Сулаймон Зиёзода бо ҷараёни сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар ноҳияи Рашт шинос гардид

Июнь 12, 2025 13:20

ДУШАНБЕ, 12.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода бо ҷараёни сохтмони синфхонаҳои иловагӣ дар Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 68-и ноҳияи Рашт шинос гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Муовини Сарвазири мамлакат изҳор дошт, ки бо роҳнамоии  Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва бо дастгирии доимии Ҳукумати мамлакат, фароҳам овардани шароити арзандаи таҳсил дар тамоми қаламрави ҷумҳурӣ, аз ҷумла, дар минтақаҳои дурдасту кӯҳистонӣ, яке аз самтҳои калидии сиёсати иҷтимоии давлат ба ҳисоб меравад.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №68 дар айни замон аз ду бино иборат мебошад, ки яке аз он бинои кӯҳнаи солҳои пеш, бинобар ҳолати номусоид ва фарсудагӣ аз истифодаи минбаъда берун бароварда шудааст.

Бинои нави муассиса дорои 5 синфхона буда, ҳоло дар он 90 нафар хонанда таҳсил намуда, 9 омӯзгор фаъолият доранд. Бо назардошти афзоиши шумораи хонандагон ва эҳтиёҷоти воқеӣ ба ҷойи нишаст, сохтмони 4 синфхонаи иловагӣ тибқи лоиҳаҳои тасдиқшуда ва бо риояи талаботи фанниву меъёрҳои муҳандисӣ дар марҳилаи фаъол қарор дорад.

Муовини Сарвазир ҷараёни иҷрои корҳои сохтмониро мавриди таҳлил қарор дода, бо масъулини сохтмон, роҳбарияти муассиса ва мақомоти маҳаллӣ мулоқот анҷом дод.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июнь 12, 2025 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Байни Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва педагогии Деҳнави Узбекистон санади ҳамкорӣ ба имзо расид
ТАЪТИЛИ БАҲОРӢ. Хонандагони муассисаҳои таълимии Тоҷикистон чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ гардид
Ректорони муассисаҳои таҳсилотии Узбекистон бо зарфияти таълимӣ ва илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуданд