи сиёсӣ ва рушди ҳаматарафаи иҷтимоиву иқтисодиро доро буда, ба раванди созандагиву бунёдкорӣ дар ин гушаи диёр такони ҷиддӣ мебахшад.

Ҳазорон сокини шаҳри Хоруғ, ки муҳаббати фарзандона ба Саврари давлатро дар дил мепарваранд, дар кӯчаҳои марказӣ ва хиёбонҳои асосии шаҳр бо парафшон намудани парчами давлатӣ ва шодии беинтиҳо, фазои идона ва иттиҳоди миллиро таҷассум карданд.

Истиқболи Президенти кишвар дар шаҳри Хоруғ ифодаи равшани муҳаббат ва эътимоди мардум ба сиёсати ҳакимона ва дурбинонаи Сарвари давлат буда, аз иродаи устувори мардум барои пайравӣ ба ғояҳои давлатсозиву ватандорӣ шаҳодат медиҳад.

Истиқболи Пешвои миллат дар фурудгоҳи шаҳри Хоруғ 26.06.2025

Июнь 26, 2025 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд
СОЛИ ВУСЪАТ ДОДАНИ КОРҲОИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар Панҷакент 200 иншооти ҷашнии иловагӣ сохта мешавад
Дар ноҳияи Тоҷикобод Боғи интенсивии «35-солагии Истиқлолият» таъсис дода мешавад
«ДАВЛАТМАРД». Бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатӣ китоби Далер Абдулло ба нашр расид
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкори саховатпеша 30 ҳазор нафар аҳолии Темурмаликро бо оби нӯшокӣ таъмин намуд
Дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров соҳаи саноат рушд меёбад
Дар маҳаллаи Сангин Ниёзови ноҳияи Мастчоҳ Маркази хайриявии таълимию касбомӯзии «Тоҷикона» ба истифода дода шуд
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар шаҳри Хоруғ беш аз 5 ҳазор гул шинонида шуд