200 нафар занони соҳибкор аз грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бархурдор мегарданд

Июль 30, 2025 13:20

ДУШАНБЕ, 30.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тавре қаблан иттилоъ додем, Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2025-2030 ба тасвиб расид.

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 120 грант ба маблағи 5 миллион сомонӣ дар соли 2024 ба 200 грант ба андозаи 15 миллион сомонӣ дар соли 2025 расонида шуданд, яъне ҳаҷми грантҳои президентӣ 3 баробар зиёд карда шуд.

Аз соли 2025 то соли 2030 ҳар сол ба андозаи 15 миллион сомонӣ барои ташкили 200 гранти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон равона мегардад, ҷудо карда мешавад.

Дар Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2025-2030 гуфта шудааст, ки ҳангоми ҷудо намудани лоиҳаҳои грантӣ ба табақаҳои осебпазири аҳолӣ, занҳои дорои имконияти маҳдуд (онҳое, ки аз уҳдаи татбиқи лоиҳа мебароянд) ё барои таъмини шуғлнокии чунин занон равонашуда, занони дорои кӯдаки маъюб, инчунин лоиҳаҳои инноватсионӣ ва рушди соҳаи касбу ҳунарҳои миллӣ афзалият дода мешавад.

Бояд гуфт, ки муҳлати амалигардонии ҳар лоиҳа на камтар аз шаш моҳ буда, дар ҳолати мақсаднок истифода нагаштани маблағҳои ҷудошуда фаъолияти лоиҳа боздошта мешавад. Дар ҳолати бо сабабҳои узрнок дар муҳлати муқарраргардида иҷро нагаштани лоиҳа дар асоси муроҷиати хаттии грантгиранда Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад муҳлати татбиқи онро тамдид намояд.

Грантгиранда уҳдадор аст, ки давоми то ду сол ба Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи идомаи фаъолияти соҳибкории худ маълумот пешниҳод намояд. Пас аз гузаштани муҳлати муайянгардида оид ба натиҷаи фаъолият маълумот пешниҳод намекунад, инчунин фаъолияти занони соҳибкор мавриди санҷиш карор дода намешавад.

Грантҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занон барои солҳои 2025-2030 таҳти cарпарастии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ мегарданд. Мақсади он фароҳам овардани шароит барои амалӣ намудани ҳуқуқ, имконияти иқтисодии занон, таъмини иштироки баробари онҳо дар ҳаёти ҷомеа, баланд бардоштани қобилияти рақобатпазирии занон дар бозори меҳнат, рушди ҳунарҳои мардумӣ, ба шуғл ва касбомӯзӣ фаро гирифтани занону духтарон, ташкили ҷойи нави кор ва рушди фаъолияти соҳибкории занон мебошад.

Маҳз тавассути чунин тадбирҳои судманди роҳбарияти олии мамлакат сатҳи зиндагии мардум рӯ ба беҳбудӣ оварда, занон бо фаъолияти густурда дар иқтисоди миллии мамлакат саҳми назаррас мегузоранд.

Ҳамин аст, ки ҳамасола барои занони ҳунарманд, соҳибкор ва пеш аз ҳама, ниёзманд грантҳои президентӣ ҷудо карда мешаванд. Ин имкон фароҳам меорад, ки занони тоҷик дар самти эҳёи ҳунарҳои миллӣ, таъсиси коргоҳҳои хурд, ҳунарҳои дастии қолинбофӣ, парвариши чорво, паранда, моҳӣ, коркарди меваҳои хушк ва рушди соҳаи кишоварзӣ тиҷорати худро пеш баранд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 7 марти соли равон зимни мулоқот бо занони мамлакат хотирнишон намуданд, ки ҷудо намудани қарзҳои имтиёзнок ва грантҳо яке аз воситаҳои баланд бардоштани имконоти иқтисодии занон ва оилаҳо ба ҳисоб меравад ва мо ба ин масъала эътибори доимӣ ва ҷиддӣ медиҳем.

Сарвари давлати Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки давоми солҳои 2015-2024 барои дастгирии фаъолияти соҳибкории занон 24 миллион сомонӣ грантҳои президентӣ ҷудо карда шуданд. Ҳамчунин барои дастгирии соҳибкории занон аз ҷониби ташкилоти қарзии мамлакат 27 миллиард сомонӣ қарз дода шуд, ки беш аз 6 миллиард сомонии он танҳо ба соли 2024 рост меояд.

