Сулҳи тоҷикон барои давлатҳои ҷаҳон ҳамчун таҷриба пазируфта шудааст

Июнь 24, 2025 09:54

ДУШАНБЕ, 24.06.2025 /АМИТ «Ховар»/. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун ҳомии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ, ҳифзи ягонагӣ, тамомияти арзӣ, таъмини суботи сиёсию ҳамгироии ҷомеа, пойдориву бардавомии давлати демокративу ҳуқуқбунёд, қабули аввалин Конститутсияи давлати мустақил, такмили заминаҳои ҳуқуқии мамлакат ва таъсиси низоми самарабахши мақомоти ҳокимияти давлатӣ саҳми беандоза дошта, Тоҷикистонро ҳамчун мамлакат сулҳпарвар дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ намуданд. Чунин изҳори назар намудааст дар мақолааш судяи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон Фотеҳ Қувватзода, ки ба унвони АМИТ «Ховар» расидааст.

— Ваҳдат ва худшиносии миллӣ барои таҳкими Истиқлолияти давлатӣ заминаҳои устувор гузошта,  давлати комилҳуқуқ ва соҳибихтиёри тоҷикон дар арсаи байналмилалӣ мавқеи хоса касб ва низоми давлатдорӣ, сиёсати дохилию хориҷӣ, сиёсати иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии хешро мустақилона пеш бурда истодааст.

Самараи Ваҳдати миллӣ ва тарғиби пайвастаи ғояҳои он буд, ки Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳи таърихӣ ба марҳалаи рушди устувор ворид шуда, дар самти беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ба дастовардҳои назаррас ноил гардид.

Раҳоӣ бахшидани мамлакат аз бумбасти коммуникатсионӣ, гузоштани  заминаи устувор барои таъмини рушди иқтисодӣ, оғоз бахшидан ва қисман ба истифода додани  бузургтарин иншооти аср- Неругоҳи барқии обии «Роғун», бунёду ба истифода додани ҳазорҳо иншооти таъиноти гуногун, бунёди зерсохторҳои энергетикӣ ва коммуникатсионӣ, аз ҷумла роҳу нақбҳо, хатҳои баландшиддати интиқоли барқ, зеристгоҳҳои барқӣ, рушди бомароми саноату кишоварзӣ, соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ, бунёди даҳҳо ҳазор гектар боғу токзор аз ҷумлаи дастовардҳои назарраси ин марҳала мебошанд.

Пойдории сулҳу субот ба рушди устувори соҳаҳои иқтисодӣ — иҷтимоӣ ва сиёсию ҳуқуқии мамлакат мусоидат намуда, обрӯ ва нуфузи Тоҷикистони соҳибистиқлол давра ба давра дар арсаи байналмилалӣ боло гардид. Дар ин замина,  давлати мо ҳамчун қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳонӣ пазируфта шудааст.

Дар он рӯзҳои сахту сангин яқин буд, ки идомаи ҷанги шаҳрвандӣ метавонад боиси пароканда шудани миллати тоҷик ва барҳам хӯрдани давлати ҷавони тоҷикон гардад. Бо дарки ҳамин масъулияти муҳими таърихӣ,  Роҳбари ҷавону тозаинтихоб муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимоми давлатдорӣ ва масъулияти наҷот додани давлати баъд аз 1100 сол ба дастомадаро бар дӯш гирифтанд. Барои барқарор кардани Ваҳдати миллӣ, суботи сиёсӣ ва наҷот додани миллат аз парокандашавӣ талошҳои шабонарӯзӣ намуданд.

Он замон меъёрҳои конститутсионӣ ва дигар қонунҳои амалкунанда поймол гардида, ҷинояткориву зӯроварӣ ва қонуншиканӣ ба як рафтори муқаррарӣ табдил ёфта буд. Дар чунин шароит ин масъулияти сангинро танҳо касе ба зимма гирифта метавонист, ки ҳисси баланди ватандорӣ, ҷасорату мардонагӣ ва заковату хиради ваҳдатофарӣ дошта бошад.

