Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Дарвоз мулоқот намуданд

Июнь 25, 2025 16:45

ДУШАНБЕ, 25.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. 25 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи як қатор иншоот ва шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Дарвоз мулоқот намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон натиҷаи фаъолияти соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Дарвозро давоми панҷ моҳи соли равон таҳлил намуда, иброз доштанд, ки мо зимни сафари кории навбатӣ ба ноҳия шоҳиди боз ҳам рушд ёфтани ин диёр гардидем.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ифтитоҳи як қатор иншооти соҳаи нақлиёт дар ҳудуди ноҳия ишора карда, мавриди истифода қарор гирифтани қитъаи шоҳроҳи байналмилалии Қалъаихумб-Ванҷ-сарҳади Рӯшон ба масофаи 92,5 километр бо 12 пули мошингузар ва яке аз нақбҳои он бо дарозии 3400 метрро нишонаи олии дастгирии мардум аз сиёсати созандаи Ҳукумат арзёбӣ намуданд.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба сохторҳои марбута супориш доданд, ки сифати иҷрои корҳои сохтмонро зери назорати доимии худ қарор дода, барои дар муҳлати муайянгардида пурра ба истифода додани шоҳроҳ чораҳои зарурӣ андешанд.

Аз дастгириҳои Ҳукумати кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ барои рушди ноҳияи Дарвоз ёдовар шуда, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки дар ноҳия 17 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи умумии беш аз 1 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло татбиқи боз 6 лоиҳаи дигар ба маблағи беш аз 1,4 миллиард сомонӣ идома дорад.

Гуфта шуд, ки дар маҷмуъ, барои рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳия дар давоми 34 соли соҳибистиқлолии кишвар аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузорӣ беш аз 1,9 миллиард сомонӣ равона гардидааст.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таваҷҷуҳи иштирокдорони мулоқотро ба ҳодисаҳои дар ҷаҳони имрӯза бамиёномада, таъсири он ба иқтисоди кишварҳо ва таъмини сокинон бо маводи ғизоӣ ҷалб намуданд.

Таъкид гардид, ки дар ноҳияи Дарвоз имкониятҳо барои рушди соҳаи саноат васеъ буда, истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ аз 5 ба 20 номгӯй расонида шудааст.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои рушди ҳар чӣ бештари соҳаи саноат, афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ, бунёди коргоҳу корхонаҳои нав, аз ҷумла таъмини хонандагон бо либоси мактабӣ дар назди роҳбарияти вилоят ва вазоратҳои масъул вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Ҳамчунин масъулин аз Сарвари давлат супориш гирифтанд, ки барои истифодаи пурраи иқтидорҳо ва имкониятҳои ноҳия дар самти истеҳсоли саноатӣ тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ намоянд.

Зимни таҳлили вазъи соҳаҳои маорифу тандурустӣ гуфта шуд, ки дар замони соҳибистиқлолӣ дар ноҳияи Дарвоз 34 муассисаи таҳсилоти умумӣ бо 3500 ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шудааст. Дар даҳ соли охир барои таъмир, сохтмон ва беҳтар намудани сифати хизматрасониҳои тиббӣ дар ноҳия беш аз 25 миллион сомонӣ равона гардидааст.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарону фаъолони ноҳияи Дарвоз, аҳли маориф, зиёиён ва фаъолон дастур доданд, ки масъалаи иҷрои ҳатмии талаботи қонуни миллӣ «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак»-ро зери таваҷҷуҳи доимӣ қарор диҳанд.

Ҳамчунин роҳбарони мақомоти маҳаллӣ, намояндагони ҷомеаи шаҳрвандӣ, аҳли зиё, ходимони дин ва омӯзгорон вазифадор шуданд, ки доир ба баланд бардоштани сатҳи маърифати сиёсӣ ва ҳуқуқии ҷавонон, таҳкими ҳисси худшиносиву худогоҳӣ ва муқовимати онҳо ба ифротгароӣ тадбирҳои муассир роҳандозӣ намоянд.

Таъкид гардид, ки дар доираи омодагӣ ба ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар ноҳия бунёду навсозии 121 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шуда, то имрӯз 85 иншоот сохта, ба истифода дода шудааст, ки 71 фоизи нақшаро ташкил медиҳад.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор супориш доданд, ки барои дар муҳлатҳои муайянгардида ва бо сифати баланд ба анҷом расонидани иншооти банақшагирифташуда тадбирҳои иловагӣ андешанд.

Дар фароварди сухан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори бовар намуданд, ки мардуми сарбаланди ноҳияи Дарвоз бо сарҷамъиву муттаҳидӣ минбаъд низ барои пешрафти диёри худ ва кишвари соҳибистиқлоламон саҳми арзишманд мегузоранд ва ин гӯшаи биҳиштосои Ватанамонро боз ҳам ободу зебо мегардонанд.

Июнь 25, 2025 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Cуханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Дарвоз
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз аз деҳаи этнографии комплекси сайёҳии «ЗЕВ.С» дидан намуданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз ба фаъолияти комплекси сайёҳии «ЗЕВ.С» оғоз бахшиданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз Хоҷагии моҳипарварии «Тоҷ-Корея»-ро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз маркази баҳисобгирии зеҳни сунъии «Darya AI»-ро мавриди истифода қарор доданд
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз бо ятимон ва кӯдакони имконияташон маҳдуд мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Дарвоз Комплекси агросаноатии фермаи чорвопарварӣ ва коргоҳи коркарди маҳсулоти шириро ифтитоҳ намуданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон қисми шоҳроҳи Кӯлоб-Хоруғ-Кулма-Чинро аз маркази ноҳияи Дарвоз то дарвозаи Рӯшон ба истифода доданд
Cуханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Ванҷ
Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Ванҷ мулоқот намуданд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ванҷ Парки саноатиро мавриди истифода қарор доданд
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Ванҷ толори варзиширо ифтитоҳ намуданд