ТАҒЙИРЁБИИ ИҚЛИМ. Чӣ гуна худ ва атрофиёнро аз чангу ғубор муҳофизат намоем?

Июнь 28, 2025 12:00

ДУШАНБЕ, 28.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Тибқи иттилои Агентии обуҳавошиносии Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон,  тайи чанд рӯзи оянда дар ҷумҳурӣ баландшавии ҳарорати ҳаво дар назар буда, дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, шаҳри Душанбе, қисмати шимолии шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, ноҳияҳои алоҳидаи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба амал омадани хокбориш дар назар аст.

Масъалаи гармшавии бесобиқаи ҳарорати ҳаво, ки яке аз омилҳои асосии тағйирёбии иқлим маҳсуб меёбад,  имрӯзҳо  на танҳо экологҳо, балки тамоми мардуми оламро ба ташвиш овардааст. Гармшавии бесобиқаи ҳаво, афзудани таркиби озони атмосфера, ба амал омадани офатҳои гуногуни табиӣ ва дар натиҷа ворид гардидани хисороти зиёд ба соҳаҳои иқтисодию иҷтимоии давлатҳо- ин ҳама нишонаҳои он аст. Тағйирёбии иқлим ҳоло ба яке аз масоили мубрами глобалии сайёра мубаддал гардидааст.

Гармшавии ҳаво боиси мушкил шудани таъминоти аҳолии ҷаҳон бо озуқаворӣ мегардад

         Тибқи арзёбии коршиносон, соли 2025 дар дунё соли гармтарин дар таърихи мушоҳидаҳо пешгӯйӣ шудааст. Дар робита ба ин Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ дар семинар–машварати ҷумҳуриявӣ бо роҳбарони вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои мамлакат дар ноҳияи Данғара иброз доштанд, ки Тоҷикистон ҳамчун узви ҷудонопазири ҷомеаи ҷаҳонӣ ба масъалаи тағйирёбии иқлим таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, дар ин самт тадбирҳои мушаххас меандешад.

Сарвари давлат ҳамчунин таъкид намуданд, ки «соли равон буҳронҳои глобалию минтақавӣ шиддат гирифта, таъсири таҳримҳои иқтисодиву тиҷоратӣ, канда шудани занҷираҳои истеҳсолу интиқоли маҳсулот, баҳсу низоъҳо вобаста ба татбиқи боҷҳои гумрукӣ байни давлатҳо, болоравии нархи молу маҳсулот дар бозорҳои ҷаҳонӣ, бахусус, нархи маҳсулоти мавриди ниёзи аввал, инчунин пайомадҳои тағйирёбии иқлим идома меёбанд».

Пешвои миллат вобаста ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим афзуданд, ки чунин омилҳо боиси мушкил шудани таъминоти аҳолии ҷаҳон бо озуқаворӣ мегарданд.

Ба таъкиди  Сарвари давлат, «ин равандҳо ба Тоҷикистон низ бетаъсир нестанд ва мо бояд барои пешгирӣ кардани оқибатҳои манфии онҳо ҳаматарафа омода бошем. Мо бояд барои ҳифзи амнияти озуқаворӣ дар ҷумҳурӣ тамоми тадбирҳои заруриро андешида, ҷиҳати кам кардани вобастагии бозори истеъмолӣ аз молу маҳсулоти воридотӣ аз ҳамаи имконияту захираҳои мавҷуда пурра ва самаранок истифода намоем».

Тибқи маълумоти Созмони ҷаҳонии обуҳавошиносӣ (WMO), дар ҳоли ҳозир дар Осиё ҳарорати ҳаво тақрибан ду баробар зудтар гарм мешавад, ки боиси афзоиши ҳодисаҳои шадиди обу ҳаво ва хисороти вазнин ба иқтисодиёт, экосистемаҳо ва сокинони минтақа мегардад. Дар ҳамин ҳол Аврупо низ аз ин гуна ҳолат дар амон нест. Зеро бино ба иттилои ин Созмон, соли сипаригардида гармтарин соли рекордӣ дар Аврупо ба қайд гирифта шуда буд, ки ҳарорати баланд дар минтақаҳои марказӣ, шарқӣ ва ҷанубу шарқӣ ба мушоҳида расиданд. Бар асари он тақрибан 335 нафар ҷон бохта, 413,000 нафар таъсири ҷиддӣ диданд.

Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар робита ба ин пайомадҳо дар семинар–машварати ҷумҳуриявӣ сохтору мақомоти дахлдор, соҳибкорону роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ва кулли шаҳрвандони мамлакатро вазифадор намуданд, ки истифодаи самараноку сарфакоронаи обу замин, хусусан заминҳои наздиҳавлигӣ ва президентӣ, васеъ ва ҳатман ба роҳ мондани кишти такрориро таъмин намоянд.

Барои мутобиқ гардидан ба пайомадҳои тағйирёбии иқлим Сарвари давлат иброз намуданд, ки «сохтору мақомоти марбутаро зарур аст доир ба ҷорӣ намудани технологияҳои каммасрафи обёрӣ, ҳифзи зироат аз касаливу ҳашароти зараррасон, рушди соҳаи тухмипарварӣ, ҳалли масъалаҳои экологӣ ва пешбурди таҳқиқоти илмӣ дар ин самтҳо тадбирҳои мушаххас андешанд».

Бояд таъкид намуд, ки тағйирёбии иқлим сол ба сол ба яке аз масъалаи глобалии замони муосир табдил ёфта, он сабаби дар тамоми гӯшаю канори ҷаҳон ба амал омадани офатҳои табиӣ, аз қабили босуръат обшавии пиряхҳо, обхезиҳои бесобиқа, тӯфону гирдбодҳои ҳалокатбор, фаромадани селу ярч, хушксолӣ бинобар бориши кам ва дигар зуҳуроти фалокатбори гидрометеорологӣ гардида, ба захираҳои обию гидроэнергетикӣ, солимии ҷомеа ва амнияти озуқавории давлатҳо таъсири манфӣ мерасонад.

75 фоизи ба вуҷуд омадани чангу ғубор асосан аз ҳисоби омилҳои табиист

         Коршиносони соҳаи ҳифзи муҳити зист иброз медоранд, ки 75 фоизи ба вуҷуд омадани чангу ғубор асосан аз ҳисоби омилҳои табиӣ буда, 25 фоизи он ба фаъолияти инсон вобастагӣ дорад. Вақтҳои охир ҳолатҳои хеле зиёд ба амал омадани чангу ғубор ба назар мерасанд, ки омили асосии ин ҳолат- кам шудани туғайзор дар табиат ба ҳисоб меравад. Агар таъсири боди афғонӣ дар солҳои 30-юм тақрибан 10-15 дақиқа давом мекард, солҳои 60-70-ум он ба 1-2 соат ва аз ин бештар расида буд. Ҳоло давомнокии он ба рӯзҳо расидааст.

Агар аз нигоҳи илмӣ гӯем, олимон солҳои 30-юм зимни таҳқиқи ин ҳодиса пешгӯӣ намуда буданд, ки агар  пеши роҳи биёбоншавӣ гирифта ва омилҳои сар задани ин ҳолат омӯхта нашавад, эҳтимол ояндаи наздик раванди идомаёбии боди афғонӣ на чанд рӯз, балки ба моҳҳо расад. Яке аз сабабҳои асосии сар задани он дар ҷумҳурии мо- ин кам шудани масоҳати туғайзор мебошад. Коршиносони масоили экологӣ иброз медоранд, ки мо замоне ин равандро пешгирӣ намуда метавонем, ки барои сабзазоркунии муҳити атроф ва як дараҷа эҳё намудани туғайзори мамлакат тадбирҳои мушаххас андешем.