Бо дастгирии​ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон​ мақому манзалати зан-модар дар ҷомеа баланд бардошта шуда, имрӯз занону духтарон дар ҳамаи самтҳо фаъолияти назаррас доранд. Дар замони соҳибистиқлолӣ ба рушди ҳунарҳои мардумӣ ва соҳибкории хурду миёна таваҷҷуҳи хосса равона гардида, занони эҷодкор ва ташаббускору созанда пайваста дастгирӣ меёбанд. Ҷудо гардидани грантҳои президентӣ имкон фароҳам овард, ки занону духтарон дар амалӣ шудани нақшаю иқдоми созанда ба дастовардҳои бештар ноил гарданд.

Ҳиссаи занону духтарони соҳибкор дар бунёд ва фаъол намудани марказҳои хизматрасонию тиҷоратӣ, иншооти истеҳсолию иҷтимоӣ ва дар ин замина таъсис додани ҷойи нави кор торафт назаррас мегардад.

Бо ташаббуси Сарвари давлат солҳои 2022-2026 Солҳои рушди саноат эълон гардидаанд, ки дар татбиқи он саҳми занони соҳибкору ҳунарманд назаррас аст. Занону духтарони ҳунарманд бо ташкили марказҳои ҳунаромӯзӣ, рушди занбӯриасалпарварӣ, коргоҳу корхонаҳои дӯзандагӣ, пойафзолдӯзӣ ва фаъолият дар дигар самту соҳаҳои муҳим дар амалӣ шудани ҳадафҳои созандаи давлату Ҳукумат саҳми арзанда мегузоранд.

Ёдовар мешавем, ки чунин маблағҳои грантӣ аз соли 2006 то инҷониб дар ҳаҷми 30 миллион сомонӣ ба 1 ҳазору 185 нафар занон ҷудо гардида, ба рушди иқтисодии оилаҳо ва фаъолияти соҳибкории занон мусоидат намуданд.

Моҳинави НАВРӮЗ,
АМИТ «Ховар»

АКС: АМИТ «Ховар»

Июль 30, 2025 13:20

Хабарҳои дигари ин бахш

НАСБИ ПАНЕЛҲОИ ОФТОБӢ ДАР БИНОҲОИ НАВСОХТ ҲАТМӢ ГАРДИД. Истифодаи неруи Офтоб дар нақлиёти барқӣ низ муфид аст
Ҳамкории Тоҷикистону Узбекистон дар мубориза бо коррупсия тақвият меёбад
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Ҳаҷми истеҳсоли неруи барқ дар Тоҷикистон беш аз 8,9 миллиард кВт-соатро ташкил дод
Тоҷикистон ва Беларус густариши ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ ва кишоварзиро баррасӣ намуданд
Дар беш аз 500 гектар замини хоҷагиҳои ҷамоавӣ ва деҳқонии Тоҷикистон боғу токзори нав бунёд гардидааст
Хадамоти давлатии оташнишонӣ кафили бехатарии мардуми Тоҷикистон аст. Ба ифтихори иди касбии кормандони соҳа
Фарҳод Раҳимӣ: «Иқдоми стратегии Президенти Тоҷикистон доир ба зеҳни сунъӣ дар сатҳи ҷаҳонӣ хеле саривақтӣ аст»
Корхонаҳои саноатии Хуҷанд ба маблағи 214,7 миллион сомонӣ маҳсулот содирот намудаанд
Гурӯҳи кории Бонки рушди Осиё бо имконоти сармоягузорӣ ва инфрасохтори Минтақаи озоди иқтисодии «Данғара» шинос шуд
Дар Пекин дафтари намояндагии Палатаи савдо ва саноати Ҷумҳурии Тоҷикистон ифтитоҳ гардид
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Агентии «Тоҷикстандарт» ба зиёда аз 21 ҳазор миқдор молу маҳсулот сертификати мутобиқат дод
Бахшида ба ворид шудани дараи Алмосӣ ба Низоми мероси кишоварзии дорои аҳамияти ҷаҳонӣ дар Ҳисор ҳамоиши ҷумҳуриявӣ доир шуд