Санъати нодир — кундал дар Тоҷикистон рушд меёбад
ДУШАНБЕ, 15.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар фонди Осорхонаи миллии Тоҷикистон коллексияи «Кандакорӣ ва кундал» мавҷуд аст, ки зиёда аз 380 ададро ташкил медиҳанд. Кундал, ки ба таври дигар нақшу нигори возеҳ меномандаш, намунаи санъати анъанавии Осиёи Марказӣ аст, ки танҳо дар Тоҷикистон боқӣ монда, ривоҷ меёбад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Осорхонаи миллии Тоҷикистон хабар медиҳад.
Зебоии кундал дар асоси ба ҳам пайвастани тимсолҳои мураккаб, омехтани шаклҳои табииву ҳандасӣ, бозии тахайюл бо рангҳо асос гирифта, ҳар намунаи он ҳунари хондан ва дарк карданро талаб мекунад.
Мувофиқи тахмини олимон, замони пайдоиши ин санъати нодир ба асри ХV рост меояд. Замоне, ки дар як қатор ёдгориҳои қадимаи Самарқанд (Шоҳи Зинда, Гӯри Амир, Оқсарой) усули нави ороиш рӯи кор омад, инчунин қисмҳои ҷудогонаи сақф ва деворҳои дохили биноҳоро нақшу нигори аҷибе бо истифодаи миқдори зиёди тилло оро медод, ки ба дебо шабоҳат дошт.
Дар таркиби коллексияи «Кандакорӣ ва кундал» асарҳои устодони барҷастаи ҳунари тоҷик, аз қабили Ҳамроқул Шарифов, Мирзораҳмат Олимов, Кароматулло Ғаюров, Мирсаидов Саъдулло, Сироҷиддин Нуритдинов, Алӣ Яҳёев ва дигарон мавҷуданд, ки дар ошёнаи сеюми шуъбаи санъати тасвирӣ ва амалии Осорхонаи миллӣ ба маърази тамошо гузошта шудаанд. Ҳамарӯза ин коллексияро ҳазорҳо нафар шаҳрвандони дохилию хориҷӣ тамошо мекунанд.
Ёдовар мешавем, ки устодони барҷастаи кундал дар мамлакат Ҳамроқул Шарифов ва Мирзораҳмат Олимов маҳсуб мешаванд. Мирзораҳмат Олимов асосгузори мактаби миллии кундал буда, анъанаҳои онро дар шаҳри Душанбе фаъолона паҳн мекард. Аз пайравони ӯ дар шаҳри Душанбе мебояд Кароматулло Ғаюров ва Тошқувват Ҳаитовро ном бурд.
АКС: Осорхонаи миллии Тоҷикистон








«ТОҶИКИСТОН-ВАТАНИ АЗИЗИ МАН». Дар ҳашт сол шумораи иштирокчиёни озмун ба беш аз 33 ҳазор нафар расидааст
Доир ба таъриху фарҳанги Кӯшониён конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор шуд
Маросими ҷоизасупории даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» оғоз гардид
«КОРВОНИ КИТОБ-2026». Беш аз 6 ҳазор нусха китоб ба шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоб ройгон тақдим мегардад
Дар мавзуи «Шинохти Мавлоно дар ҷаҳони муосир» ҳамоиши илмӣ доир шуд
Густариши ҳамкории фарҳангии Тоҷикистону Озарбойҷон баррасӣ гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар Форуми 7-уми байналмилалии «Муколамаи байнифарҳангӣ» дар Боку иштирок намуд
«ГАНҶИНАИ ТАЪРИХ ВА ФАРҲАНГИ ТОҶИКОН». Таҳти ин унвон дар Тоҷикистон озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз мегардад
Дар Тоҷикистон Фестивали VIII байналмилалии театрҳои лӯхтак «Чодари хаёл» ҷамъбаст гардид
Оид ба омӯзиши Панҷакенти қадим конференсияи илмӣ баргузор мешавад
Дар Хоруғ муассисаҳои соҳаи фарҳанг навсозӣ мешаванд
Муовини Вазири фарҳанг ва иршоди исломии Эрон дар Осорхонаи миллӣ бо тамаддуни бостонии тоҷикон шинос шуд