Ваҳдати миллӣ ҳоло ҳам  дар меҳвари  сиёсати дохиливу хориҷӣ қарор дошта, сиёсати дарҳои боз аз рӯи хислати некандешонаи мардуми тоҷик, ормонҳои миллӣ барои расидан ба ҳадафҳои сулҳу субот ва ҳамзистии осоишта маншаъ мегирад. Сиёсати мазкур нуфузи роҳбар ва  давлати тозаистиқлоли моро  дар арсаи байналмилалӣ боло бардоштааст. Ҳамин аст, ки таҷрибаи сулҳи тоҷикон ва нақши Сарвари давлати мо дар ваҳдатофарӣ ва сулҳпарварӣ барои давлатҳои дигар ба сифати таҷриба пазируфта шудааст.

Таърих гувоҳ аст, ки дар меҳвари нахустин суханронию талошҳои пайгиронаи Пешвои миллати муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу оштӣ, васлу тавҳид, ҷустуҷӯи роҳҳои ободии Ватан, сарҷамъии миллат ва амсоли инҳо қарор гирифтанд. Он замон Сарвари давлат дар муроҷиатномае ба мардуми тоҷик, изҳор доштанд: «Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар  оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гул-гулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона хизмат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас агар лозим шавад, ҷоннисорӣ мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам боварӣ дорам». Ин ҳолатро қилагоҳи бузургворам Шоири халқии Тоҷикистон Ҷумъа Қувват ба гунаи зер тасвир кардаанд:

Рафт бар минбар чу як ҳикматнигор,
Сулҳпарвар, чорагар, ваҳдатшиор.
Гуфт: -Эй халқи гирифтори ситам,
Эй сар омад оқибат кори ситам.

Ҳамин тариқ, таърих собит намуд, ки Эмомалӣ Раҳмон ба қавл содиқ монда, бо заҳмату талош ва ҷоннисориҳои бесобиқа Тоҷикистони азизро аз вартаи ҷанг берун кашиданд. Ҳамин аст, ки Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистонро тақдирсоз ва наҷотбахши давлату миллати тоҷикон меноманд.

Дар робита ба ин метавон гуфт, ки пойдориву таҳкими Ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи комил дар Тоҷикистони маҳбубамон натиҷаи заҳмату талошҳои шабонарӯзии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад. Зеро маҳз меҳру муҳаббати самимии Пешвои муаззами миллат ба Ватан ва худшиносию худогоҳии миллати фарҳангсолорамон боис шуд, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол ба Ваҳдати миллӣ, ҳамчун арзиши муқаддаси инсонӣ ноил гардид. Ба шарофати он ҳисси ватандӯстиву худогоҳии халқи тоҷик боло рафта, ин раванд хусусияти устувор ва бебозгаштро касб намудааст.

Имрӯз ҳар як шахси соҳибтафакури ватанро зарур аст, ки  барои соҳибватан будан, ифтихори бузург доштан ва ҳамзамон ба қадри ин неъмати бебаҳо — яъне Ватан ва истиқлолияти он, сулҳу субот тинҷиву оромӣ расидан масъулияти бузург дошта бошанд.

АКС аз АМИТ «Ховар»/муаллиф

Июнь 24, 2025 09:54

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ китоби «Ваҳдатсаро» ба нашр расид
Кормандони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ ҳаёти 16 нафарро ҳангоми ғарқшавӣ аз марг наҷот доданд
Дар Душанбе сеюмин Форуми Тоҷикистон ва Чин оид ба таҳсилоти муҳандисӣ-техникӣ доир шуд
Дар Донишкадаи давлатии фарҳанг ва санъати Тоҷикистон Рӯзи Ваҳдати миллиро ҷашн гирифтанд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 31 дараҷа гарм мешавад
Тоҷикистон то соли 2032 ба кишвари тавлидкунандаи энергияи «сабз» табдил хоҳад ёфт
«САЁҲАТ БА ҚАЛБИ АВРУОСИЁ». Иштирокчиёни экспедитсия бо фарҳанг ва анъанаҳои мардуми Қазоқистон шинос шуданд
Дар Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ ҳамоиш баргузор шуд
Барои пешгирии вайроншавии қабати болоии роҳ аз таъсири ҳавои гарм чӣ тадбир андешида мешавад?
Дар лагери «Сарҳадбон» 100 нафар кӯдакон аз оилаҳои хизматчиёни ҳарбӣ ба истироҳат фаро гирифта шуданд
ТИРГОН, ЯЪНЕ, КИ ҚАДРИ ОБ ДОН. Миллате, ки об барояш муқаддас аст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 39 дараҷа гарм мешавад