Устодони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар Форуми табодули истеъдодҳои Осиёи Марказӣ иштирок доранд

Июнь 19, 2025 14:50

ДУШАНБЕ, 19.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. 16 июн дар Донишгоҳи муҳандисии Харбини Ҷумҳурии Мардумии Чин Форуми мубодилаи истеъдодҳои Осиёи Марказӣ оғоз гардид, ки  то 20 июн идома меёбад. Дар форум аз Тоҷикистон устодони Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад  Осимӣ иштирок доранд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи техникии Тоҷикистон  хабар доданд.

Намояндагони Тоҷикистон дар ҳамоишҳои илмӣ, муҳокимаҳо ва вохӯриҳо имкониятҳои ҳамкории дуҷонибаро баррасӣ намуданд.

Инчунин дар чорабиниҳои канорӣ устодони донишгоҳ дар бахшҳои энергетика, электроника, коммуникатсия, зеҳни сунъӣ, меъморӣ ва сохтмон барои рушди ҳамкории илмӣ пешниҳодҳои мушаххас намуданд.

Форум бо мақсади тақвияти ҳамкорӣ байни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва густариши имкониятҳои омӯзишиву илмӣ барои донишҷӯён ва муҳаққиқони ҷавон доир гардида, намояндагони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Чинро ба ҳам овард.

АКС: Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад  Осимӣ

Июнь 19, 2025 14:50

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид