САЙРИ БАДАХШОН. Дар вилоят 647 адад ёдгориҳои таърихӣ, табиӣ ва монументалӣ ҷойгир мебошанд

Июнь 29, 2025 17:30

ДУШАНБЕ, 29.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 647 адад ёдгориҳои таърихӣ, табиӣ ва монументалӣ ҷойгир мебошад, ки таваҷҷуҳи сайёҳони дохиливу хориҷиро ба тамошои он ҷалб менамоянд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Аз 647 адад ёдгориҳои таърихӣ, табиӣ ва монументалии вилоят- 57-то дар Дарвоз, 28-то дар Ванҷ, 86 -то дар Рӯшон, 92-то дар Шуғнон, 67 –то дар Роштқалъа, 103–то дар Ишкошим, 200 –то дар Мурғоб ва 14-то дар Хоруғ ба қайд гирифта шудааст.

Дар ин самт ҷустуҷӯ ва тадқиқот идома дошта, то ҳол аксари ёдгориҳои таърихӣ таснифу таҳқиқ нашудааст, ки ин онҳо дар кадом шаклу намуд боқӣ мондаанд.

Қалъаи Ямчун дар Юнеско ба сифати «Ёдгориҳои роҳи Абрешим» сабт шудааст

Яке аз ёдгориҳои таърихии минтақаи Бадахшон Қалъаи Ямчун мебошад, ки он қадимтарин қалъа дар Осиёи Марказӣ ба ҳисоб рафта, дар асри III пеш аз мелод то асри VIII мелодӣ қомат афрохтааст.

Қалъаи Ямчун ҳамчун калонтарин ёдгории таърихии Тоҷикистон дар баробари 7 ёдгории дигари маъруфи Тоҷикистон дар Юнеско ба сифати «Ёдгориҳои роҳи Абрешим» сабт шудааст.

Қалъа дар баландии 3164 метр аз сатҳи баҳр ҷойгир аст. Ин қалъа дар қисмати шарқию шимолии ноҳияи Ишкошим, дар масофаи 178 километр аз маркази маъмурии вилояти Бадахшон- шаҳри Хоруғ ва аз маркази ноҳияи Ишкошим дар масофаи 72 километр қарор дорад.

Мувофиқи маълумоти бостоншиносон, қалъаи мазкур секунҷашакл буда, аз се қисм иборат аст. Майдони якум диж буда, аз се қисм иборат аст. Ду майдони дигар барои амалиёти муҳофизатӣ махсус гардонда шудааст. Атрофи деворро 36 бурҷ иҳота мекардааст. Дарозии девори қалъа 950 метр ва бараш то 400 метр буд. Қалъа тавре сохта шуда буд, ки барои муҳофизон мувофиқ бошаду барои мардум ҳамчун паноҳгоҳ хизмат намояд. Масолеҳи бинокорӣ аз сангу гил ва хишти гилин буда, қатъи назар аз боду борон, ярч ва заминҷунбиҳо, комилан ҳифз шудааст. Мутобиқати меъмории қалъа ва замине, ки дар он ҷойгир аст, беназир мебошад.

Барои ба ин минтақаи сайёҳӣ рафтан сайёҳон метавонанд аз нақлиёт: автобусҳои хурд ва мошинҳои хусусӣ истифода баранд. Инчунин ба сайёҳон зарур меояд, ки 8 км роҳи болоӣ ва ё 4 км роҳи ростро барои баромадан ба қуллаи баланд тай намоянд.

Ванҷях — калонтарин пиряхи кӯҳӣ дар ҷаҳон

Пиряхи Ванҷях (Федченко) яке аз калонтарин пирях дар ҷаҳон маҳсуб шуда, дарозтарин пиряхи берун аз минтақаҳои қутбӣ мебошад. Масоҳати пирях тақрибан 700 км² буда, дар байни пиряхҳои Авруосиё пиряхи Ванҷях аз ҷиҳати масоҳат ҷои дуюмро ишғол менамояд.

Пиряхи Ванҷях дар қисми болооби дарёи Ванҷ, дар домани қӯллаҳои барфпӯш ва манзараҳои нотакрор ҷойгир аст. Он яке аз маконҳои табиии ҷолибу нодир дар Тоҷикистон ба шумор меравад ва дар солҳои охир таваҷҷуҳи сайёҳони дохиливу хориҷиро ба худ ҷалб мекунад.

Тибқи иттилои масъулини бахши сайёҳии вилоят, тайи солҳои охир шумораи сайёҳоне, ки ба дидани пиряхи Ванҷях ба Тоҷикистон меоянд, афзудааст. Масъулини ширкатҳои маҳаллии сайёҳӣ ба дӯстдорони сайёҳии кӯҳнавардӣ, экологӣ ва пиряхшиносӣ тавсия медиҳанд, ки фасли беҳтарини сафари кӯҳӣ ба ин макон аз моҳи июн то сентябр маҳсуб мешавад.

Ёдовар мешавем, ки Ванҷях калонтарин пиряхи кӯҳӣ дар ҷаҳон аст, ки дар шимолу ғарбии Помир ҷойгир аст. Он аз нишебиҳои шимолии қаторкӯҳи Язгулом оғоз шуда, ба нишебии шарқии қаторкӯҳи қуллаи Академияи илмҳо мерасад. Пиряхро пажӯҳишгари машҳури Осиёи Марказӣ, энтомолог ва сайёҳ Василий Федорович Ошанин (1844-1917) дар соли 1878 кашф кардааст. Ӯ аввалин тадқиқотчии аврупоиест, ки қадами ӯ ба пояи пирях расидааст.

