Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хоруғ чойхонаи Хатлонро ба истифода доданд

Июнь 27, 2025 11:05

ДУШАНБЕ, 27.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. 27 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маркази шаҳри Хоруғ бинои навбунёди 3-ошёнаи чойхонаи Хатлонро мавриди истифода қарор доданд.

Сохтмони иншооти мазкур дар маркази шаҳри Хоруғ моҳи марти соли 2016 оғоз гардида, моҳи июни соли равон ба итмом расонида шуд.

Бинои навбунёд дар масоҳати умумии 1000 метри мураббаъ дар маркази шаҳр қомат афрохтааст.

Чойхонаи Хатлон дорои меҳмонхонаи замонавӣ буда, дар он 24 ҷойи хоб барои меҳмонону сайёҳон фароҳам оварда шудааст.

Акнун баробари ба истифода додани иншооти иҷтимоиву хизматрасонии мазкур 15 нафар сокинони маҳалӣ бо кори доимӣ таъмин гардид.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо чойхона, ки бо шаклу унсурҳои миллӣ, дар фазои озоди хушобу ҳавои ин табиати биҳиштосо, дар болои дарёи Панҷ сохта шудааст, дидан намуданд ва ба корҳои созандагии соҳибкори ватандӯст баҳои баланд доданд.

Атрофи чойхонаи Хатлонро кӯҳҳои сарбафалак ва дарахтони ҳамешасабзи табиӣ ҳусну таровати тоза бахшидааст.

Дарёи Панҷ аз лиҳози экологӣ тоза буда, дорои ду намуди моҳӣ – Карелу Маринка мебошад. Ин имконият фароҳам меоварад, ки ҳангоми истироҳат мизоҷ ва меҳмонону сайёҳон ба моҳигирӣ машғул шуда, истироҳати худро дучанд комил намоянд.

Дар ҳамин ҷо Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо 100 ятими кул ва шахсони имконияташон маҳдуд аз шаҳру ноҳияҳои вилоят мулоқот анҷом доданд.

Вохӯрии Роҳбари давлат бо нафарони бо амри тақдир аз падару модари худ маҳруммонда дар меҳвари таваҷҷуҳ ва пуштибонӣ қарор доштани ятимону ниёзмандон ва шахсони имконияташон маҳдуд аз ҷониби давлату ҳукумат арзёбӣ мешавад.

Зимни мулоқот Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуданд, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои таъмини шароити хуб таҳсил ва зиндагии шоистаи онҳо пайваста чораҳои саривақтиву зарурӣ ва муассир меандешад.

Дар ҳамин ҷо аз ҷониби Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ятимон ва шахсони имконияташон маҳдуд хони идонаи пурнозу неъмат ороста гардид ва онҳо, ҳамчунин, бо туҳфаҳои хотирмон сарфароз гардонида шуданд. Туҳфаҳо аз сару либос, лавозимоти дарсӣ, шириниҳо ва маблағҳои пулӣ иборат буд.

Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин бобати нигоҳубини хуби ятимону барҷомондагон дастуру тавсияҳо дода, насли наврасро ба омухтани дониш, касбу ҳунар ва забонҳои хориҷӣ ҳидоят намуданд.

Ифтитоҳи чойхонаи Хатлон дар маркази шаҳри Хоруғ 27.06.2025

Июнь 27, 2025 11:05

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар деҳаи Фатмеви ноҳияи Айнӣ муассисаи таълимӣ бунёд карда мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Барои сазовор таҷлил намудани ин ҷашни миллӣ машварати корӣ доир шуд
«Истиқлоли Тоҷикистон ва эҳёи пайвандҳои таърихию фарҳангии мардумони ориёитабор». Дар ин мавзуъ ҳамоиши илмӣ баргузор мешавад
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Бо иштироки кормандони вазорату идораҳо дар Душанбе ҳашари ободонӣ ва тозакорӣ баргузор шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Сотсиалистии Вйетнам То Лам барқияи табрикӣ ирсол намуданд
Алишер Назаров Шоҳҷоизаи Мусобиқаи гӯштини миллӣ дар шаҳри Ҳисорро соҳиб шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли СААД Таалатбек Масадиқовро ба ҳузур пазируфтанд
Раиси шаҳри Душанбе меҳмонхонаи «Аммар»-ро мавриди истифода қарор доданд
«ПАРЧАМИ ИФТИХОР ДАР ҲАР ХОНА». Дар Хуҷанд таҳти чунин унвон иқдоми худшиносӣ амалӣ мегардад
СОЛИ ОБОДОНИЮ СОЗАНДАГӢ. Дар Ҷамоати деҳоти Урметани ноҳияи Айнӣ ду пойгоҳи обкашӣ ба истифода дода шуд
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон оид ба рушди илми ҳуқуқшиносӣ ҳамоиш доир шуд
ОБОД СОХТАНИ ВАТАН ИБОДАТ АСТ! Соҳибкорони ҳимматбаланди ватанӣ Мактаби президентии ноҳияи Темурмаликро сохтанд