Байни ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон ва Қирғизистон 9 санади ҳамкорӣ ба имзо расид

Июль 8, 2025 09:20

ДУШАНБЕ, 08.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. 7 июл дар Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон байни ширкатҳои сайёҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қирғизистон вохӯрӣ баргузор гардида, 9 санади ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Иброз гардид, ки ин санадҳо барои густариши ҳамкории миёнамуҳлат ва дарозмуддати тиҷоратӣ, ташкили лоиҳаҳои муштарак ва тақвияти нуфузи байналмилалии иқтидори сайёҳии ҳар ду давлат заминаи мусоид фароҳам меоранд.

Иштирокчиён мақсади баргузории вохӯриро таҳкими ҳамкории амалии дуҷониба, рушди робитаҳои тиҷоратӣ, табодули таҷриба ва мусоидат ба ташкили хатсайрҳои муштараки сайёҳӣ арзёбӣ намуданд.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо имкониятҳои мавҷудаи ҳамкорӣ, дурнамои бозори сайёҳӣ ва роҳҳои ҷалби сайёҳони хориҷиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Иброз гардид, ки нақши бахши хусусӣ — хусусан ширкатҳои сайёҳӣ дар татбиқи амалии санадҳои сатҳи байнидавлатӣ ва рушди устувори соҳаи сайёҳӣ ҳалкунанда мебошад.

Ин вохӯрӣ дар самти таҳкими робитаҳои мутақобилан судманд байни доираҳои соҳибкории соҳаи сайёҳии Тоҷикистон ва Қирғизистон оғози марҳалаи нави ҳамкории амалӣ ба шумор меравад.

АКС: Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

Июль 8, 2025 09:20

Хабарҳои дигари ин бахш

Душанбе мизбони Форуми байналмилалии «Ҳамкорӣ ба хотири рушди устувор: Сабз. Рақамӣ. Ҳушманд» мегардад
РУШДИ САЙЁҲӢ. Беш аз 38 ҳазор сайёҳони хориҷӣ минтақаи Кӯлобро тамошо намуданд
Рӯзноманигорони Қирғизистон бо инфрасохтори муосири Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон шинос гардиданд
ҶАҲОНГАРДИРО АЗ ВАТАНГАРДӢ ОҒОЗ НАМО! Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон иқдоми сайёҳӣ баргузор намуд
Қатораи байналмилалии сайёҳии «Роҳи Абрешим» бо ҳайати сайёҳон ба Душанбе омад
САЁҲАТРО АЗ ВАТАН ОҒОЗ МЕНАМОЕМ! Ёдгориҳои таърихию фарҳангии Хуттали Қадим аз ҷиҳати аҳамияти таърихӣ ҳамто надоранд
Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистонро муаррифӣ намуд
КУЛОЛГАРӢ — РАМЗИ ФАРҲАНГИ МИЛЛӢ. Анъанаи истифодаи зарфҳои кулолӣ дар Наврӯз то имрӯз боқӣ мондааст
Имрӯз дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз — мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» доир мегардад
Дар Душанбе Фестивали байналмилалии «Наврӯз-мероси фарҳангию ҷаҳонгардӣ» доир мегардад
НАВРӮЗ-БРЕНДИ МИЛЛИИ САЙЁҲӢ. Сайёҳони хориҷӣ дар ин рӯзҳо бо таърих, фарҳанг ва расму оинҳои халқи тоҷик бештар шинос мегарданд
БРЕНДИ САЙЁҲИИ ТОҶИКИСТОН. Ҷашни Наврӯз пули дӯстӣ байни миллатҳо мебошад