Қалъаи Вамар -ёдгории муҳташами Тоҷикистон

Қалъаи Вамар яке аз ёдгориҳои муҳташами Тоҷикистон ба шумор меравад, ки мутобиқи ҳуҷҷатҳои шифоҳӣ мансуби қарни X ва мувофиқи санадҳои хаттӣ ба қарни XVI тааллуқ дорад.

Ҳамасола садҳо сайёҳону меҳмонони хориҷӣ ба умеди дидани он ва дигар ёдгориҳои таърихӣ ба Бадахшон меоянд. Қалъа Вамар далеле аз фарҳанги бостонии миллати тоҷик, нишоне аз талошҳои ниёгони мо барои ҳифзи марзу бум ва пойдории давлатдории миллӣ мебошад.

Қалъа дар майдони 1,5 гектар замин ҷой гирифта, аз 6 бурҷ, 3 дарвоза ва 6 тӯпхона иборат аст. Паҳноии деворҳо 7 метр буда, баландии онҳо дар баъзе ҷойҳо ба 50-60 метр мерасад. Деворҳо бо ғуллачӯбҳои ниҳоят ғафс таҳким ёфта, санги сохтмон дар масофаи ду километр аз маҳаллаи Чавнроб оварда шудааст.

Ба гуфтаи сокинони солхӯрдаи ноҳия, қалъа ва муҳити атрофи он аз зеботарин маҳалҳои Рӯшон будааст. Дар байни қалъа чанори азим ва дар зери он чоҳи обгузар мавҷуд буд, ки ба воситаи он аз соҳили рӯди Панҷ ба қалъа об меовардаанд. Қалъа боғи бузурге бо анвои зиёди дарахтони баҳрадору сояафкани аз Покистону Ҳиндустон, Дарвоз, Кӯлобу Ҳисор овардашуда, доштааст. Дар пешорӯи қалъа майдоне бо номи Ригакмайдон воқеъ будааст, ки ҷойи баргузории маҳфилҳои идона, созу мусиқӣ, бозиҳои халқӣ маҳсуб мешуд.

Қалъаи Вамар дар гузашта ҳамчун маркази сиёсӣ, низомӣ ва фарҳангии воҳиди ҳокимияти Рӯшон хизмат мекард. Дар дохили қалъа хонаҳо, боғчаҳо ва майдончаҳои махсус барои баргузории ҷашнҳо, мусобиқаҳои миллӣ ва бозии бузкашӣ ҷойгир буданд.

Бо мурури замон, қалъа қисман тахриб гардид ва қисми он ҳамчун пойгоҳи низомӣ истифода мешуд. Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва кӯшиши Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин макон як қатор корҳои таъмиру барқарорсозӣ анҷом дода шуд. Бо эҳёи пурраи Қалъаи Вамар ва таблиғи он тавассути воситаҳои ахбори омма, метавон ба рушди сайёҳии таърихӣ ва муаррифии фарҳанги бойи Бадахшон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат кард.

Бояд гуфт, ки мероси таърихию фарҳангии тоҷикон маҳсули ташаккули ин миллати қадимӣ ба шумор меравад. Он маҳсули тафаккур ва эҷоди тоҷикони тамаддунофар буда, таърихи миллати моро дар давраҳои гуногуни ҳаёти ҷамъиятии ниёгон- аз давраҳои антиқа то имрӯз дар шакли бошишгоҳ, маъбадҳо, қасру қалъа, мақбара, мадраса ва дигар намуди хоси фарҳанги мероси ғайриманқули миллӣ таҷассум менамояд. Имрӯз шумораи зиёди сайёҳон маҳз аз ин ёдгориҳои таърихии дидан намуда, дар ин мавзеъҳо корҳои илмию эҷодӣ ва таҳқиқоти ҳадафмандро анҷом медиҳанд.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид таъкид намудаанд: «Дар шароити ҷаҳонишавӣ яке аз вазифаҳои асосии ҳар давлат ҳифзи асолати миллӣ, забон, фарҳанг, аз ҷумла ёдгориҳои таърихӣ мебошад».

Моҳинави Наврӯз,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Июнь 29, 2025 17:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Дарвоз истеҳсоли картошка 3 баробар, сабзавот 5 ва мева 9 баробар афзоиш ёфтааст
РАҚАМИКУНОНӢ. Маркази тамос барои хизматрасонӣ ба нафақагирон тавассути рақами кутоҳи 3900 фаъол гардид
ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Чӣ гуна худ ва атрофиёнро аз чангу ғубор муҳофизат намоем?
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои фоиданокӣ қаламфури булғориро бе коркард, дар шакли тару тоза истифода баред
Дар шаҳри Бӯстон сохтмони корхонаи муосири забҳи парранда идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Бо гузашти 28 сол аҳамияти Ваҳдати миллӣ дар рушди иқтисодии Тоҷикистон бештар эҳсос мешавад
Фаъолияти иҷтимоӣ ва фарҳангӣ яке аз воситаҳои муассири таҳкими ваҳдати миллӣ мебошад
Муовини Раиси ноҳияи Данғара Зуҳро Ҳакимзода: «Мардум ба Пешвои миллат боварӣ ва эътимод дорад»
Тоҷикистон дар партави ваҳдати миллӣ ба сӯи шукуфоии нав қадам мегузорад
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — ПОЯИ ҲАСТИИ ДАВЛАТ ВА НЕРУИ СОЗАНДАИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳои ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб