«САОДАТИ МИЛЛАТ ДАР ВАҲДАТ АСТ». Дар Китобхонаи миллӣ таҳти ин унвон ҳамоиш баргузор шуд
ДУШАНБЕ, 25.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. 24 июн дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ таҳти унвони «Саодати миллат дар ваҳдат аст» ҳамоиш баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Китобхонаи миллӣ хабар доданд.
Зимни ҳамоиш гуфта шуд, ки имрӯз Ваҳдати миллӣ ҳамчун пояи муҳими Истиқлоли давлатӣ ва рушду шукуфоии давлат арзёбӣ мешавад. Ваҳдат на танҳо як шиор, балки амали ҳаррӯзаи мардум гаштааст. Таҷрибаи давлатҳои муваффақ нишон медиҳад, ки бидуни ваҳдати миллӣ, на амният барқарор мешавад, на иқтисод рушд меёбад ва на фарҳангу илм такомул меёбад.
«Вақте мо аз саодати миллат ҳарф мезанем, наметавонем онро аз ваҳдат ҷудо тасаввур кунем. Ваҳдат рамзи умеду зиндагии шоиста мардум буда, маҳз тавассути ин арзиши олӣ миллати тоҷик тавонист ба зиндагии саодатманд ноил гардад»,-гуфта шуд дар ҳамоиш.
Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳо бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ иброз доштанд: «Ваҳдати миллӣ барои мо дастоварди ниҳоят пурарзиш, шарти асосии некӯаҳволии халқамон ва таҳкурсии боэътимоди пешрафту ободии Ватани маҳбубамон мебошад. Аз ин лиҳоз, вазифаи ҳар шахси худшиносу худогоҳ, ватандӯсту ватанпарвар аз он иборат аст, ки ваҳдати миллиро чун гавҳари бебаҳо ва дастоварди ниҳоят азиз ҳифз намояд ва онро дар радифи дигар муқаддасоти миллиамон пос ва гиромӣ дорад».
Дар ҳамоиш таъкид шуд, ки фазои сулҳу суботи комил ва пешрафти босаодати ҷомеа ба ин сана иртиботи қавӣ дорад. Зеро ваҳдату якдилӣ ва эҳсоси ватандӯстии сокинони мамлакат пойдевори мустаҳками истиқлоли давлат буда, моро водор месозад, ки барои ҳифзи ин арзишҳои муқаддас ҳамаҷониба талош намоем.
АКС: Китобхонаи миллии Тоҷикистон








«САҲМИ МАН ДАР ШАҲРИ МАН». Имрӯз бахшида ба Рӯзи пойтахт иқдоми шаҳрӣ доир карда мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон бориши борон дар назар аст
Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд






