Ҳайати Тоҷикистон дар иҷлосияи 47-уми Кумитаи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО иштирок дорад

Июль 8, 2025 13:36

ДУШАНБЕ, 08.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. 7 июл дар қароргоҳи ЮНЕСКО (ш. Париж)  маросими ифтитоҳи расмии ҷаласаи 47-уми Кумитаи мероси ҷаҳонӣ бо иштироки 21 кишвари аъзои Кумита, мамлакатҳои аъзои ЮНЕСКО оғоз гардид.

Тавре ба АМИТ «Ховар» аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд, ҷаласаи мазкур  бо суханронии Дабири кулли ЮНЕСКО Одри Азуле расман оғоз шуд.

Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин ҳамоиш иштирок намуда, масъалаҳои марбут ба ҳифз ва таҳкими мероси фарҳангӣ ва табиии ҷаҳонро баррасӣ менамояд.

Ин ҷаласа фурсати муҳимме барои табодули таҷриба, тақвияти ҳамкории байналмилалӣ ва рушди иқтидори миллӣ дар соҳаи ҳифзи мерос ба ҳисоб меравад.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 8, 2025 13:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Дар Душанбе ҳамкории судманди Тоҷикистон ва сохторҳои Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ гардид
Ҷониби Тоҷикистон аз баргузории муваффақонаи раъйпурсии ҷумҳуриявӣ дар Қазоқистон истиқбол намуд
Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯёни тоҷик дар шаҳри Вена мулоқот намуд
Намояндаи Тоҷикистон дар чорабинии канорӣ оид ба таҳкими ҳамкорӣ барои тавонмандсозии занон дар Ню-Йорк иштирок намуд
Ҳамкории Тоҷикистону Туркия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ баррасӣ гардид
Сироҷиддин Муҳриддин бо Сафири Чин дар Тоҷикистон мулоқот намуд
Сафири Тоҷикистон дар Форуми иқтисодии Берлин 2026 иштирок намуд
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Хазинаи нуфус ва рушди Созмони Милали Муттаҳид баррасӣ шуд
Ҳамкорӣ байни Тоҷикистон ва Дафтари Созмони Милали Муттаҳид оид ба масоили ҳуқуқӣ баррасӣ гардид
Намояндаи доимии Тоҷикистон бо муовини Котиби кулли Созмони умумиҷаҳонии обуҳавошиносӣ мулоқот намуд
Давлатшоҳ Гулмаҳмадзода бо роҳбарони ҷамъиятҳои тоҷикон дар шимолу ғарби Русия вохӯрӣ намуд
Сафири Тоҷикистон бо Губернатори вилояти Ленингради Русия мулоқот намуд