Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Роштқалъа Неругоҳи барқи обии «Себзор»-ро ифтитоҳ намуданд

Июнь 26, 2025 13:35

ДУШАНБЕ, 26.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. 26 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ноҳияи Роштқалъа Неругоҳи обии Себзорро ифтитоҳ намуданд.

Иншооти муҳими соҳаи энергетика аз 3 агрегат иборат буда, иқтидори истеҳсолии он 11 мегаваттро ташкил медиҳад.

Неругоҳи обии Себзор дар доираи дастгирии Ҳукумати кишвар нисбат ба фаъолияти намояндагони бахши хусусӣ бо ҷалби сармояи хориҷӣ сохта шудааст ва технологияи насбшуда имкон медиҳад, ки дар як сол зиёда аз 77,6 млн кВт/соат неруи барқи аз ҷиҳати экологӣ тоза истеҳсол карда шавад.

Неругоҳи обии Себзор имкон медиҳад, ки 220 ҳазор аҳолӣ ба барқ дастрасӣ пайдо намоянд ва ин барои рушди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ мусоидат мекунад. Инчунин барои содироти барқ ба дигар давлатҳо имконияти иловагӣ пайдо шуд.

Ёдовар бояд шуд, ки санги асос барои бунёди Неругоҳи обии Себзор аз ҷониби Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 29 июли соли 2015 гузошта шуда буд.

Дарозии сарбанди неругоҳ 65 ва баландиаш 8,5 метрро ташкил медиҳад. Мавриди истифода қарор гирифтани Неругоҳи обии Себзор имкон фароҳам овард, ки дар Бадахшон истеҳсоли неруи барқ 25 фоиз зиёд ва эътимоднокию сатҳи таъминоти барқ беҳтар шавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёди Неругоҳи обии Себзорро барои беҳтаршавии таъминот бо неруи барқ ва рушди дучанди соҳаҳои иқтисодию иҷтимоӣ муҳим арзёбӣ намуданд.

Дар вақти бунёди Неругоҳи обии Себзор то 600 нафар бо кор таъмин шуданд ва истифодаи техникаи муосир имкон фароҳам овард, ки сохтмон тибқи талаботи лоиҳавӣ ба анҷом расонида шавад.

Дар маҷмуъ 97% корҳо дар Неругоҳи обии Себзор аз ҷониби коргарону мутахассисони ширкатҳои маҳаллӣ ба анҷом расонида шудааст. Истифодаи технологияи муосир имкон додааст, ки фаъолияти неругоҳ ба таври худкор сурат гирад.

Солҳои охир бунёду навсозии неругоҳҳои обӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари зиёдшавии иқтидори истеҳсолӣ, ҳамзамон ба баландшавии малакаи касбӣ ва саҳмгузории мутахассисони тоҷик дар бунёди иншооти гидроэнергетикӣ мусоидат намуд.

Баъди мавриди истифода қарор гирифтан дар Неругоҳи обии Себзор 20 мутахассиси маҳаллӣ ба шуғли доимӣ фаро гирифта шуд.

Неруи барқи тавлидшуда дар зеристгоҳи 110 киловолтаи Себзор танзим гардида, тавассути хати интиқоли барқи 110 киловолтаи Себзор — Хоруғ бо дарозии 18 километр ба шабакаи умумии барқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон пайваст мешавад.

Татбиқи “Стратегияи рушди “иқтисоди сабз” барои солҳои 2023-2037” тавассути таъмини истифодаи самараноки захираҳои табиӣ, ҷалби сармоя, роҳандозии технологияи муосиру инноватсионӣ ва дар ҳамин замина бунёди неругоҳҳои барқи обӣ таъмин карда мешавад.

Бунёди Неругоҳи обии Себзор дар доираи амалигардонии барномаи “иқтисоди сабз” аз ҷониби Ҳукумати кишвар далели афзуншавии муваффақият дар самти ҷалби сармояи хориҷӣ, истифодаи технологияи муосир, саҳмгузорӣ дар пешгирии дигаргуншавии иқлим ва афзуншавии дастовардҳо дар ҷодаи тавлиди “энергияи сабз” арзёбӣ мешавад.

Ифтитоҳи Неругоҳи барқи обии Себзор дар ноҳияи Роштқалъа 26.06.2025

Июнь 26, 2025 13:35

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Ёвон иншооти ҷашнӣ ифтитоҳ гардид
Бо дастури Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми дӯсту бародари Ҷумҳурии Исломии Эрон кумаки башардӯстона ирсол гардид
Дар Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон намоиши «Баҳори Истиқлол» баргузор шуд
Сохтмони муҷассама дар гардиши дараи Алмосии шаҳри Ҳисор ба анҷом мерасад
«ТОП – 35 ШАРИКИ БОЭЪТИМОДИ СОЛ». Ба муносибати 35-солагии Истиқлолияти давлатӣ озмун баргузор мегардад
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Султони Салтанати Умон Ҳайсам ибни Тариқ Оли Саид барқияи изҳори тасаллӣ ирсол намуданд
СИЁСАТИ ФАРҲАНГПАРВАРОНАИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ – ЗАМИНАИ ГУСТАРИШИ МАЪРИФАТ ВА ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ. Дар ҳошияи Соли вусъат додани корҳои ободониву созандагӣ ва тақвияту таҳкими худшиносиву худогоҳии миллӣ
СОЛИ ОБОДОНИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Овчиқалъача биноҳои иловагии муассисаҳои маорифу тандурустӣ сохта мешаванд
Фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар шаҳри Бӯстон бинои меҳмонхонаи «Хуҷанд» пурра таҷдиду навсозӣ мегардад
Шарҳи қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон