Бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавӣ таҳти унвони «Наҷоти сайёр» дар Душанбе ва ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ корҳои фаҳмондадиҳӣ оғоз шуд
ДУШАНБЕ, 09.07.2025 /АМИТ «Ховар»/. Аз 9 то 12 июл бо ибтикори Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор бо мақсади пешгирии ҳодисаҳои ғарқшавӣ дар шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ таҳти унвони «Наҷоти сайёр» корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешавад. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гарждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Дар доираи ин иқдом, гурӯҳҳои корӣ бо сокинон, хусусан кӯдакону наврасон ва калонсолоне, ки дар соҳили рӯдхонаҳо, каналҳо, обанборҳо ба оббозӣ машғул мешаванд, корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронанд.Инчунин мутахассисони соҳа ба онҳо риояи қоидаҳои бехатарӣ дар об, расонидани ёрии аввал ва истифодаи воситаҳои наҷотро меомӯзонанд.
Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки бештари ҳолатҳои ғарқшавӣ бинобар риоя накардани қоидаҳои оббозӣ, шиноварии кӯдакону наврасон дар ҷойҳои мамнӯъ ва бе назоратии калонсолон рух медиҳанд.
Дар шароити иқлимии минтақа, ки ҳар сол дар мавсими гармо сатҳи хатари чунин ҳодисаҳо боло меравад, зарурати тақвияти корҳои фаҳмондадиҳӣ ва назоратӣ аз ҷониби ҳамаи субъектҳои масъул – аз оила сар карда, то муассисаҳои таълимӣ хеле муҳим мебошад. Зеро донистани қоидаҳои оббозӣ ва дуруст риоя намудани онҳо метавонад пеши роҳи ғарқшавӣ ва оқибатҳои ногуворро гирад.
Аз ин рӯ, Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сокинону меҳмонони ҷумҳурӣ хоҳиш менамояд, ки ҳангоми оббозӣ қоидаҳои бехатариро риоя намуда, танҳо дар ҷойҳои муайяншуда ба шиноварӣ машғул шаванд.
АКС: Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон








Имрӯз дар Душанбе ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон Форуми амниятии Осиёи Марказӣ баргузор мегардад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
ТАҚВИМИ АМИТ «ХОВАР»: имрӯз 9 апрел, панҷшанбе, 99-умин рӯзи соли 2026 аст
Тоҷикистон ва Қазоқистон ҳамкориро дар доираи низоми ягонаи энергетикии Осиёи Марказӣ тақвият медиҳанд
Дар Тоҷикистон дар беш аз 800 гектар боғу токзори нав бунёд гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои абрнок пешгӯӣ мешавад
Доир ба нақши ВАО дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм ҳамоиши ҷумҳуриявӣ баргузор гардид
Меъморон ва бинокорони «заминаи рақамӣ»
35-СОЛАГИИ ИСТИҚЛОЛИ ДАВЛАТӢ. Дар ноҳияи Мурғоб 100 иншоот ба истифода дода шуд
Имрӯз дар Тоҷикистон борон меборад
Дар рӯзҳои Ҷашни байналмилалии Наврӯз дар ноҳияи Файзобод иншооти гуногун ба истифода дода шуданд






