«СУҒД-2025». Дар Хуҷанд Намоишгоҳи байналмилалии савдо баргузор мешавад

Июнь 11, 2025 10:47

ДУШАНБЕ, 11.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Аз 12 то 14 июн дар шаҳри Хуҷанд Намоишгоҳи байналмилалии савдо «Суғд-2025» ва Форуми имконоти тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ ва дурнамои рушди минтақа доир мегардад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд хабар медиҳад.

Ҳадафи намоишгоҳ дастгирии савдои байналмилалӣ, баланд бардоштани неруи содиротӣ, тавсеаи ҳамкории судманд бо давлатҳои хориҷии дуру наздик, ҷалби сармоя, воридсозии технологияи нав, густариши ҳамкорӣ байни давлатҳои минтақа ва созмонҳои байналмилалии молиявӣ мебошад.

Намоишгоҳи байналмилалии савдо «Суғд-2025» майдони хуб барои пешниҳод, баррасӣ ва таҳияву татбиқи лоиҳаҳо буда, дар он ширкату корхонаҳои истеҳсолии Тоҷикистон маҳсулоти гуногунро муаррифӣ менамоянд ва барои дарёфти бозори нав бо шарикони рушд созишномаҳои ҳамкорӣ ба имзо мерасонанд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд

Июнь 11, 2025 10:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Намоишгоҳи муштараки саноатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон оғоз гардид
Дар Тоҷикистон ба масофаи беш аз 31 ҳазор метр соҳилҳо мустаҳкам карда мешаванд
Тоҷикистон ва Ҳиндустон ҳамкориро дар самти рушди манбаъҳои барқароршавандаи энергия тавсеа мебахшанд
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Дар Тоҷикистон барои беҳтар намудани вазъи мелиоративии заминҳо панҷ барнома амалӣ карда мешавад
Агентии «Тоҷикстандарт» зиёда аз 120 ҳазор воситаи ченаки корхона ва муассисаҳоро корношоям ҳисобид
Шералӣ Кабир бо Вазири сармоягузорӣ, саноат ва савдои Узбекистон Лазиз Қудратов мулоқот намуд
Дар вилояти Ҷиззах Форуми байниминтақавии соҳибкории Узбекистону Тоҷикистон баргузор шуд
Дар Тоҷикистон кишти пахта аз даҳаи охири моҳи март оғоз мегардад
Дар ноҳияи Шуғнон шумораи гармхонаҳои муосир афзоиш меёбад
ҶУФТБАРОРОН. Ин маросим оғози кишту кори баҳориро ифода мекунад
Дар ноҳияи Ҷайҳун неругоҳи офтобӣ сохта мешавад