Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти Шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ иштирок намуд

Июнь 30, 2025 16:15

ДУШАНБЕ, 30.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. 30 июн дар шаҳри Чолпон-Атаи Ҷумҳурии Қирғизистон ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин дар нишасти Шурои вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ (СААД) иштирок намуд.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, зимни нишасти мазкур,  роҳбарони мақомоти сиёсати хориҷӣ масъалаҳои муҳими рӯзномаи ҳамкории бисёрҷониба дар доираи Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ,  аз ҷумла тадбирҳо ҷиҳати вокуниш ба таҳдидҳои муосир дар минтақаи масъулияти созмонро ба таври муфассал мавриди баррасӣ қарор доданд.

Вазирон якчанд қарорҳоро бо ҳадафи самаранокии фаъолияти минбаъдаи Созмон имзо намуданд.

Ҳамчунин баёнияҳо дар бораи муқовимат бар зидди тундгароӣ, ки боиси терроризму ифротгароӣ мегардад, инчунин вобаста ба амнияти байналмилалии иттилоотӣ ва вазъият дар Ховари Миёна қабул шуданд.

Ҷонибҳо аз татбиқи марҳилаи якуми «Барномаи мақсадноки байнидавлатии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ оид ба таҳкими сарҳади Тоҷикистону Афғонистон» истиқбол карданд.

Ҳамчунин мулоқоти Президент Ҷумҳурии Қирғизистон Садир Жапаров  ва вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои ин созмон баргузор шуд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 30, 2025 16:15

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд