29 ИЮЛ — РӮЗИ ҶАҲОНИИ ПАЛАНГ. Солҳои охир дар сайёра теъдоди ин ҷонвар кам мегардад

Июль 29, 2025 11:39

ДУШАНБЕ, 29.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. 29 июл ҳамасола дар сайёра Рӯзи ҷаҳонии паланг (World Tiger Day) таҷлил мегардад. Ин рӯз соли 2010 дар Форуми байналмилалии «Саммити паланг» оид ба масъалаҳои ҳифзи ҳастии ин ҳайвони ваҳшӣ, ки дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия доир гардида буд, таъсис ёфтааст.

13 давлати дунё, ки дар ҳудудҳояшон паланг зиндагӣ менамояд, ташаббускори таъсиси ин рӯз мебошанд. Дар идомаи кори форум «Барномаи ҳифз ва барқароркунии ҷинси паланг, ки солҳои 2010-2020»-ро фаро мегирад, таҳия ва қабул гардид, ки ҳадафаш ду баробар зиёд кардани шумораи палангон мебошад. Солҳои охир теъдоди ин ҷонвар кам гардида, имрӯз ба он хатари нестӣ таҳдид дорад. Дар бисёр мавридҳо паланг қурбони шикорчиён мегардад. Ва ин масъала наметавонад инсониятро ба изтироб наорад.

Кӯчиши биологии паланг: аз ҷангалзори Сибир ба шимоли Чин ва Корея

Паланг дар табиат яке аз ҳайвонҳои даррандаи бузургҷусса буда, аз лиҳози вазн ва дарозии бадан аз дигар даррандаҳои оилаи гурбашакл тафовут дорад. Паланг 10 ҳазор сол қабл аз ҷангалзори Сибир ба шимоли Чин ва Корея кӯчиши биологӣ намуда, тавассути қаторкӯҳҳои Ҳимолой ба Ҳиндустон, ҷазираҳои Малайзия, Суматра, Ява, Балӣ ва дигар давлатҳои ҳаммарз бо ин кишварҳо муҳоҷират намудааст.

Саршумори паланг 6,5 ҳазор сарро ташкил медиҳад

Тибқи маълумот, бо таъсири фаъолияти инсон дар асрҳои 19-20 саршумори паланг дар сайёраи Замин ба 100 ҳазор сар рост меомад. Вале то имрӯз саршумори паланг дар экосистемаҳои табиӣ 6,5 ҳазор сарро ташкил дода, сабаби аз байн рафтани баъзе намудҳои паланг дар табиати ёбоӣ гардидааст. Яке аз онҳо паланги тӯронӣ аст, ки тахминан 2 миллион сол пеш дар шимоли Чин ва 1,5 миллион сол пеш дар Осиё пайдо шудааст.

3 намуди паланг пурра аз байн рафтаанд

Паҳншавии паланги тӯронӣ дар солҳои 30-юми асри XX дар соҳилҳои Амударё ва Вахшу Панҷ ва дигар экосистемаҳои кишварҳои Эрон, Ҳиндустон, Чин ва Наздибайкали Русия мушоҳида гардид. Бо таъсири қонунҳои табиат дар шароити табиати ёбоӣ аз 9 намуди паланг- амурӣ, бенгалӣ, ҳиндучинӣ, чинӣ, сумариягӣ, баливиягӣ, яваягӣ, тӯронӣ ва каспий 3 намуд -баливиягӣ, яваягӣ ва тӯронӣ пурра аз байн рафтаанд.

Ареали паланг дар қисмати ҷанубу ғарби Тоҷикистон

Бояд гуфт, ки паланги тӯронӣ тахминан 1,5 миллион сол қабл аз ҳудуди Чин ба Осиёи Миёна кӯчиши биологӣ намуда, солҳои 1930 ба воситаи соҳилҳои Амударё ба экосистемаи мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» ворид шудааст. Паланг дар қисмати ҷанубу ғарби Тоҷикистон дар солҳои 30-юми асри ХХ дар поёноби дарёи Панҷ, Вахш, водии дарёи Панҷ, поёноби Чубек, Қизилсӯ ва Яхсу ареали худро паҳн карда буд. Дар солҳои 30-юми асри ХХ дар поёноби дарёи Вахш 15-20 паланг мушоҳида гардид. Дар водии Ҳисор соли 1938 дар собиқ ноҳияи Роҳатӣ нахустин паланг мушоҳида ва маҳв шуд. Соли 1948 дар километри 100-уми ҳудуди туғайзори қисми чапи соҳили дарёи Вахш 3 паланги тӯронӣ ва якчанд сол баъд ҳолати афзоиши паланг дар туғайзори тарафи рости дарёи Панҷ, инчунин ҷамъшавӣ ва афзоиши паланги тӯронӣ ба назар расид.

Паланги тӯронӣ дар «Бешаи палангон»

Соли 1950 ареали паланг дар ҳудуди мамнуъгоҳи «Бешаи палангон» маҳдуд ва соли 1957 дар фасли тобистон охирон маротиба паланги тӯронӣ мушоҳида гардид. Мушоҳидаҳо бозгӯйи он мебошанд, ки дар натиҷаи сӯхтори туғайзори тарафи чапи дарёи Панҷ ва дигар омилҳои антропогенӣ паланги тӯронӣ аз минтақаи мазкур муҳоҷират намуд. Афзоиши паланги тӯронӣ дар табиати ёбоӣ, мутаассифона, имрӯз ба назар намерасад ва паланги тӯронӣ ҳамчун зернамуд маҳв гардидааст.

Барои барқароркунии ареали паланги тӯронӣ соли 1998 Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия ва нашр гардид ва паланги тӯронӣ барои наҷот ёфтан ба Китоби сурхи Ҷумҳурии Тоҷикистон дохил шуд. Коршиносон бар ин назар ҳастанд, ки дар шароити табиии Тоҷикистон ва дар ҳолати ҷудо кардани замини хос барои сукунати паланг, хусусан бо назардошти васеъ намудани ҳудуди мамнуъгоҳ бо масоҳати беш аз 100 ҳазор гектар дар заминҳои ҳавзаи Амударё ва Панҷу Вахш, ки садҳо ҳазор гектар заминҳои бекорхобида вуҷуд дорад, имконияти барқароркунии популятсияи палангро дар шароити табиати ёбоӣ таъмин намудан мумкин аст.

Паланг бештар тозагиро дӯст медорад

Агар аз нигоҳи хусусияти биологӣ гирем, паланг дар об шиною оббозӣ намуданро бештар дӯст медорад ва барои наҷот ёфтан аз гармии ҳаво ва вазиши шамоли хушк бештар ба дохили об медарояд. Ин даррандаи зебо бо таъмини ғизои устувор то 20 сол ва дар баъзе ҳолатҳо то 30 сол умр мебинад. Палангон шабонгоҳҳо бештар то 90-100 км масофаро озодона тай намуда, барои шикор минтақаҳои сукунати ҳайвонҳои сумдорро интихоб менамоянд. Паланг даррандае аст, ки тозагиро бештар дӯст медорад, аз ин рӯ баъди шикор ба об даромада, худро аз ифлосиҳо пок ва дар офтобрӯя фароғат менамояд.

Ҳайвонҳои сумдор тӯъмаи палангон мегарданд

Сардии ҳаво ва бориши барф барои шикори палангон монеаҳои зиёд пеш меорад. Паланг аз ҳайвонҳои сумдор -оҳуи бухороӣ, бузи кӯҳии сибирӣ, гӯсфанди кӯҳии бухороӣ (уриал), хук, парандагон, калламӯш ва заргӯшро шикор мекунад. Паланг аз 3 то 6 метр ҷаҳида, сайдро ба осонӣ дошта мегирад. Паланг сайди худро аз масофаи 300 — 400 метр назорат ва бо суръати баланд шикор менамояд.

Найзор — макони зисти паланг

Макони зисти палангон асосан зер ва дохили анбӯҳи дарахтон, заминҳои оббурда ё ғорҳо, дохили найзорон, буттагиҳо, муҳити найзор ва растаниҳои бисёрсола мебошад. Паланг дар табиати ёбоӣ нақши санитари табиатро бозида, дар нобуд ва безарар намудани ҳайвонҳои фавтида ва дорои бемориҳои сироятӣ, паҳнкунии олами набототи захираҳои ҷангал ва таъмини мувозинати биологии олами ҳайвоноти алафхӯр саҳм дорад.

Марзия САИДЗОДА,
АМИТ «Ховар»

АКС аз манбаъҳои боз

Июль 29, 2025 11:39

Хабарҳои дигари ин бахш

НИШАСТИ МАТБУОТӢ. 73 фоизи аҳолии калонсоли ноҳияи Тоҷикобод дорандаи корти бонкӣ мебошанд
30 июл дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Хонандагони пойтахт дар Олимпиадаи байналмилалии «IKO-2025» сазовори 8 медал шуданд
НИШАСТИ МАТБУОТӢ. Дар Тоҷикистон зиёда аз 3 тонна маводи нашъаовар мусодира карда шудааст
Имрӯз дар Тоҷикистон хавфи сар задани селҳои пиряхӣ боқӣ мемонад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
29 июл дар якчанд вазорату идораҳо нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Давоми шаш моҳ аз ноҳияи Фирдавсӣ қариб 1700 нафар аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳарорати ҳаво ба 34 дараҷа мерасад
Имрӯз дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2025 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Пагоҳ дар якчанд вазорату идораҳо оид ба ҷамъбасти шашмоҳаи якуми соли 2025 нишасти матбуотӣ баргузор мегардад
Намояндагони Федератсияи футболи Тоҷикистон дар конфронси тиббии КФО иштирок намуданд