Ҳамкории Тоҷикистон ва Амороти Муттаҳидаи Араб дар соҳаи сайёҳӣ густариш меёбад

Июль 16, 2025 16:19

ДУШАНБЕ, 16.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. 16 июл Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷумъахонзода бо Вазири иқтисод ва сайёҳии Амороти Муттаҳидаи Араб Абдуллоҳ ибни Тавқ Ал-Маррӣ вохӯрӣ намуд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масоили густариши ҳамкории дуҷониба дар соҳаи сайёҳӣ, табодули таҷриба байни ширкатҳои сайёҳӣ ва ташкил намудани сафарҳои мутақобили сайёҳонро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ёдовар мешавем, ки дар доираи сафари расмии Вазири иқтисод ва сайёҳии Амороти Муттаҳидаи Араб 17 июл бо иштироки доираҳои соҳибкорони тоҷик ва аморотӣ Форуми иқтисодӣ, сармоягузорӣ ва сайёҳӣ баргузор мегардад.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 16, 2025 16:19

Хабарҳои дигари ин бахш

Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро муаррифӣ намуд
Душанбе мизбони Конфронси 35-уми Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ мегардад
КУЛОЛГАРӢ — РАМЗИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ. Анъанаи истифодаи зарфҳои кулолӣ дар Наврӯз то имрӯз боқӣ мондааст
Имрӯз дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» доир мегардад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» доир мегардад
Дурнамои рушди ҳамкории Тоҷикистон ва Ҳиндустон дар соҳаи энергетика баррасӣ шуд
НАВРӮЗ-БРЕНДИ МИЛЛИИ САЙЁҲӢ. Сайёҳони хориҷӣ дар ин рӯзҳо бо таърих, фарҳанг ва расму оинҳои халқи тоҷик бештар шинос мегарданд
Пешвои миллат: «Кишоварзон бояд аз ҳар рӯзи мусоиди фасли баҳор истифода баранд»
БРЕНДИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН. Ҷашни Наврӯз пули дӯстӣ байни миллатҳо мебошад
Эмомалӣ Раҳмон: «Кишоварзонро зарур аст рӯзҳои мусоиди баҳориро самаранок истифода намоянд»
Блогерон ва хабарнигорони расонаҳои хориҷӣ барои инъикоси Наврӯз ба Тоҷикистон меоянд
Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар Бонки миллии Тоҷикистон дар сатҳи баланд таҷлил гардид