Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоӣ Созишномаи сармоягузорӣ ба имзо расид
ДУШАНБЕ, 14.03.2026. /АМИТ «Ховар»/. Байни ширкати ҳавопаймоии хусусии «Shohin Airlines» ва Бунёди сармоягузории аврупоии «CFC s.r.o., osoba rizikoveho kapitalu» Созишномаи сармоягузорӣ ба муҳлати 5 сол ба имзо расид, иттилоъ медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба ширкати «Shohin Airlines».
Тибқи иттилои манбаъ, ин санад зимни марҳиллаи ниҳоии музокироти Директори генералии ширкати ҳавопаймоии «Shohin Airlines» Зафар Аҳмадзода ва муассиси Бунёди сармоягузории аврупоии «CFC s.r.o., osoba rizikoveho kapitalu» Гунтарс Селиковс дар шаҳри Душанбе ба имзо расид.
Ҳаҷми умумии маблағгузории пешбинишуда беш аз 200 миллион доллари амрикоиро ташкил дода, барои тавсеаи парки ширкати ҳавопаймоӣ, рушди фаъолияти амалиётӣ ва таҳкими инфрасохтори он равона хоҳад шуд.
«Имзои созишномаи сармоягузорӣ бо Бунёди сармоягузории аврупоӣ марҳалаи муҳим дар рушди ширкати ҳавопаймоии «Shohin Airlines» мебошад. Ҷалби сармояи дарозмуддат ба суръатбахшии тавсеаи парки ҳавопаймоӣ ва шабакаи парвозҳо, ҳамчунин саҳмгузорӣ дар рушди устувори авиатсияи граждании Тоҷикистон мусоидат менамояд»,- гуфт Зафар Аҳмадзода.
Инчунин дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо дурнамои шарикии стратегӣ ва сармоягузории дарозмуддат дар рушди авиатсияи граждании Тоҷикистонро баррасӣ намуданд. Зимнан гуфта шуд, ки дар пайи боло бурдани мақоми қарзии Тоҷикистон аз ҷониби агентиҳои байналмилалии Moody’s ва S&P Global Ratings, шарикони аврупоӣ ба устувории иқтисоди миллӣ изҳори боварӣ намуда, омодаанд ҳузури сармоягузории худро дар кишвар густариш диҳанд.
«Музокирот бо ширкати ҳавопаймоии «Shohin Airlines» беш аз шаш моҳ ҷараён дошт. Дар ин муддат дар Дубай ва дигар шаҳрҳои Аврупо якчанд вохӯриҳои корӣ баргузор шуданд, ки бароямон имкони омӯзиши муфассали бизнес–модели ширкат, арзёбии сатҳи касбии ҳайати идоракунанда ва доираи имкониятҳои бозорро фароҳам овард», — изҳор дошт Гунтарс Селиковс.
Гунтарс Селиковс ҳамчунин тазаккур дод, ки «лоиҳаи тавсеаи парки ҳавопаймоӣ аз ҷониби мо ҳамчун лоиҳаи афзалиятноки стратегӣ баррасӣ мешавад. Мо ба рушди иқтисоди Тоҷикистон диққати ҷиддӣ медиҳем ва маълумоти Агентиҳои Moody’s ва S&P Global Ratings тамоюли рушди устувори кишварро тасдиқ менамоянд. Ба татбиқи муваффақонаи ин лоиҳа итминон дорем».
Хотиррасон мешавем, ки «Shohin Airlines» — ширкати ҳавопаймоии хусусӣ буда, ба рушди авиатсияи гражданӣ, тавсеаи интиқолоти ҳавоӣ дар Осиёи Марказӣ ва дигар самтҳои байналмилалӣ нигаронида шудааст.
Айни замон ширкати ҳавопаймоӣ хизматрасонии фармоиши чархболро пешниҳод менамояд ва дар ояндаи наздик ғанисозии парки ҳавопаймоии худро бо ҳавопаймои L-410 NG ҳавопаймои мусофирбарии минтақавӣ, ки аз ҷониби ширкати чехии Aircraft Industries, a.s. истеҳсол карда мешавад дар нақша дорад, ки имкониятҳои мусофиркашонии минтақавиро боз ҳам васеъ менамояд.
Ширкат ҳамчунин бо истеҳсолкунандагони пешбари ҷаҳонӣ музокирот намуда, дурнамои рушди мусофиркашонии тиҷоративу боркашонӣ ва бизнес авиатсияро дар Тоҷикистон баррасӣ менамояд.
Бунёди «CFC s.r.o., osoba rizikoveho kapitalu» дар Чехия ба қайд гирифта шуда, бунёди сармоягузории аврупоӣ мебошад, ки дар бозорҳои сармояи Аврупо, кишварҳои Халиҷи Форс ва имкониятҳои сармоягузории Осиёи Марказӣ ва дигар кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил фаъолият мекунад. Стратегияи сармоягузории бунёд ба дастгирии лоиҳаҳои инфрасохторӣ ва технологӣ дар иқтисодиёти рушдёбанда нигаронида шудааст. Авиатсия ва инфрасохтори авиатсионӣ, ҳамлу нақл ва низомҳои нақлиётӣ, энергетикаи барқароршаванда ва зеҳни сунъӣ аз самтҳои афзалиятноки сармоягузории ин бунёд мебошанд. Иқтидори сармоягузории бунёд тақрибан 500 миллион евроро ташкил дода, саридораи бунёд дар Прага воқеъ аст.
АКС: «Shohin Airlines»








Масъалаҳои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Русия дар соҳаи энергетика баррасӣ гардиданд
Намояндаи Тоҷикистон дар Конфронси 30-юми ҷаҳонии сармоягузорӣ дар Женева иштирок кард
Тоҷикистон ва Қазоқистон дар соҳаи рушди низоми тиҷорати электронӣ ҳамкориро тақвият медиҳанд
Байни Тоҷикистон ва Арабистони Саудӣ дар самти муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ба имзо расид
САРФАИ НЕРУИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ АХЛОҚИИ ҲАР ЯК ШАҲРВАНД АСТ! Чанд тавсия дар Рӯзи байналмилалии сарфаи энергия
Дар Конфронси байналмилалии телекоммуникатсия се самти афзалиятноки рушди соҳаи алоқаи Тоҷикистон муаррифӣ гардид
РӮЗИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ САРФАИ ЭНЕРГИЯ. Истифодаи самараноки неруи барқ яке аз ҳадафҳои муҳими Стратегияи миллии рушди Тоҷикистон аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар соҳаи зеҳни сунъӣ густариш медиҳанд
Идоракунии устувори захираҳои обҳои зеризаминӣ дар Тоҷикистон баррасӣ гардид
Пахтакорони пешсафи ноҳияи Дӯстӣ қадрдонӣ карда шуданд
Дар ноҳияи Спитамен ба зимистонгузаронӣ ва таъмини фаъолияти устувори шабакаҳои барқӣ омодагӣ мебинанд
Ҳамкории саноатӣ ва сармоягузории Тоҷикистону Қазоқистон густариш меёбад






