Раҳмон Исломиддин дар ҷаласаи навбатии Шурои байнидавлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсияи давлатҳои аъзои ИДМ иштирок намуд

Июнь 27, 2025 08:57

ДУШАНБЕ, 27.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. 23-24 июн дар шаҳри Нижний Новгороди Федератсияи Русия ҷаласаи 67-уми Шурои байнидавлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ) баргузор гардид, ки дар кори он директори Агентии «Тоҷикстандарт» Раҳмон Исломиддин иштирок намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Агентии «Тоҷикстандарт» хабар доданд, дар кори ҷаласа масъули Кумитаи иҷроияи ИДМ, намояндаи Шурои байнидавлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва дигар мақомоти марбутаи Беларус, Қазоқистон, Қирғизистон, Озарбойҷон, Русия, Узбекистон ва Тоҷикистон, ҳамзамон, роҳбарони ташкилотҳои минтақавию байналмилалӣ иштирок намуданд.

Дар ҷаласа масъалаҳо вобаста ба рушди стандартизатсия, метрология, баҳодиҳии мутобиқат ва аккредитатсия барои баланд бардоштани сифат ва рақобатпазирии маҳсулоти истеҳсолшаванда, бартараф намудани монеаҳои техникӣ дар савдои байни давлатҳои аъзои ИДМ, иҷрои Нақша-чорабиниҳои амалигардонии Стратегияи рушди Шуро, таъсиси Кумитаҳои техникӣ оид ба стандартонӣ, баррасии фаъолияти комиссияҳои илмӣ-техникӣ ва тақвият додани робитаҳои илмӣ-техникӣ, қабули стандартҳои нав ва Озмун оид ба дарёфти Ҷоизаи ИДМ барои дастовардҳо дар соҳаи сифати маҳсулот ва хизматрасонӣ, мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.

Ҳамчунин дар ин раванд роҳбарону намояндагони мақомоти минтақавии соҳавӣ фикру мулоҳизаҳои худро оид ба такмил додани ҳамкорӣ иброз намуданд.

Вобаста ба масъалаҳои баррасишуда аз тарафи аъзоёни ҷаласа қарорҳои дахлдор қабул гардида, протоколи ҷаласаи 67-уми Шурои байнидавлатӣ ба имзо расид.

Масъалаҳое, ки дар ҳошияи ҷаласаи навбатӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд, барои аз байн бурдани монеаҳои техникӣ ва ҷорӣ намудани низоми идоракунии сифати маҳсулот дар корхонаҳои истеҳсолӣ тибқи меъёрҳои байналмилалӣ ва густариши ҳамкории байнидавлатӣ ва истеҳсоли молу маҳсулоти босифати ба талаботи бозори ҷаҳонӣ ҷавобгӯ мусоидат менамояд.

Бояд таъкид намуд, ки айни замон бо мақсади дастгирии рушди соҳибкорӣ дар самти баланд бардоштани сифати молу маҳсулоти содиротӣ ва рақобатпазир гардонидани маҳсулоти истеҳсоли ватанӣ, аз тарафи Агентӣ дар доираи ҳамкорӣ бо мақомоти марбутаи давлатҳои аъзои Шурои байнидавлатӣ якчанд андешидани тадбирҳо, аз ҷумла ҳамоҳангсозии стандартҳои байнидавлатӣ ба стандартҳои байналмилалӣ идома дорад ва ин барои корхонаҳои ватанӣ ҷиҳати истеҳсоли молу маҳсулоти босифату рақобатпазир ва татбиқи саноатикунонии мамлакат судманд мебошад.

Дар доираи ҷаласаи 67-уми Шурои байнидавлатӣ оид ба стандартизатсия, метрология ва сертификатсияи ИДМ бо мақсади таҳкими ҳамкории дуҷонибаи соҳавӣ аз ҷониби директори Агентии «Тоҷикстандарт» Раҳмон Исломиддин ва роҳбари Агентии Федералӣ оид ба танзими техникӣ ва метрологияи Федератсияи Русия Антон Шалаев Нақшаи ҳамкорӣ оид ба татбиқи Ёддошти тафоҳум ҷиҳати ҳамкорӣ дар соҳаи стандартизатсия ва метрология байни Агентии стандартизатсия, метрология, сертификатсия ва нозироти савдои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Федералӣ оид ба танзими техникӣ ва метрологияи Федератсияи Русия барои давраи солҳои 2025-2027 ба имзо расонида шуд.

Лозим ба таъкид аст, ки тақвият додани ҳамкорӣ бо Агентии Федералӣ оид ба танзими техникӣ ва метрологияи Федератсияи Русия дар доираи санади мазкур ба рушди соҳа, фароҳам овардани имконияти омодасозии кадрҳо дар соҳаи стандартизатсия ва метрология, гузаронидани вохӯриҳои коршиносон, семинару конфронсҳо, дар ин замина коҳиш додани монеаҳо дар савдо, тавсеаи тиҷорати мутақобила ва таҳкими иқтисоди миллӣ замина мегузорад.

АКС: Агентии «Тоҷикистандарт»

Июнь 27, 2025 08:57

Хабарҳои дигари ин бахш

Агентии авиатсияи гражданӣ: Соли 2025 аз Тоҷикистон ба 16 кишвари хориҷӣ парвозҳои ҳавоӣ ташкил карда шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Вазорати нақлиёти Тоҷикистон 11 лоиҳаи сармоягузорӣ амалӣ мегардад
«ШОҲИН ЭЙР» ДАР КАНОРИ АБРҲО. Дар Тоҷикистон ширкати нави ҳавопаймоии хусусӣ ба фаъолият шуруъ намуд
Агентии авиатсияи гражданӣ: Соли 2025 Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе ба зиёда аз 8 ҳазору 800 хатсайр хизмат расонид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар доираи Стратегияи рушди соҳаи алоқа сатҳу сифати алоқаи мобилӣ ва интернет 100 % таъмин карда мешавад
Агентии авиатсияи гражданӣ: «Тоҷикаэронавигатсия» соли 2025 ба зиёда аз 48 ҳазор киштии ҳавопаймоӣ хизмат расонид
Агентии авиатсияи гражданӣ: Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе  ба  зиёда аз 2,1 миллион мусофир хизмат расонид
Хушкмеваҳои Тоҷикистон дар «Gulfood Dubai» ба намоиш гузошта шуданд
Дар ноҳияҳои Қубодиён ва Ҷайҳун неругоҳҳои барқи офтобӣ ва бодӣ бунёд мегарданд
Сарраёсати Вазорати молия дар вилояти Хатлон ба маблағи 7 миллион сомонӣ камбудии молиявӣ ошкор намуд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Барои риоя накардани талаботи бехатарии саноат 226 нафар ба ҷавобгарии маъмурӣ кашида шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар 824 деҳаи Тоҷикистон таҳқиқоти муҳандисию геологӣ гузаронида шуд