РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ МУҲИТИ ЗИСТ. Баҳодур Шерализода: «Ҷомеаи ҷаҳон Тоҷикистонро ҳамчун давлати ташаббускор дар соҳаи обу иқлим ва ҳифзи пиряхҳо эътироф намудааст»

ДУШАНБЕ, 05.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. «Баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки аз 29 то 31 май дар шаҳри Душанбе дар сатҳи баланди ташкилӣ баргузор шуд, Тоҷикистонро яке аз давлатҳои фаъол ва пешқадами ҷаҳон дар масъалаи мубориза бо оқибатҳои тағйирёбии иқлим муаррифӣ намуд. Ин чорабинии сатҳи баланд бозгӯи он аст, ки Тоҷикистон бо ташаббусҳои ҷаҳонии худ дар арсаи глобалии ҳифзи муҳити зист мавқеи устувор дорад ва метавонад ҷомеаи ҷаҳониро барои андешидани тадбирҳои муштарак муттаҳид созад». Чунин иброз намуд дар суҳбат бо хабарнигори АМИТ «Ховар» Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Баҳодур Шерализода дар Рӯзи байналмилалии муҳити зист, ки 5 июн дар саросари ҷаҳон таҷлил мегардад.
Тоҷикистон кишвари ташаббускор дар самти пешбурди масъалаҳои обу иқлим
Баҳодур Шерализода афзуд, ки Тоҷикистон аз замони ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар пешниҳоду баррасии масъалаҳои глобалии муҳити зист дар ҷаҳон ҳамчун мамлакати ташаббускор эътироф гардид».
Ба андешаи ӯ, дастгирӣ ёфтани иқдомҳои глобалии Тоҷикистон аз ҷониби СММ барои давлати Тоҷикистон шарафи бузург аст. Дар радифи ин, Тоҷикистон масъулияти азимро дар пешбурди масъалаҳои иқлим, ҳифзи муҳити зист ва вусъати ҳамкории байналмилалӣ ба зимма гирифтааст.
Ҷалби ҷомеа ба амалҳои воқеӣ дар роҳи ҳифзи муҳити зист
Рӯзи байналмилалии муҳити зист бо қарори Маҷмаи Умумии ССМ соли 1972, баъд аз баргузории Конфронси Стокголм оид ба муҳити зист таъсис ёфта, аз он вақт инҷониб Рӯзи байналмилалии муҳити зист ҳамчун платформаи глобалӣ барои баланд бардоштани огоҳии ҷомеа ва ташвиқи амалҳои ҳифзи муҳити зист хизмат мекунад. Ҳар сол як мавзуи муайян ва як кишвари мизбон интихоб мешавад, ки таваҷҷуҳи ҷаҳониро ба масъалаҳои муҳими экологӣ ҷалб менамояд.
Мақсади аслии ин рӯз ҷалби ҷомеа ва мақомоти дахлдори давлатию ҷамъиятӣ ба амалҳои воқеӣ дар роҳи ҳифзи муҳити зист, коҳиши ифлосшавӣ ва таъмини рушди устувор мебошад.
Бар зидди ифлосшавии муҳити зист бо пластик мубориза барем
Мавзуи асосии Рӯзи байналмилалии муҳити зист дар соли 2025 «Барҳам додани ифлосшавии пластикӣ» мебошад. Ин маърака, ки таҳти шиори «Бар зидди ифлосшавии муҳити зист бо пластик мубориза барем (Beat Plastic Pollution)» баргузор мешавад, ба ҷалби таваҷҷуҳи ҷомеаҳо, ҳукуматҳо ва бахшҳои хусусӣ барои коҳиш додани истифодаи пластик, такроран истифода ва коркарди он равона шудааст. Ҳадафи чораҳои банақшагирифташуда — ҳавасманд кардани амалҳои устувор ва гузариш ба иқтисоди даврӣ мебошад.
Ҷежу :«Ҷазираи бидуни пластик то соли 2040»
Мизбони расмии Рӯзи байналмилалии муҳити зист дар соли 2025 Ҷумҳурии Корея мебошад. Маросимҳои асосӣ дар ҷазираи Ҷежу баргузор мешаванд, ки он бо ташаббуси «Ҷазираи бе пластик то соли 2040» маъруф аст. Маротибаи дуюм аст, ки Кореяи Ҷанубӣ мизбони ин рӯз мегардад; нахустин маротиба дар соли 1997 ин иқдомро ба уҳда гирифта буд. Ин маърака бо музокироти Созишномаи ҷаҳонии пластикӣ, моҳи августи соли равон дар Женева идома меёбад, ки он ҳамоҳангсозӣ, аҳаммияти муборизаи глобалӣ ва пешгирии ифлосшавии пластикро таъкид мекунад.
Тоҷикистон дар самти ҳифз, нигаҳдорӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ иқдомҳои мушаххас роҳандозӣ менамояд.
Аз ҷиҳати дигар ин санаи муҳими экологӣ барои тамоми ҷомеаи башарӣ як рӯзи бедории фикр ва масъулияти умумӣ нисбат ба табиат ва захираҳои муҳити зист мебошад. Тоҷикистон ҳамчун узви фаъоли ҷомеаи ҷаҳонӣ дар самти ҳифз, нигаҳдорӣ ва истифодаи оқилонаи захираҳои табиӣ пайваста иқдомҳои мушаххас роҳандозӣ менамояд. Пешниҳод ва қабул гардидани Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо, ташаббусҳои марбут ба об ва иқлим, аз ҷумла ташкили Конфронсҳои байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳифзи пиряхҳо дар шаҳри Душанбе гувоҳи равшани саҳми мамлакати мо дар ҳалли масъалаҳои муҳитизистӣ мебошад.
Пазируфта шудани ташаббусҳои Тоҷикистон аз ҷониби СММ
Баҳодур Шерализода иброз намуд, ки Кумитаи ҳифзи муҳити зист- яке аз сохторҳои калидии давлатӣ буда, масъули ҳифз, истифодаи оқилона ва барқарорсозии захираҳои табиии ҷумҳурӣ мебошад. Дар соҳаи ҳифзи муҳити зист якчанд стратегияю барномаҳои давлатӣ қабул гардида, татбиқ гашта истодааст. Яке аз муҳимтарин ташаббусҳои пешниҳодшуда аз ҷониби Тоҷикистон, ки мавриди қабули Маҷмаи Умумии СММ қарор гирифт, эълон кардани «Солҳои байналмилалии амал дар соҳаи об барои рушди устувор, солҳои 2018–2028» мебошад. Ин пешниҳод аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод гардид ва дар сатҳи СММ пазируфта шуд.
Баланд бардоштани маърифати экологии шаҳрвандон
Кумита як қатор лоиҳаҳои экологӣ татбиқ карда истодааст, ки ҳадафашон коҳиши таъсири манфии инсон ба муҳити зист ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ мебошад. Ҳамчунин, Кумита ва мақомоти зерсохтори он чорабиниҳои гуногуни маърифатӣ ва тарбиявиро байни наврасон ва ҷавонон, табақаҳои гуногуни аҳолӣ баргузор мекунанд, ки мақсади асосии он баланд бардоштани сатҳи маърифати экологии аҳолӣ мебошад.
Саҳм гузоштан дар беҳбуд бахшидани вазъи экологии мамлакат
Мақомоти ҳифзи муҳити зист тибқи барномаҳои давлатӣ оид ба кабудизоркунӣ ва ободонӣ тадбирҳои муҳимеро дар саросари кишвар амалӣ менамояд, ки он барои баланд бардоштани масъулияти аҳолӣ барои ҳифзи муҳити зист, афзудани зебоии табиӣ ва солимии аҳолӣ мусоидат менамояд.Бахшида ба Рӯзи байналмилалии ҳифзи муҳити зист озмунҳои экологӣ бо ҷалби толибилмон, донишҷӯён, кормандони воситаҳои ахбори омма баргузор мешаванд, ки ҳадафи онҳо ҷалби бештари аҳолӣ, муассисаҳои таълимӣ ва сохторҳои давлатӣ ба масъалаҳои ободонии муҳити зист мебошад. Маҳз ҳамин гуна озмунҳо, ба монанди, «Маҳаллаи беҳтарин дар самти кабудизоркунӣ», «Мактаби намунавии сабз», «Кӯдаки табиатдӯст» ва ғайра ҳамчун воситаи амалии ҳавасмандсозӣ дар доираи барномаи давлатии кабудизоркунӣ ва ҳифзи муҳити зист амалӣ мегарданд.
Муҳити зист неъмати бебаҳо ва пойдевори ҳаёти инсоният аст
Мо – кормандони ҳифзи муҳити зист, вазифадорем, ки дар ҳама сатҳҳо фаъолияти худро дар асоси қонунгузории миллӣ ва меъёрҳои байналмилалӣ ба роҳ монем ва барои беҳбуд бахшидани вазъи экологии мамлакат саҳмгузор бошем. Итминон дорам, ки бо талошу ташаббусҳои дастаҷамъона ва содиқона, мо метавонем муҳити солимро барои наслҳои оянда таъмин намоем. Ба андешаи ҳамсуҳбати мо, Рӯзи байналмилалии муҳити зист дар тамоми мамлакатҳои ҷаҳон бо тантанаҳои таблиғотию маърифатӣ ташкил гардида, ба ин васила мардум аз вазъи кунунии муҳити зист ва хатарҳои зиёновари экологии давлати худ ва ҷаҳон огоҳӣ пайдо менамоянд.
Бо табиат оқилона муносибат намоем, зеро он хонаи мост!
— Бо табиат оқилона муносибат кардан, онро чун гавҳараки чашм муҳофизат намудан, вазифаи ҳар як сокини мамлакат маҳсуб ёфта, мақомоти ҳифзи муҳити зист, муассисаҳои таълимию тарбиявӣ, ҳар як коллективи меҳнатӣ уҳдадор аст, ки баҳри тарбияи маърифати экологии аҳолӣ, аз ҷумла, ҷавонону наврасон тадбирҳои муассир андешанд. Танҳо дар якҷоягӣ мо метавонем мушкилоти ҳифзи муҳити зистро, ки ҳаёти орому солимии ҳамаи мо аз он вобастагии калон дорад, ҳаллу фасл намоем, -иброз намуд дар анҷом Баҳодур Шерализода.
Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»
АКС аз манбаъҳои боз