Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолони ноҳияи Роштқалъа мулоқот намуданд

Июнь 26, 2025 14:10

ДУШАНБЕ, 26.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. 26 июн Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди ифтитоҳи як қатор иншоот дар ноҳияи Роштқалъа бо роҳбарону фаъолони ноҳия мулоқот намуданд.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафари корӣ ба ноҳияи Роштқалъаро натиҷагирӣ намуда, барои иҷрои дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди роҳбарияти Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва ноҳия вазифаҳои мушаххас гузоштанд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба ифтитоҳи як қатор иншооти муҳимми таъиноти иқтисодиву иҷтимоӣ андешаронӣ намуда, ба фаъолият оғоз кардани неругоҳи барқии обии “Себзор” бо иқтидори 11 мегаваттро руйдоди муҳими ин сафар номиданд.

Гуфта шуд, ки тибқи нақшаи бунёдкориву ободонӣ ба истиқболи ҷашни 35-солагии истиқлоли давлатӣ дар ноҳияи Роштқалъа бунёду навсозии 206 иншооти истеҳсоливу иҷтимоӣ пешбинӣ гардида, то имрӯз корҳо дар 124-тои он ба анҷом расонида шудааст.

Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз дастгириҳои Ҳукумати кишвар дар даврони соҳибистиқлолӣ барои ҳалли масъалаҳои иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Роштқалъа ва таъмин намудани рушди он ёдовар шуда, иброз доштанд, ки аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ беш аз 2 миллиард сомонӣ равона карда шудааст. Дар ин давра аз буҷети давлат 545 миллион сомонӣ, аз ҷумла беш аз 320 миллион сомонӣ маблағҳои мақсаднок барои пӯшонидани хароҷоти буҷети ноҳия ҷудо гардидааст.

Зикр гардид, ки то имрӯз дар ноҳия барои сохтмону таъмир ва таҷҳизонидани муассисаҳои таълимӣ ва тиббӣ, таҷдиди роҳҳои мошингард, зиёд намудани иқтидорҳои истеҳсол ва интиқоли неруи барқ, рушди соҳаи кишоварзӣ ва дастгирии хоҷагиҳои деҳқонӣ, соҳилмустаҳкамкунӣ ва пешгирӣ аз зарари офатҳои табиӣ татбиқи 11 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи 60 миллион сомонӣ анҷом дода шудааст. Ҳоло амалисозии боз 6 лоиҳаи дигар ба маблағи 724 миллион сомонӣ идома дорад.

Президенти кишвар таъкид намуданд, ки дар 15 соли охир аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президент дар ноҳияи Роштқалъа 10 иншооти таъиноти иҷтимоиву маъмурӣ ба маблағи умумии беш аз 90 миллион сомонӣ сохта, ба истифода супорида шудааст. Илова бар ин, сохтмони боз 4 иншооти дигар, аз ҷумла бинои баландошёнаи истиқоматӣ барои хизматчиёни давлатӣ, қасри фарҳанг, беморхонаи марказии ноҳия ва кӯдакистон дар маркази ноҳия ба маблағи умумии 227 миллион сомонӣ оғоз гардидааст.

Вобаста ба мавҷуд будани захираву имкониятҳои истифоданашуда дар ноҳия, хусусан, дар самти коркарди сангҳои ороишиву сохтмонӣ, маҳсулоти кишоварзӣ ва дар ин замина ба роҳ мондани истеҳсоли маҳсулоти гуногуни истеъмолӣ ва рушди ҳунарҳои мардумӣ вазорату идораҳои марбута ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ вазифадор шуданд, ки тавассути таъсиси коргоҳу корхонаҳои истеҳсолӣ ҷиҳати истифодаи имкониятҳои мавҷуда барои рушди саноат чораҳои зарурӣ андешанд.

Сарвари давлат барои рушди соҳаи кишоварзӣ ба масъулин супориш доданд, ки барои истифодаи самараноки ҳар як ваҷаб замин, аз ҷумла дар заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентӣ ба роҳ мондани кишти саривақтии зироатҳо, беталаф ҷамъоварӣ намудани ҳосил ва афзоиш додани истеҳсоли маҳсулоти чорводорӣ ва парандапарварӣ тадбирҳои судманд андешанд.

Ҳамчунин, Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазоратҳои дахлдорро вазифадор намуданд, ки барои баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ, беҳтар намудани вазъи санитариву эпидемиологӣ ва зиёд намудани фарогирии кӯдакони синни томактабӣ ба таҳсил, ҷалби омӯзгорони ҷавон ва ҳалли масъалаи муассисаҳои таълимии таъмирталабу садамавӣ тадбирҳои муассир андешанд.

Дар фароварди сухан Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки мардуми ватандӯсти ноҳияи Роштқалъа барои боз ҳам ободу зебо гардонидани сарзамини аҷдодӣ ва таҳкими пояҳои давлати соҳибистиқлоли хеш саъю талоши бештар хоҳанд кард.

Мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Роштқалъа 26.06.2025

Июнь 26, 2025 14:10

Хабарҳои дигари ин бахш

35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Вахш корхонаи истеҳсоли маҳсулоти полиэтиленӣ ба фаъолият оғоз намуд
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бахшида ба 33-солагии таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар Бадахшон корҳои созандагию бунёдкорӣ вусъат меёбанд
СОЛИ ОБОДОНИВУ СОЗАНДАГӢ. Дар ҳудуди ёдгориҳои таърихии ноҳияи Данғара ҳашари тозагӣ ва сабзкорӣ гузаронида шуд
Таҳти раёсати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷаласаи Шурои амният баргузор гардид
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии моҳи шарифи Рамазон
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Узбекистон Абдулло Ориповро ба ҳузур пазируфтанд
СОЛИ СОЗАНДАГИЮ БУНЁДКОРӢ. Дар деҳаи Нурафшони шаҳри Турсунзода толори варзишӣ ба истифода дода шуд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон Ермек Кошербаевро ба ҳузур пазируфтанд
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба як қатор қонунҳо имзо гузоштанд
Паёми табрикотии видеоӣ ба Раиси Ҷумҳурии Мардумии Чин Си Ҷинпин ба муносибати оғози Соли нави чинӣ – Иди Баҳор
Дар ноҳияи Мастчоҳ корхонаи истеҳсоли равғани пахта бунёд мешавад