Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон дар Конфронси байналмилалии меҳнат иштирок намуд
ДУШАНБЕ, 11.06.2025. /АМИТ «Ховар»/. 10 июн дар шаҳри Женева 113-умин Конфронси байналмилалии меҳнат оғоз гардид, ки дар кори он Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода иштирок ва суханронӣ намуд. Конфронс то 13 июни соли равон идома меёбад. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Тоҷикистон дар Конфедератсияи Шветсария хабар медиҳад.
Дар иҷлосияи имсола доираи васеи масъалаҳои марбут ба соҳаи меҳнат, ба монанди стандартҳои эҳтимолии нави байналмилалӣ оид ба ҳифзи коргарон аз хатарҳои биологӣ дар муҳити корӣ, кори шоиста дар иқтисоди рақамӣ ва равишҳои инноватсионӣ барои пешбурди гузариш аз иқтисоди ғайрирасмӣ ба иқтисоди расмӣ баррасӣ мегарданд.
Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ ҳавасмандии ҷониби Тоҷикистонро ҷиҳати таҳкиму тавсеаи ҳамкории минбаъда байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии меҳнат (СБМ) дар самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва таъмини рушди устувори ҷомеа баён намуда, оид ба сиёсати мамлакат дар самти пешбурди стандартҳои меҳнат, баланд бардоштани сатҳи некӯаҳволӣ, такмили қонунгузорӣ дар соҳаи меҳнат ва суғуртаи иҷтимоӣ сухан намуд.
Ҳамзамон дар ҳошияи иҷлосия, 11 июн мулоқоти Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Солеҳа Холмаҳмадзода бо Мудири кулли Созмони байналмилалии меҳнат Жилбер Ҳунгбо ва бо Директори минтақавии СБМ барои Аврупо ва Осиёи Марказӣ хонум Биат Андрес баргузор гардид.
Зимни мулоқот масъалаи ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии меҳнат дар соҳаи стандартҳои меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ ва таҳкими заминаи ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Ҷонибҳо ҳавасмандии хешро ҷиҳати таҳкиму тавсеаи ҳамкории минбаъда байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони байналмилалии меҳнат дар самти ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва таъмини рушди устувори ҷомеа баён намуданд.
АКС: Сафорати Тоҷикистон дар Конфедератсияи Шветсария








Дар Душанбе ҳамкории судманди Тоҷикистон ва сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Ҷониби Тоҷикистон аз баргузории муваффақонаи раъйпурсии ҷумҳуриявӣ дар Қазоқистон истиқбол намуд
Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Вена мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии канорӣ оид ба таҳкими ҳамкорӣ барои тавонмандсозии занон дар Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Чин дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Форуми иқтисодии Берлин 2026 иштирок намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Хазинаи нуфус ва рушди Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд
Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили ҳуқуқӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо муовини Котиби кулли Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ мулоқот намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон дар шимолу ғарби Русия вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Ленингради Русия мулоқот намуд






