Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти 4-уми вазирони корҳои хориҷии Муколамаи «Осиёи Марказӣ-Ҳиндустон» иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 07.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. 6 июн дар шаҳри Деҳлии Нав нишасти 4-уми вазирони корҳои хориҷии Муколамаи «Осиёи Марказӣ-Ҳиндустон» баргузор гардид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин доир ба масъалаҳои рушди инфрасохтори нақлиётӣ, ҳамкории мутақобила дар таъмини амнияти озуқаворӣ ва энергетикӣ, соҳаҳои саёҳат, маориф, тандурустӣ, рақамикунонӣ, фарҳанг, саноат, омода кардани мутахассисон ва дигар ибрози ақида намуда, ҷиҳати самарнок истифода бурдани механизмҳои мавҷуда даъват ба амал овард.
Дар ҷараёни нишаст масъалаҳои муҳими рӯз, аз ҷумла тақвияти мубориза бо терроризм ва ифротгароӣ, вазъи амниятии минтақа, ҳамчунин густариши ҳамкорӣ дар бахшҳои киберамният, инфрасохтори рақамӣ ва маъданҳои стратегӣ муҳокима шуданд.
Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҳиндустон раванди рушди ҳамкории бисёрҷонибаро дар самтҳои сиёсӣ, амниятӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, фарҳангӣ ва дигар масъалаҳо мавриди баррасӣ қарор доданд.
Зимни ҷаласа ҳамчунин рушди ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва байнибонкӣ низ мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор гирифт. Имкониятҳои бандари Чобаҳор барои содагардонии дастрасӣ ба бозорҳои Ҳиндустон ва дигар кишварҳо, инчунин долони нақлиётии байналмилалии Шимолу Ҷануб, ки Ҳиндустонро бо кишварҳои Осиёи Марказӣ мепайвандад, муҳокима гардиданд.
Ҷонибҳо аҳаммияти густариши сармоягузорӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, дорусозӣ, технологияи иттилоотӣ ва инфрасохторро таъкид намуданд. Дар баробари ин, табодули фарҳангӣ ва ташаббусҳои башардӯстона ҳамчун ҷузъи муҳими таҳкими робитаҳои мардумӣ арзёбӣ гардиданд.
Дар анҷоми нишаст иштирокчиён изҳороти муштаракро қабул намуданд.
АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон










Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд






