Байни мақомоти стандартизатсияи Тоҷикистон ва Узбекистон «Харитаи роҳ» омода карда мешавад

Июль 15, 2025 11:33

ДУШАНБЕ, 15.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Тоҷикистон хостори таҳияи «Харитаи роҳ» байни мақомоти стандартизатсияи  Тоҷикистон  ва Узбекистон гардидааст. Ин ва дигар масъалаҳои мубрами тақвияти  ҳамкорӣ байни ду давлати ҳамсоя дар соҳаи сертификатсия, стандартизатсия, метрология ва назорати савдо дар мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон Абдуҷаббор Раҳмонзода бо Директори Агентӣ доир ба танзими техникии назди Кабинети вазирони Ҷумҳурии Узбекистон Акмал Ҷумъаназаров дар Тошканд баррасӣ шуданд. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон иттилоъ медиҳад.

Ҷониби Узбекистон хостори рушди ҳамкории соҳавӣ буда, барои ташкили машварату конфронсҳои муштарак, истифодаи таҷрибаи ҳамдигар, ҷалби мутахассисон ба даврҳои такмили ихтисос ва самаранок истифода бурдани озмоишгоҳҳои Агентӣ изҳори ризоият намуд.

Сафир пешниҳод намуд, ки зарурати такмилу иловаҳо ба Созишномаи муштарак пеш омада, хуб мешуд байни ду Агентӣ «Харитаи роҳ» омода гардад.

Дар анҷом Сафир бо озмоишгоҳҳои замонавии Агентӣ, ки бо таҷҳизоти муосири сатҳи байналмилалӣ таъмин мебошанд, шинос шуд.

АКС: Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Узбекистон

Июль 15, 2025 11:33

Хабарҳои дигари ин бахш

Намояндагони Сафорати Тоҷикистон дар Донишкадаи энергетикии Москва бо донишҷӯёни тоҷик мулоқот намуданд
Дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж Наврӯзи байналмилалиро таҷлил карданд
Сафири Тоҷикистон бо Директори Академияи дипломатии Вена мулоқот намуд
Густариши робитаҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Австрия баррасӣ гардид
Бахшида ба Наврӯз дар Боку шоми фарҳангии «Chakan Fashion Show: мероси анъанаҳо давоми асрҳо» баргузор шуд
Изҳороти Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати расидан ба оташбас дар Ховари Миёна
Ҳамкории Тоҷикистону Русия дар доираи созмонҳои байналмилалӣ баррасӣ гардид
Конфронси чоруми байналмилалии сатҳи баланд Тоҷикистонро ҳамчун давлати фаъол дар ҳалли масъалаҳои обу иқлим муаррифӣ менамояд
Сафири Тоҷикистон бо ёвари Котиби энергетикаи Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқот намуд
Дар Душанбе омодагӣ ба Саммити сарони давлатҳои «Осиёи Марказӣ-Ҷумҳурии Корея» баррасӣ гардид
Дар Миср Ҷашни байналмилалии Наврӯзро таҷлил намуданд
Дар шаҳри Анқара Ҷашни Наврӯзи байналмилалиро таҷлил намуданд