Шараф Шерализода дар иҷлосияи 59-уми Шурои ҳуқуқи инсони СММ иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 18.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. 16 июн Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария, намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Шуъбаи Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳои байналмилалӣ дар Женева Шараф Шерализода дар бахши сатҳи баланди иҷлосияи 59-уми Шурои ҳуқуқи инсони Созмони Милали Муттаҳид иштирок намуд.
Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария хабар доданд, Шурои ҳуқуқи инсон дар рафти кори 59-ум Иҷлосаш беш аз 60 гузориши аз ҷониби Дафтари Комиссари олии ҳуқуқи инсон, коршиносони ҳуқуқи инсон ва дигар мақомоти тафтишотӣ дар мавзӯъҳои гуногун марбут ба вазъи ҳуқуқи инсон дар беш аз 40 кишвари ҷаҳонро баррасӣ намуд. Дар маҷмӯъ Шуро 32 муколамаи интерактивӣ баргузор ҳоҳад кард.
Иҷлосияи мазкур аз 16 июн то 9 июли соли 2025 дар шаҳри Женева идома хоҳад ёфт.
АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Конфедератсияи Швейтсария








Сафири Тоҷикистон бо мушовири Президенти Федералии Австрия оид ба сиёсати хориҷӣ мулоқот намуд
Конфронси чоруми Душанбе дорои хусусияти фарогир, амалӣ ва ба оянда нигаронида хоҳад буд
Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини Дабири кулли СММ оид ба масъалаҳои иқтисодӣ ва иҷтимоӣ Ли Ҷунҳуа мулоқот намуд
Дар Ню-Йорк бо ибтикори Тоҷикистон бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии пиряхҳо ҳамоиш баргузор гардид
Ҳайати Тоҷикистон дар чорабинии сатҳи баланд бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии об дар Ню-Йорк иштирок намуд
Дар Сеул китоби «Анъанаҳои Наврӯз дар масири Шоҳроҳи абрешим» рӯнамоӣ гардид
Раванди оби Душанбе табодули афкор ва назарҳоро дар бораи нақши захираҳои об таъмин менамояд
Дар Донишгоҳи Ҳирошима Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Ҳамкории Тоҷикистон бо сохтори СММ оид ба масоили коҳиши офатҳои табиӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо мудири кулли ЮНЕСКО мулоқот намуд
Дар Москва ҷашни байналмилалии Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати хосса таҷлил намуданд
Муаррифии Тоҷикистон дар Намоишгоҳи байналмилалии китоб дар шаҳри Минск идома дорад