Ба таъкиди коршиносони соҳа, ҳудуди давлатҳои Осиёи Марказӣ бо иқлими континенталии ба худ хос бештар ба таъсири харобиовари тӯфонҳои хокӣ ва регӣ дучор меояд. Мушкилоти таназзули замин ва биёбоншавӣ дар ҳудуди Тоҷикистон низ ба назари онҳо сол то сол бештар хусусияти муҳим гирифта истодааст. Зеро тағйирёбии иқлим, нобуд намудани ҷангалҳо, усулҳои номатлуби обёрӣ, истифодаи аз ҳад зиёди заминҳои кишоварзӣ ба паст шудани сатҳи истифодаи замин оварда расонида, дар навбати худ таъсири чангу ғубор сабаби паст гаштани ҳосилнокии зироати кишоварзӣ мегардад.

Дар робита ба муҳлати зиёд боқӣ мондани хокбориш Сардори Раёсати мониторинги муҳити зисти Агентии обуҳавошиносии мамлакат Сангин Самиев изҳор медорад, ки омили боқӣ мондани хокбориш- ин кам будани намнокии ҳаво, набудани бориши борон ва вазиши сусти шамол мебошад. Агар борон борад ва шамол бо суръати баланд вазад, ҳолати ифлосшавии ҳаво аз байн меравад.

Ба гуфтаи Сангин Самиев, дар минтақаҳои биёбонӣ намнокии ҳаво аз 50 то 60 фоиз паст аст ва дар он ҷойҳо борон намеборад, бинобар вазиши шамол чангу ғуборро дар  ҳаво ба самтҳои гуногун паҳн менамояд.

«Ба Ҷумҳурии Тоҷикистон чангу ғубор асосан аз қисмати  ҷанубу ғарбӣ ва шимолу ғарбӣ ворид мегардад. Дар таркиби чангу ғубор моддаҳои муаллақ (чанг), заррачаҳои андозаашон 10 мкр (Рм-10) ва заррачаҳои андозаашон 2,5 мкр (Рм-2,5) мавҷуд мебошанд. Вақте ки заррачаҳои андозаашон 10 мкр (Рм-10) бошад, вобаста ба ҳолати вазнинӣ онҳо дар муддати муайян ба сатҳи замин менишинанд. Заррачаҳои хурд муддати зиёде дар фазо боқӣ мемонанд»,-чунин изҳор дошт ӯ.

Дар Тоҷикистон ҳамасола дар фасли тобистон воридшавии чангу ғубор ба мушоҳида мерасад. Имсол он дар моҳи май бештар ба қайд гирифта шуд. Дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон миқдори чангу ғубор камтар мебошад. Дар шимоли мамлакат бинобар вазиши босуръати шамол чангу ғубор боқӣ намемонад. Аммо дар минтақаҳои ҷанубу ғарбии мамлакат ҳолати ифлосшавии ҳаво бештар мушоҳида мешавад. Роҳи ҳалли ин мушкилӣ то ҷое шинонидани дарахту кабутизоркунии гирду атроф мебошад, зеро ниҳолу буттаҳо ҳавои муҳитро тоза нигоҳ медоранд.

Бояд чӣ гуна худ ва атрофиёнро аз чангу ғубор муҳофизат намуд?

         Бояд гуфт, дар асоси омӯзишҳои илмии экологӣ ва тандурӯстӣ,  дар чунин рӯзҳои олуда бояд шаҳрвандони Тоҷикистон ҳаддалимкон аз ниқобҳо истифода намоянд, зеро ҳавои мазкур барои одамони 60-сола таъсири манфӣ дорад. Дар ин гуна вазъи ҳаво нафароне, ки гирифтори бемориҳои роҳҳои нафас, диққи нафас ва гирифтори ҳассосият ҳастанд, хуб мешуд барои ҳифзи саломатии худ аз ниқоб истифода баранд. Ин гуна ҳолати ба амаломада метавонад боиси хуруҷи микробҳо ва авҷ гирифтани бемориҳо гардад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамин иртибот тавсия медиҳад, ки  ронандагон ва дӯстдорони сайёҳиву гардишгарон бояд дар ин гуна рӯзҳои пурчанг суръати ҳаракат дар роҳҳоро, техникаи бехатарии ҳаракат дар роҳҳои кӯҳиву наздикӯҳҳӣ, саҳроҳои доманфарохро риоя намоянд. Риояи фосила байни мошинҳо хеле муҳим аст, чун эҳтимоли резиши санг аз кӯҳҳо низ зиёд аст.

Чанд тавсия ба аҳолӣ барои пешгирӣ аз ҳодисаҳои нохӯш дар чунин ҳолатҳо:

— Бештари оби тоза нӯшед, ҳатто рӯзе на камтар аз 2-2,5 литр ва аз ин агар 0,5 литр оби минералӣ бошад, боз беҳтар аст,

— То ҳадди имкон тирезаҳои хонаатонро пӯшед. Агар шумо мехоҳед ҳавои хонаро тоза кунед, пас бидонед, ки бадтарин лаҳзаҳо соатҳои аввали субҳанд, вақте ҳамаи модаҳои муаллақи хатарнок ба нишаст ба замин мутамарказ мешавад.  Наздик ба нисфирӯзӣ қисмати болоии замин гарм мешавад ва зери таъсири ҳавои гарм ин модаҳои муаллақ боло мераванд. Ғайр аз ин,  шумо метавонед тирезаҳои худро бо докка ва ё тур бипӯшед ва хатари вуруди ҳар гуна модаи хатарнок кам мешавад. Аммо ҳамвора онҳоро бояд намнок нигоҳ доред,

— Ҳамешаву пайваста ҳавои дохили хонаро поку тоза нигоҳ доред, бо латтаи нарму нам тоза кардани фарш ва тирезаҳоро фаромӯш накунед,

— Духтурон дар ин гуна рӯзҳо пӯшидани ҳар гуна айнакҳои иртиботиро иҷозат намедиҳанд,

— Ба онҳое, ки гирифтори бемориҳои диққи нафас ва роҳи нафасанд тавсия дода мешавад:  дозаи доруҳои истеъмолиро дар ин рӯзҳо коҳиш надиҳед, ҳамеша бо худ ингляторҳо дошта бошем, агар талабот ба ингляторҳо аз 4-6 маротиба дар як рӯз зиёд шавад, ҳатман ба духтур муроҷиат намоед.

Шаҳлои САДРИДДИН,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Июнь 28, 2025 12:00

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 35 дараҷа гарм мешавад
Дар ноҳияи Дарвоз истеҳсоли картошка 3 баробар, сабзавот 5 ва мева 9 баробар афзоиш ёфтааст
РАҚАМИКУНОНӢ. Маркази тамос барои хизматрасонӣ ба нафақагирон тавассути рақами кутоҳи 3900 фаъол гардид
МАСЛИҲАТИ МУТАХАССИС. Барои фоиданокӣ қаламфури булғориро бе коркард, дар шакли тару тоза истифода баред
Дар шаҳри Бӯстон сохтмони корхонаи муосири забҳи парранда идома дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Бо гузашти 28 сол аҳамияти Ваҳдати миллӣ дар рушди иқтисодии Тоҷикистон бештар эҳсос мешавад
Фаъолияти иҷтимоӣ ва фарҳангӣ яке аз воситаҳои муассири таҳкими ваҳдати миллӣ мебошад
Муовини Раиси ноҳияи Данғара Зуҳро Ҳакимзода: «Мардум ба Пешвои миллат боварӣ ва эътимод дорад»
Тоҷикистон дар партави ваҳдати миллӣ ба сӯи шукуфоии нав қадам мегузорад
ВАҲДАТИ МИЛЛӢ — ПОЯИ ҲАСТИИ ДАВЛАТ ВА НЕРУИ СОЗАНДАИ МИЛЛАТ. Мулоҳизаҳои ректори Донишгоҳи давлатии Кӯлоб
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳаво то 37 дараҷа гарм мешавад