150 нафар фарзандони омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб таътили тобистонаро дар истироҳатгоҳи «Истиқлол» мегузаронанд

Июль 7, 2025 10:39

ДУШАНБЕ, 07.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. 150 нафар фарзандони омӯзгорон ва кормандони Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ  дар се басти истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол»и назди донишгоҳ, ки дар ноҳияи Муъминобод ҷойгир аст,  ба истироҳат фаро гирифта мешаванд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ хабар доданд.

Истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол»  аз моҳи  июл то  август наврасонро,  дар се баст, дар ҳар баст 50 нафар, ҷамъ 150 нафарро ба истироҳату фароғат фаро мегирад.  Ҳоло   50 нафар хонандагон  дар истироҳатгоҳ ба   истироҳат фаро гирифта шудаанд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баҳри бофароғат гузаштани таътили тобистонаи хонандагон, тадбирҳои муассир андешида, истироҳатгоҳҳои мактаббачагонро дар мавзеъҳои хушбоду ҳавои ҷумҳурӣ бо тамоми шароити муосир ташкил менамояд.

Истироҳатгоҳи омӯзишии «Истиқлол»-и назди Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар ноҳияи Муъминобод аз ҷумлаи онҳо мебошад. Раёсати донишгоҳ дар пайравӣ аз сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати мамлакат шароити заруриро баҳри таълиму тарбия ва истироҳати хонандагон дар ин макон фароҳам овардааст.   Ҳадаф аз он фароҳам овардани шароити мусоид барои истироҳат, ташаккули фикрӣ ва таҳкими тарбияву ахлоқи кӯдакону наврасон мебошад.

Истироҳатгоҳҳои таълимӣ на танҳо ҷойи истироҳат, балки муҳити таълиму тарбия, муошират ва вусъати ҷаҳонбинии насли наврас мебошанд.

Дар ин истироҳатгоҳ кӯдакону наврасон ба бозиҳои варзишӣ, маҳфилҳои адабӣ, омӯзиши малакаҳои нав ва дарсҳои тарбиявӣ фаро гирифта  мешаванд.

АКС: Донишгоҳи давлатии Кӯлоб ба номи Абуабдуллоҳ Рӯдакӣ

Июль 7, 2025 10:39

Хабарҳои дигари ин бахш

Бахшида ба 1050-солагии Робиаи Балхӣ дар Донишгоҳи давлатии Кӯлоб конференсияи илмӣ-назариявӣ доир гардид
Барои пурсамар гузаронидани давраи таътил ба хонандагон мутолиаи кадом китобҳо тавсия дода мешавад?
НАВРӮЗ — ЭҲЁГАРИ АНЪАНАҲОИ МИЛЛӢ. Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ҳамоиши тантанавӣ баргузор гардид
Дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ҷашни Наврӯз таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Наврӯз бо оростани хаймаҳои наврӯзӣ таҷлил шуд
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ду озмоишгоҳи муосир ба истифода дода шуд
Дар Литсей барои хонандагони болаёқат дар шаҳри Душанбе ҷашни Наврӯз бо риояи расму ойини миллӣ таҷлил гардид
Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд