ТАВСИЯ БА КАДБОНУҲО. Барои омода намудани маҳсулот аз зардолу меваи бенуқсони онро интихоб намоед

Июнь 11, 2025 08:53

ДУШАНБЕ, 11.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. Зардолу яке аз меваҳои маъруфи табиӣ ва хушбӯй мебошад, ки дар бисёр минтақаҳои Тоҷикистон парвариш карда мешавад. Имрӯзҳо дар бозорҳои мамлакат нархи 1 килограмми он вобаста ба навъ ва сифаташ аз 3 то 10 сомониро ташкил медиҳад. Аз ин меваи ширину тароватбахш ҳар сол дар хонаводаҳо барои захираи зимистон мураббо, афшура ва нӯшоба омода менамоянд.

Зардолу на танҳо ширинӣ, балки манбаи муҳими витамину минералҳо барои саломатии инсон аст. Ин мева дорои таркиби бойи витамини A, C ва E мебошад, ки барои ҳифзи пӯст, чашм ва системаи масуният муҳим аст. Минералҳои калий, магний, фосфор ва оҳан дар зардолу барои кори дурусти дил ва узвҳои дигари организм нақши муҳим доранд. Ғайр аз ин, фибрҳо ва антиоксидантҳои табиӣ дар зардолу ба беҳтар шудани ҳозима ва тозагии организм кӯмак мерасонанд.

Занҳои тоҷик аз ин мева маҳсулоти гуногун тайёр мекунанд, ки дар байни онҳо мураббо, шарбат ва обмева маъмул мебошанд. Ҳар як маҳсулот бо усули махсус тайёр шуда, барои нигоҳдорӣ ва истеъмол омода мегардад.

Мутахассисон тавсия медиҳанд, ки барои аз зардолу тайёр намудани маҳсулот, меваи бенуқсони онро бояд интихоб намуд. Мураббои зардолу дар оилаҳои тоҷик ҳамчун ширинӣ бо нон ва чой истеъмол карда мешавад.

Тарзи омода намудани мураббо аз зардолу

Барои омода намудани мураббо — зардолу, шакар, лимӯ ва об лозим аст. Сараввал зардолуро тоза шӯста, донаҳои онро ҷудо намуда, ду пора кунед. Сипас обро бо шакар ба муддати 7-10 дақиқа, то каме ғафстар шудану ранги зардча пайдо кардан ҷӯшонед. Пас аз он зардолуҳои поракардаро ба қиёми омодакадаатон андозед ва оташро пастар кунед. Онро дар ҳарорати миёна тақрибан 25-30 дақиқа ҷӯшонед. Агар хоҳед ба он каме оби лимӯ илова кунед. Он рангашро зебо ва таъмашро лаззиз менамояд. Зарфҳои шишагинро шӯста, ҳамроҳ бо сарпӯшҳо муддати 10-15 дақиқа дар бӯғи об гарм безарар гардонед. Мурабборо дар зарфҳо гирифта, онро бо сарпӯши бӯғкадашуда маҳкам кунед. Баъд аз хунук шудани мураббо, онро дар ҷои хунук ва торик нигоҳ доред.

Масалан, барои омода кардани 1 килограмм зардолу 800 грамм шакар, 1 дона лимӯ (дар меъёр) ва 150 миллилитр об лозим аст.

Навъи дигари мураббои зардолу, ки имрӯз занони тоҷик бештар омода мекунанд чунин мебошад: зардолуро аз донакаш ҷудо намуда, бо омехтакунак майда кунед. Сипас ба болои тафдон монда, каме об илова кунед (дар меъёр) дар ҳолати ҷӯш омадан, шакар илова намоед. Онро дар ҳарорати миёна ба миқдори 30-40 дақиқа ҷӯшонед. Пайваста омехта кунед, то дар дег начаспад ва насӯзад. Зеро дар ин навъи мураббо об камтар илова мешавад. Барои санҷидан, 1 қошуқ мурабборо ба табақчаи хунук рехта бинед, ки агар он ҷорӣ нашавад, пас он омода гардидааст. Ин навъи мурабборо низ дар зарфҳои шишагин ва сарпӯшҳои дар бӯғи об гарм безарар гардонидашуда, маҳкам кунед. Баъд аз хунук шудан онро дар ҷои хунук ва торик нигоҳ доред. Муҳлати нигоҳдорӣ аз 6 то 12 моҳро дар бар мегирад.

Истеъмоли мураббои зардолу ба киҳо тавсия дода мешавад?

Мураббо манбаи энергияи зудҳазмшаванда аст. Дар миқдори кам барои кӯдакони солим бо нон ё чой фоидаовар аст. Барои кӯдакони аз 2 сола боло навъи мураббои омехтакардашуда (джем) тавсия дода мешавад (дар як рӯз на бештар аз 1 қошуқ).

