Ба нахустин хатмкунандагони факултети муштараки донишгоҳҳои Тоҷикистон ва Узбекистон дипломҳо тақдим карда шуданд
ДУШАНБЕ, 28.07.2025. /АМИТ «Ховар»/. 25 июл дар Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон маросими бошукуҳи супоридани дипломҳо ба нахустин хатмкунандагони факултети муштараки ин донишгоҳ бо Донишгоҳи давлатии иқтисодии Тошканд доир гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз шуъбаи таҳлил ва робита бо ҷомеаи Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Ҳадафи асосии ҳамоиш қадршиносии заҳмати чандинсолаи донишҷӯёни ботаҷриба ва омӯзгорони факултети муштарак, инчунин таҳкими робитаҳои илмӣ-таълимӣ байни ду муассисаи олии таълимӣ ва мустаҳкамсозии дӯстии мардумони Тоҷикистону Узбекистон мебошад.
Факултети муштарак, ки дар доираи созишномаи ҳамкорӣ байни Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон ва Донишгоҳи давлатии иқтисодии Тошканд таъсис ёфтааст, дар самтҳои ҳуқуқ, иқтисод ва идоракунии давлатӣ мутахассисони баландихтисос омода менамояд. Имсол нахустин гурӯҳи хатмкунандагон — симои насли нави мутахассисон, ки дониш ва таҷрибаи омӯхтаашонро ба манфиати ҷомеа истифода мебаранд, дар фазои тантанавӣ соҳиби диплом шуданд.
Ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Шероз Муминзода хатмкунандагонро бо ин дастоварди арзишманд табрик намуда, гуфт, ки «ин лаҳзаҳо на танҳо нишонаи заҳмату талоши чандсолаи шумо, балки далели ҳамкории босамар ва бародаронаи ду донишгоҳи бонуфузи минтақа мебошанд».
Дар ҳамоиш ба ҳамаи хатмкунандагон дипломҳои тасдиқкунандаи хатми муваффақонаи ду муассисаи бонуфузи таҳсилоти олӣ супорида шуданд.
Ҳамоиш нишонаи возеҳи ҳамгироии илмӣ ва таълимӣ байни Тоҷикистону Узбекистон буда, ба сифати намунаи ҳамкории муосир дар соҳаи таҳсилоти олӣ барои дигар донишгоҳҳои минтақаи Осиёи Марказӣ арзиши омӯзишӣ дорад. Иқдоми муштарак дар оянда барои эҷоди барномаҳои бештар, таҳқиқоти илмии муштарак ва омоданамоии мутахассисони рақобатпазир дар арсаи байналмилалӣ замина мегузорад.
АКС: Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон








Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд озмуни «Беҳтарин эҷодкори достонҳои «Шоҳнома»» ҷамъбаст гардид
Дар Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Тоҷикистон оид ба ҳифз, эҳё ва рушди забони миллӣ машварати омӯзишӣ доир шуд
Қабули довталабон барои таҳсил дар муассисаҳои таҳсилоти олии Ҷумҳурии Мардумии Чин оғоз гардид
Дар Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон даври муассисавии Озмуни ҷумҳуриявии «Шоҳномахонӣ» доир шуд
«БАҲОРИ МАЪРИФАТ: МОДАР, ҚАЛАМ ВА НАВРӮЗ».Таҳти ин унвон дар Душанбе ҳамоиши идона доир шуд
Дар Донишгоҳи техникии Тоҷикистон оид ба таҳсилоти муҳандисӣ ва технологияҳои рақамӣ конфронс баргузор шуд
Донишгоҳи технологии Тоҷикистон бо панҷ муассисаи таҳсилоти олии Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расонид
Байни Донишгоҳи давлатии Бохтар ва се донишгоҳи Узбекистон созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Байни Институти илмию таҳқиқотии сайёҳӣ ва соҳибкорӣ ва Донишкадаи соҳибкорӣ ва педагогии Деҳнави Узбекистон санади ҳамкорӣ ба имзо расид
ТАЪТИЛИ БАҲОРӢ. Хонандагони муассисаҳои таълимии Тоҷикистон чанд рӯз истироҳат мекунанд?
Густариши ҳамкории Тоҷикистон ва Узбекистон дар соҳаи маориф ва илм баррасӣ гардид
Ректорони муассисаҳои таҳсилотии Узбекистон бо зарфияти таълимӣ ва илмии Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос шуданд






