Соҳибкороне, ки худсарона нархи маҳсулоти хӯрокаро боло мебардоранд, ҷарима карда мешаванд
ДУШАНБЕ, 04.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар натиҷаи амалиётҳои санҷишӣ аз ҷониби кормандони Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе 10 далели худсарона боло бурдани нархи гӯшт ва 80 далели бе нархнома ва қиммат фурӯхтани маҳсулоти гуногуни хурокворӣ муайян карда шуд.
Тавре АМИТ «Ховар» бо истинод ба Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, ин соҳибкорон бо мақсади ба даст овардани манфиати молиявӣ, худсарона нархи маҳсулоти хӯрока, хусусан гӯштро қиммат намудаанд.
Нисбат ба қонунвайронкунандагон бо моддаҳои 555, 633 ва 627 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон протоколҳои маъмурӣ тартиб дода шуда, ҷарима шуданд.
Ёдовар мешавем, ки бо мақсади назорат ва танзими нархи маҳсулот дар бозорҳои пойтахт, аз ҷониби Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе гурӯҳҳои корӣ таъсис дода шуд.
Гурӯҳҳои кории милитсияи пойтахт барои назорати нархи дигар маҳсулот низ дар бозорҳо ва марказҳои савдо санҷиш ва корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.
Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе аз соҳибкорону фурӯшандагони бозорҳо ва марказҳои савдо талаб менамояд, ки худсарона нархи маҳсулотро қиммат накунанд. Дар ҳолати худсарона боло бурдани нархи маҳсулот нисбат ба қонунвайронкунандагон чораҳои таъсиррасони қонунӣ татбиқ карда мешавад.
АКС: Раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Душанбе








Нақшаи даъвати баҳорӣ дар шаҳри Панҷакент пурра иҷро гардид
Душанбе мизбони вохӯрии сеюми котибони Шурои амнияти давлатҳои Осиёи Марказӣ мегардад
33-СОЛАГИИ ТАЪСИСИ ҚӮШУНҲОИ ДОХИЛИИ ТОҶИКИСТОН. Фаъолияти ин ниҳод ба ҳифзи манфиатҳои давлат равона гардидааст
Дар Тоҷикистон машварати минтақавии роҳбарони идораҳои сарҳадии кишварҳои аъзои ИДМ баргузор шуд
Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин оид ба шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти Тоҷикистон вохӯрӣ баргузор гардид
Қонуни миллӣ — омили некуаҳволии мардум ва таъмини зиндагии шоиста!
Таҳкими низоми таъмини бехатарии озуқаворӣ ва мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим дар Тоҷикистон бо БОР баррасӣ гардид
Амнияти иттилоотӣ ва амнияти киберӣ омили калидии рушди иқтисоди рақамӣ дар Тоҷикистон мебошанд
Яке аз роҳҳои пешгирии терроризму экстремизм баланд бардоштани маърифати шаҳрвандон мебошад
Ҳайати Хадамоти амнияти давлатии Ҷумҳурии Узбекистон ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омад
Дар Суғд маросими тантанавии гусели даъватшавандагон ба хизмати ҳарбӣ доир шуд
Ҷавонони ватандӯсту шуҷои ноҳияи Деваштич ба хизмати ҳарбӣ равона гардиданд






