РӮЗИ ҶАҲОНИИ БЕХАТАРИИ ОЗУҚАВОРӢ. Бо мақсади таъмини бехатарии маҳсулот дар Тоҷикистон 14 озмоишгоҳ фаъолият дорад

Июнь 7, 2025 11:10

ДУШАНБЕ, 07.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Бо мақсади таъмини бехатарии маҳсулоти озуқаворӣ ва ташхису назорати он аз ҷониби Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат 14 озмоишгоҳ фаъолият дорад, хабар доданд ба АМИТ «Ховар» аз ин агентӣ.

Аз ҷумла, дар вилояти Суғду Хатлон, Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон,  инчунин шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Истаравшан, Конибодом, Панҷакент, Турсунзода, Рашт, Лахш, Хоруғ, Кӯлоб, Бохтар, Шаҳритус, Данғара, Ваҳдат марказҳои ташхиси минтақавӣ амал мекунанд, ки ҳамаи озмоишгоҳҳои ин марказҳо бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонида шудаанд. Дар ин озмоишгоҳҳо ташхиси молу мавод бо усулҳои нав муайян карда мешавад.

Ёдовар мешавем, ки 7 июн ҳамчун Рӯзи ҷаҳонии бехатарии озуқаворӣ эътироф шудааст. Ин сана дар асоси Қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид, ки 20 декабри соли 2018 аз тарафи Ассамблеяи генералии ин ташкилоти бонуфузи байналмилалӣ қабул шудааст, ба ҳукми анъана даромадааст. Мақсади ин ташаббус, талош барои дастёбии аҳолии ҷаҳон ба озуқа ва ғизои солим маҳсуб меёбад.

Инчунин ҳадафи ин рӯз баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии аҳолӣ оид ба мушкилоти ҷойдошта дар самти таъмини озуқаворӣ ва бехатарии он дар ҷомеаи имрӯза ба шумор рафта, инсониятро водор месозад, ки барои аз байн бурдани гуруснагӣ, камғизоӣ ва камбизоатии инсонҳо кӯшиш намоянд.

Давоми  солҳои соҳибистиқлолии Тоҷикистон дар баробари зиёд шудани корхонаҳои саноатӣ масъулияти кормандони Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ зиёд шуда, дар таъмини сифат ва бехатарии молу маҳсулот нақши назаррас мегузоранд.

Ҳоло дар бозори дохилӣ ҳазорҳо намуди молу маҳсулотро дастрас намудан имкон дорад, ки дар корхонаҳои ватанӣ истеҳсол мегарданд ва дар баробари ин бо сифати баланду қобили қабул мебошанд. Чунин дастовардҳо натиҷаи амалӣ гардидани стандартҳо дар рафти истеҳсолот аст. Соҳибкорони ватанӣ зарурати амалӣ намудани стандартҳоро, ки барояшон манфиати зиёд меорад, хуб дарк намудаанд. Онҳо дар доираи стандартҳои миллӣ, байнидавлатӣ ва байналмилалӣ фаъолият намуда, тавассути молу маҳсулоти хушсифати худ дар хориҷи мамлакат низ тавонистаанд нуфузу обрӯи Тоҷикистонро ҳамчун давлати дар ҳоли рушд баланд бардоранд.

Дар соҳаи бамеъёрдарории техникӣ аз ҷониби масъулин лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи  Регламенти техникии «Бехатарии иловагиҳои хӯрокворӣ» тибқи муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бамеъёрдарории техникӣ» таҳия гардида истодааст. Мақсади асосии таҳияи регламенти техникӣ ба танзим даровардани меъёрҳои бехатарии иловагиҳои хӯрокворӣ мебошад.

Дар ин давра мутахассисони Агентӣ дар кори гурӯҳи кории байниидоравӣ дар Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати табиқи «Барномаи рушди саноати хўроквории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2020-2025», дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ  ҷиҳати татбиқи Нақшаи чорабиниҳои амалисозии «Барномаи давлатии рушди ғизои мактабӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027», «Барномаи пешгирии норасоии микронутриентҳо ва бемориҳои вобаста ба он дар байни аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2022-2027», дар Вазорати кишоварзӣ ҷиҳати татбиқи Барномаи рушди низоми агроозуқаворӣ ва кишоварзии устувор барои давраи то соли 2030 иштирок намуданд.

Мутахассисони Агентӣ тавассути гузаронидани вохўрӣ ва семинар — машваратҳо бо истеҳсолкунандагон, фурӯшандагон ва соҳибкорони воридкунандаи молу маҳсулот корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба риояи қоидаҳои савдо ва ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон тақвият дода шуданд.

Ҳадафи доир кардани вохӯриҳо ин риояи қоидаҳои савдо, қабул ва интиқол, нигоҳдорӣ ва ба фурӯш бароварданаи молу маҳсулот аз ҷониби соҳибкорону фурӯшандагон мебошад. Зеро дар бисёр маврид сабаби вайрон гардидани молу маҳсулоти ғизоӣ аз риоя накардани ҳолати нигоҳдории он вобастагии калон дорад.

Дар натиҷа аз ҷониби соҳибкорони масъулиятшинос ба Агентӣ барои нобудсозии маҳсулоти ғизоии муҳлати истеъмолиашон гузашта дархост ворид шудааст. Аз ҷумла, аз ҷониби соҳибкорон тибқи дархост зиёда аз 84 ҳазору 377 килограм маҳсулоти гуногуни хӯрокворӣ, ки муҳлати истеъмолиашон гузаштаанд, ба анбори нигоҳдории Агентӣ супорида шуд.

Ҳамзамон, мутахассисони Нозироти савдо бо фурӯшандагон ва соҳибкорон суҳбату вохӯриҳоро доир карда, ба онҳо риояи қоидаҳои савдо ва хизматрасониро фаҳмонанд.

Аз ҷумла, дар моҳи майи соли равон аз ҷониби ҳайати гурӯҳи корӣ дар Ҷамъияти саҳомии кушода «Автоколонна 2927», Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди «Бозори Фаровон Д», Бозорчаи Зарафшон, инчунин, Корхонаи воҳиди даавлатии «Бозори Деҳқон» ва «Бозори Меҳргон»-и шаҳри Душанбе бо фурӯшандагон ва соҳибкорон корҳои фаҳмондадиҳӣ доир гардид.

Бо вуҷуди корбарии мутахассисони агентӣ дар 4 моҳи соли 2025 ба миқдори 191 ҳазору 750 килограм маҳсулоти гуногуни пастсифати ғизоӣ ба қайд гирифта шудааст, ки ба талабот ҷавобгўй набуданд.

Аз ҷумла, дар озмоишгоҳҳои ташхисии маҳсулоти ғизоии Агентии Тоҷикстандарт аз рўи сифату бехатарӣ ва тамғагузорӣ 11031 кг маҳсулоти гӯштӣ, 1368 кг равғани растанӣ, 725 литр нӯшокиҳои спиртӣ, 1122 литр нӯшокиҳои ғайриспиртӣ, 267 кг маҳсулоти қаннодӣ, 30 ҳазору 895 килограм намак ва дигар маҳсулот, ки қисми зиёдашон маҳсулоти воридотӣ ба ҳисоб меравад, ғайристандартӣ дониста шуда, мутобиқи тартиби муқарраргардида нисбат ба воридкунандагони ин маҳсулот чораҳои маъмурӣ андешида шуданд.

Агентии «Тоҷикстандарт» соҳибкоронро даъват  менамояд, ки барои дуруст нигоҳ доштани молу маҳсулоти хӯрокворӣ ва нӯшокиҳои ташнагишикан дар фасли гармо, ки омили асосии таъмини бехатарӣ ва амали саривақтӣ мебошад, чораҷӯйӣ намоянд. Аз ин рӯ, ҳар фурӯшанда ва ё соҳибкорро мебояд ба риоя ва нигоҳдории дурусти маҳсулот аҳамият диҳад.

Зарангези ЛАТИФ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июнь 7, 2025 11:10

Хабарҳои дигари ин бахш

Қитъаи муҳими роҳи Душанбе – Хоруғ – Қалъаихумб бо пулу нақб мавриди истифода қарор гирифт
Эмомалӣ Раҳмон: «Ба рушди Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон зиёда аз 25 миллиард сомонӣ равона шудааст»
Дар Хадамоти гумрук моҳияти қонунҳои миллӣ тавзеҳ дода шуд
Эмомалӣ Раҳмон: «Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон амалисозии 9 барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодӣ идома дорад»
Байни вилоятҳои Хатлони Тоҷикистон ва Ленингради Русия Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Махфират Хидирзода: «Ваҳдати миллӣ — ҳамгироӣ, ҳамбастагӣ, ҳаммаромӣ, таҳаммулпазирӣ ва кӯшиш барои ба даст овардани мақсади ягона аст»
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ЗЕРБИНОИ РУШДУ ОСОИШТАГӢ. Бо кӯшишҳои хастагинопазири Эмомалӣ Раҳмон миллати парешон сарҷамъ ва кишвар обод гардид
Раҳмон Исломиддин дар ҷаласаи навбатии Шурои байнидавлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсияи давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуд
Ваҳдати миллӣ — кафили сулҳу суботи Тоҷикистон
Тамоми комёбиҳои миллат ва саодати рӯзгори мардум аз иттиҳоди миллӣ ибтидо мегирад
Аҳлиддин Ибодуллозода: «Тарбияи насли нави ваҳдатофару ваҳдатсаро аз омӯзгорон – меъморони руҳи инсон вобаста аст»
Дар Турсунзода Фестивали саводнокии молиявӣ баргузор шуд