Одамони камхун бо истеъмоли мураббои зардолугӣ ва олуча метавонанд дар баробари ғизоҳои дорои оҳан масуният ва қуввати баданро беҳтар созанд. Ба одамоне, ки пас аз бемориҳо қувваи худро барқарор мекунанд, истеъмоли миқдори ками ин навъи мураббо бо чой барои нерубахшӣ кумак мекунад. Нафароне, ки кори ҷисмонӣ ё зеҳнии зиёд доранд (муаллимон, донишҷӯён, ронандаҳо), мураббо метавонад манбаи зудтари нерӯ бошад. Ин намуди мураббо болаззат ва табиӣ аст, ки дар миқдори миёна барои одамони солим фоидаовар мебошад. Аммо бояд онро бо эҳтиёт ва дар доираи меъёр истифода кард.

Шарбат аз зардолу

Барои тайёр кардани шарбати зардолу онро тоза шӯед, донакашро гиред ба ду ё се қисм тақсим кунед. Агар хоҳед пӯсти онро низ тоза кунед. Пораҳои зардолуро дар дег бо 500 мл об андозед ва дар оташи миёна 10–15 дақиқа ҷӯшонед, то меваҳо мулоим шаванд. Баъдан онро бо омехтакунак то шираи якхела баровардан майда кунед. Меваи майдашударо бо элак ё таҷҳизоти махсуси муосир биполонед, то шарбат соф шавад. Шарбатро дубора ба дег гузоред ва шакарро (ба миқдори лозим) илова кунед. Ба завқи худ мувофиқ метавонед онро ширинтар ё на он қадар ширин тайёр кунед. Шарбатро 5–7 дақиқа ҷӯшонед. Барои таъми тоза ва нигоҳдории дарозмуддат хоҳед, каме оби лимӯ илова кунед. Шарбатро дар зарфҳои шишагини дар бӯғи об гарм безарар гардонидашуда, маҳкам кунед. Баъд аз хунук шудан, онро дар ҷои хунук ва торик нигоҳ доред. Муҳлати нигоҳдории шарбат 6 — 12 моҳ мебошад.

Тарзи омода намудани обмеваи зардолу

Барои омода намудани обмева, сараввал зардолуро шӯста, болои коғаз ё дастархон гузоред, ки обаш хушк шавад. Баъдан онро дар зарфҳои шишагини бӯғкардашуда-масалан дар зарфи шишагини 2 литра 10 дона зардолу ва ба таъби дил шакар андозед, илова кардани чанд барги пӯдинаро низ фаромӯш накунед, зеро онро болаззатар мекунад. Сипас оби ҷӯшидаро ба болои он резед ва маҳкам кунед.

Обмеваи зардолуро пеш аз хӯрок нӯшидан беҳтар аст.

Зеро ба системаи ҳозима осонтар ворид мешавад. Дар саҳар ё нимаи дуюми рӯз нӯшидан муфид аст, зеро организм бештар энергия ва витаминҳоро ҳангоми кори рӯз истифода мебарад. Ҳамчунин пас аз машқҳои варзишӣ ё фаъолияти ҷисмонӣ обмева метавонад организми шуморо бо энергия ва унсурҳои ғизоӣ таъмин кунад.

Истеъмоли зардолу гемоглобинро дар хун зиёд мекунад, ба раванди гемопоэз таъсири муфид мерасонанд, ки ин барои гирифторони камхунӣ хеле муҳим аст. Инчунин аз ҳисоби миқдори зиёди фосфор ва магний доштан, зардолу фаъолияти зеҳниро афзун ва хотираро беҳтар мекунад. Дар зардолу инчунин пектин мавҷуд аст, ки метавонад маҳсулоти заҳрноки мубодилаи моддаҳо ва холестиринро аз бадан хориҷ кунад.

Таҳияи Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Июнь 11, 2025 08:53

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе самтҳои муҳими ҳамкории Тоҷикистон ва Чин дар соҳаи моликияти зеҳнӣ баррасӣ шуд
Гармхонаҳои инноватсионии шаҳри Леваканд фаъолияти босамар доранд
Намояндаи Тоҷикистон дар ҷаласаи Комиссияи панаврупоии СҶТ оид ба иқлим ва тандурустӣ иштирок намуд
Шуруъ аз 16 июн байни шаҳрҳои Душанбе ва Пекин парвозҳои мустақим анҷом дода мешаванд
Дар Хуҷанд Форуми байналмилалии «Имкониятҳои тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва дурнамои ҳамкорӣ» баргузор гардид
Дар Душанбе вобаста ба таҳия намудани санади Гурӯҳбандии лоиҳаҳои «сабз» ҷаласаи Гуруҳи корӣ доир шуд
ЗАХИРА БАРОИ ЗИМИСТОН. Дар шароити хона чӣ тавр бояд хушкмева тайёр намуд?
Дар минтақаҳои ҷанубу ғарби Тоҷикистон корҳои омӯзишӣ-геофизикӣ оғоз гардид
То моҳи июн дар Тоҷикистон дар беш аз 182 ҳазор гектар пунбадона кишт карда шудааст
Дар Душанбе вобаста ба рушди мониторинги обҳои рӯизаминии Тоҷикистон ҳамоиш доир гардид
Муовини Сарвазир бо рафти кишти картошка дар Ҷамоати деҳоти Ҳиҷбораки ноҳияи Рашт шинос гардид
Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо директори генералии «Роҳи оҳани Русия» Олег Белозёров мулоқот намуд