«САЁҲАТ БА ҚАЛБИ АВРУОСИЁ». Иштирокчиёни экспедитсия бо фарҳанг ва анъанаҳои мардуми Қазоқистон шинос шуданд

Июнь 23, 2025 16:45

ДУШАНБЕ, 23.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем,  моҳҳои июн-июли соли 2025 дар Тоҷикистон экспедитсияи байналмилалии сайёҳии «Саёҳат ба қалби Авруосиё-2025» баргузор мешавад. Айни замон экспедитсия дар Ҷумҳурии Қазоқистон   қарор дорад. Дар ин хусус намояндаи воситаҳои ахбори оммаи Тоҷикистон Муҳаммадҷони Файзимад, ки дар ин экспедитсия иштирок дорад, ба мухбири АМИТ «Ховар» иттилоъ дод.

Тибқи иттилои манбаъ, 19 июн экспедитсия дар Ҷумҳурии Қазоқистон оғоз гардид, ки  13 рӯз идома меёбад.

«Иштирокчиёни экспедитсия аз шаҳри Аралски Ҷумҳурии Қазоқистон ба шаҳри Кӯлоби вилояти Хатлони Ҷумҳурии Тоҷикистон паёми дӯстию бародариро мебарад, ки ин паём рамзи таҳкими робитаҳои фарҳангӣ ва иқтисодии байни ду шаҳр мебошад. Аҳамияти ин паём дар он аст, ки он на танҳо дӯстии тарафайнро мустаҳкам мекунад, балки заминаи ҳамкории минтақавиро дар соҳаҳои иқтисод, фарҳанг ва сайёҳӣ фароҳам меорад»,-гуфт Муҳаммадҷони Файзимад.

Дар шаҳри Аралски Ҷумҳурии Қазоқистон иштирокчиёни экспедитсия Маҷмааи «Хиёбони моҳигирон», ки ҳамчун макони фарҳангии ҳифзи анъанаҳои моҳидории маҳаллӣ шинохта шудааст, тамошо намуданд.

«Мо бандари баҳри Аралро аз наздик дидем. Ба мо иттилоъ доданд, ки имрӯз ин бандар бо сабаби хушкшавии баҳр аз фаъолият бозмондааст, вале ҳамчун рамзи таърихии минтақа эътироф мешавад. Ҳамчунин бо Осорхонаи моҳигирон, ки таърихи бойи моҳидории Аралскро нишон медиҳад, ва киштии Лев Берг, ки дар гузашта дар баҳри Арал шино мекард, ҳоло ҳамчун осори таърихӣ нигоҳ дошта мешавад, шинос шудем»,-иброз дошт ҳамсуҳбати мо.

Инчунин ҳайати экспедитсия аз Мамнӯъгоҳи давлатии табиии Берсикелмес, ки барои ҳифзи намудҳои ноби ҳайвоноти минтақа, аз ҷумла ҳайвоноти баҳри Арал муҳим аст, дидан намуданд. Ин мамнӯъгоҳ барои таҳқиқоти экологӣ ва нигоҳдории биоқутбӣ аҳамияти назаррас дорад.

Ёдовар мешавем, ки Экспедитсияи байналмилалии «Саёҳат ба қалби Авруосиё» бо ҳадафи муаррифии мероси фарҳангӣ, қавӣ сохтани риштаҳои дӯстӣ, таҳкими ҳамкории минтақавӣ, омӯзиши таърихи Авруосиё ва рушди соҳаи сайёҳӣ аз ҷониби Ташкилоти мустақили ғайритиҷоратии «Маркази байналмилалии ҳамгироии минтақавӣ» ба роҳ монда шудааст.

Дар экспедитсия намояндагони вазорату кумитаҳо, воситаҳои ахбори омма, блогерон ва донишҷӯён аз 5 давлати Авруосиё, дар умум наздик ба 100 нафар иштирок доранд. Дар ҷараёни он беш аз 150 ҷаласаю форумҳои илмию иқтисодӣ, фарҳангию омӯзишӣ ва дигар чорабиниҳои канории сайёҳӣ ба нақша гирифта шудааст.

Дар ҷамъбасти экспедитсия, ки 22 июл дар пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон — шаҳри Душанбе баргузор мегардад, нахустин Форуми байналмилалии иқтисодии Осиёи Марказӣ доир мегардад.

Хотиррасон  мешавем, ки экспедитсияи байналмилалии сайёҳии «Саёҳат ба қалби Авруосиё-2025» 6 июн дар шаҳри Москваи Федератсияи Русия оғоз гардида, ҳайати экспедитсия тавассути 25 нақлиёт ба роҳ баромад.

Ин экспедитсия на танҳо роҳи муштараки фарҳангию таърихӣ, балки ҳамбастагие барои ояндаи дурахшони минтақа мегардад, ки дӯстиро абадӣ сохта, ҳамкориро мустаҳкам месозад ва ба наслҳои оянда мероси неки ваҳдати сартосариро ҳадя медорад.

Моҳинави Наврӯз,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъхои боз

Июнь 23, 2025 16:45

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 24 дараҷа гарм мешавад
Ҳаракати аввалин қатораи контейнерии озмоишӣ дар хатсайри «Чин – Тоҷикистон» ба самти Душанбе оғоз гардид
Дар ноҳияи Ёвон ба ифтихори Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ҳамоиш доир шуд
Хизмат дар сафи артиш нишонаи садоқат ба Ватан ва эҳсоси баланди ватандӯстӣ мебошад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Дар замини Литсейи касбии техникии саноати кишоварзии ноҳияи Ашт боғи зардолу бунёд карда мешавад
Дар қисми низомии Гвардияи миллӣ дар шаҳри Роғун ҳамоиш доир гардид
Дар Суғд соҳаи моҳипарварӣ рушд намудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон туман мефарояд
РИОЯИ ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Барои пешгирӣ аз бемории диабети қанд чӣ бояд кард?
ТАРЗИ ҲАЁТИ СОЛИМ. Дар боғҳои фарҳангӣ-фароғатии шаҳри Душанбе ҳар ҳафта машқҳои пагоҳирӯзӣ гузаронида мешаванд
Дар Коллеҷи омӯзгорӣ ва рақамикунонии шаҳри Бохтар Озмуни ҷумҳуриявии «Илм — фурӯғи маърифат» баргузор шуд