Таҳти унвони «Забон, Ваҳдат ва суботи миллӣ» конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ доир шуд
ДУШАНБЕ, 24.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Дар Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ Конференсияи илмию амалии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Забон, Ваҳдат ва суботи миллӣ» баргузор шуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз ин кумита хабар доданд.
Зимни Конференсия муовини раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзиддин Баротзода иброз намуд, ки муҳимтарин унсури таъйинкунандаи як миллат забон аст. Аз ин рӯ, месазад барои пешбурди сиёсати давлат оид ба забони давлатӣ ҳамчун забони миллӣ хизматҳои арзанда кард.
Таъкид карда шуд, ки забони ҳар миллат яке аз муҳимтарин унсурҳои ҳувият, рамзи истиқлоли маънавӣ ва аз муҳимтарин рукнҳои истиқлоли сиёсии он мебошад. Далели барҷастаи ин андеша дар аксари мавридҳо ҳамсон будани унвони забон бо номи миллат ва қамвият ва дар ниҳоят мамлакат аст.
Аз ин хотир, забон дар ҳама давру замонҳо яке аз сарчашмаҳои асосии Истиқлоли миллӣ ва омили муҳими ташаккули миллат мебошад.
Баромадкунандагон изҳор намуданд, ки сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат буд, ки забони тоҷикӣ ҳамчун забони миллӣ дар даврони Истиқлол дар мақоми забони давлатӣ пазируфта шуд. Он имрӯз ба таври озод дар умури сиёсиву иҷтимоии мамлакат мавриди истифода қарор дорад. Дар иртибот дар ин нукта, воқеан миллати мо бо вуҷуди он ҳама офатҳову бадбахтиҳои дар тули таърих дидааш, маҳз бо ҳифзи забони худ ҳамчун миллат зинда мондааст.
Эҳтироми бепоён ба забони миллӣ доштаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳама суханрониҳо ва паёмҳояшон баён мегардад, ки ин ҳама далели арҷгузорӣ ба забони модарӣ – ин ганҷи бебаҳои меросу фарҳанги миллӣ дониста мешавад.
Дар Конференсия зиёда аз 20 маърузаи илмӣ аз ҷониби мутахассисони бахшҳои гуногуни забоншиносӣ дар масъалаҳои нақши ваҳдатофарини забони тоҷикӣ дар масири таърих, сиёсати давлатии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи забон, вазъи иҷтимоии забони тоҷикӣ дар 28 соли Ваҳдати миллӣ муҳокима карда шуд.
АКС: Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






